arzon replenishment
Аловиддин Абдуллоев тухмбирёни тоҷикӣ мепазад
2439

 

-Шуморо бе муҳобо беҳтарин ҳаҷвнигори тоҷик номидан мумкин аст, чунки бо ҳазлу шӯхиҳои намакинатон дар дилу дидаи мардум маъво гирифтаед. Ба фикрам дар саросари ҷумҳуриамон ягон касе нест, ки «Шӯхиҳои Аловиддин»-ро тамошо карда нахандида бошад…

-Ман фақат дар ҳаҷвнигорӣ не, дар чандин корҳои дигар ҳам усто ҳастам, масалан сурат мегирам, Шумахер барин мошин меронам, филмҳои видеоӣ мегирам, коргардони филмҳои мустанад ва ошпази моҳир ҳастам. Умуман, Аловиддин Абдуллоев як мардаки панҷ панҷааш ҳунар аст! (механдад) Худамро хуб таъриф кардам-а?!

-Ба таъриф меарзед, вале аз ҳама ҳунарҳои номбурдаатон имрӯз барои мо яктоаш аҷиб аст-ошпазӣ?

-О ҳама гап дар ош –да! Шикам сер бошад, кор ҳам мешавад!

-Ин тавр, ки бошад, бигӯед, ки кадом таомҳо мурғи илҳоми шуморо ба парвоз меоранд?

-Оши бурида, оши туппа, шакаробу қурутоб, умуман хӯрокҳое, ки чака ва шир доранд. Замони кӯдакиам дар куҳистон хомтуппа мепухтанд, бисёр бомазза буд. Дар ёдам ҳаст, ки чи тавр бибиам аз маскаи хонагї фатирмаска тайёр мекард. Фатирмаскаро бо харбуза хӯрдан кайфияти бимислу монанд дорад.

-Мебинам, ки шумо ошиқи таомҳои миллӣ ҳастед. Худатон кадом хӯрокҳои миллиро тайёр карда метавонед?

-Дар оилаи мо писарҳо назар ба духтарҳо зиёдтаранд, барои ҳамин мо, бародарон аз хурдӣ ба корҳои модарам ёрӣ мерасонидем. Самбӯса пазанд, самбӯса мепечондему манту пазанд, манту, ҳатто вақти кулчапазии модарам ҳам, мо дар атрофашон ҷумбуҷӯл карда диққат медодем, ки кулчаро чӣ хел рост мекунанду чӣ тавр ба чакдон мечаспонанд. Кулчаҳои суп-сурх дар танӯр мисли ситораҳои осмон зебо менамуданд ва оби даҳони ман то кандани кулча мешорид.

-Гуфтаниед, ки кулчаю самбӯса пухта метавонед?

-Метавонаму лекин барои ин кор ман як ёрдамчии хуб дорам.

-Хуш, кӣ будааст он ёрдамчиатон?

-Янгаатон, дигар кӣ мешуд?!

-Аз Шумо хоҳиш намоем, ки хӯроки табъи дили янгаро барои мо омода созед, чӣ мепазед?

-Оши бурида. Албатта бо лӯбиёю нахӯд ва қаламфури тезу чаккаи туршак.


УБАЙДУЛЛО РАҶАБОВ: ЗАНАМ МЕДОНАД, КИ МАН ЧӢ ГУНА МАРДАМ!

 


-Вақти хӯрокпазии янга шумо ба он кас ёрӣ мерасонед?

-Аввалҳо ёрӣ мерасондам, вале баъд ба хулосае омадам, ки ин кӯмак карданҳои ман баръакс, ба янгаатон халал мерасонанд, барои ҳамин ҳозир ба оши янгаатон қатиқ намешавам.

-Тайёрхӯр шудам гӯед?!

-Кадом марди тоҷик тайёрхӯр нест?! Хоки ҳамаи моро Худо аз як хокдон гирифтагӣ….

-Янга хӯрокро шӯр ё бемаза пазанд, ҷанҷол мекунед?

-Худоро шукр, янгаатон кадбонуи хуб аст, таомҳои камнамаку бенамак намепазад.

-Як дӯстатон гуфта буд, ки Аловиддин аз ӯҳдаи тамоми корҳои занона мебарояд…

-Инаш муболиға аст. Мард ҳеҷ гоҳ аз уҳдаи тамоми корҳои занона баромада наметавонад, чунки зан зан аст, ҳар як кораш назокати хосаи худро дорад. Ман танҳо аз уҳдаи баъзе корҳои оддии занона аз қабили рӯфтану шустан мебароям.

-Хоҳиш намоянд, ки ягон торти болаззат пазед, метавонед?

-Аввалин торте, ки ман ёд гирифта будам, торти як тухма буд.

-Магар бо як тухм торт пухта мешавад?

-Мешавад. Ман тарзи пухтани ин торти аҷибро дар замони донишҷӯиям омӯхта будам. Барои пухтани ин торт танҳо як дона тухм, каме шакар ва орду равған сарф мешаваду халос.

-Маълум, ки танҳо ба номаш торт мешавад?

-Шумо хато мекунед, чунон торти бомаза мешавад, ки лаззаташ як умр аз даҳонатон намеравад.

-Сирри ҳамон торти яктухмаатонро мегӯед?

-Не, ин сирри махсуси Аловиддин аст, онро ба ягон кас намекушоям.

-Майлаш, нагӯед, аздусар ягон вақти дигар мо ин сирри шуморо фаҳмида мегирем!

-Ҳа, аз шумоён, журналистон тарсиданӣ, ягон гапро фаҳмиданӣ бошед, кофта-кофта оқибат сарриштаашро пайдо мекунед!


ҚИЁМИДДИН ЧАҚАЛОВРО АЗ ТЕАТР ПЕШ КАРДАНД?

 


-Хуш, барои мухлисонатон чи мепазед?

-Тарзи тайёр кардани тухмбирёни миллиро мефаҳмонам.

-Марҳамат, гӯшу ҳушамон ба шумо!

-Барои пухтани тухмбирёни миллӣ ҳамагӣ 4 дона тухм сарф мешавад. Тухмҳоро дар як косаи чинї шикаста мемонему каме намак мепошем. Гашничу пиёзи сабзро реза карда ба тухмҳо ҳамроҳ мекунем ва як пиёзи калонро ҳам майда карда ба қавли русҳо «добавит» мекунему каме орд пошида дар тоба мепазем. Барои оилаҳои серфарзанди тоҷик ин навъи тухмбирён беҳтарин аст. 4 тухмро ҳамту бирён кунед, ба ду кас ҳам намерасад, тухмбирёни бо гашничу пиёз бошад, як оилаи калонро сер мекунад. Канӣ гиред, гиред, ки тухмбирёни тоҷикии мо хунук нашавад!

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД