arzon replenishment
Қиёмиддин Чақаловро аз театр пеш карданд?
11.11.2019
Р. Холов
6760
Қиёмиддин Чакаловро аз театр пеш карданд?

 

Ҳунарманди Мардумии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалов 50 сол боз ҳар субҳ 100 км роҳро тай карда, аз зодгоҳаш Файзободи биҳиштосо ба пойтахту меояд ва шомгоҳон боз аз Душанбе ба Файзобод меравад.

Ягона нерӯе, ки ӯро ба чунин корнамоӣ водор месозад, муҳаббат аст-муҳаббати самимии мардуми диёр ба ҳунар ва истеъдоди модарзодаш! Дӯсташ медоранд хурду калон ва аз ҳар 10 нафари бо ӯ рӯ ба рӯ шуда албатта 8 нафараш даст пеши бар гирифта бо эҳтиром салом медиҳанд. Барои ҳунарманди театри Лоҳутӣ Қиёмиддин Чақалов ана ҳамин саломҳои саршори меҳр аз ҳама ганҷу зару зевари дунё азизтаранд...

-Акои Қиёмидин, имрӯз бе пул сухани кас асар надорад ва мегӯянд, ки дар ҳама давру замонҳо чунин буд. Канӣ, як ба ёд биёред, ки барои ҳунарпеша шудан ба Шумо кадом «тағо»-ятон мадад карда буд?

-Тағоҳои ман бисёр буданду лекин аз дасташон бало ҳам наомад. Хайрият, ки панди падари бузургворамро бар гӯш гирифта, ба умеди “тағо” ва тағобозӣ нашудам, вагарна дар зиндагӣ ба чизе ноил намегаштам...

-Падаратон чикора буданд?

-Падарам раис буданд.

-О ҳо, бачаи раисам гуфта кайфу сафо карда мегаштам, гӯед...

-Не, падари ман раис бошанд ҳам, раисҳои ҳозира барин, бачаҳояшонро эрка намекарданд. 34-сол раисӣ карданд, вале ягон бор пояшонро болои по монда нишастанашонро надидаам. Панҷ не, бист панҷаашон ҳунар буд, аз хиштрезӣ сар карда, то хонапӯшӣ аз ӯҳдаи тамоми кору бори рӯзгор мебаромаданд. Ҳар саҳар теша ба даст гирифта аз хона мебаромаданд ва ман ҳам тешачаро гирифта аз пасашон мерафтам. Ҳамеша дар бари падарам рост будам. Теша зананд, теша мезадам, каланд зананд, каланд мебардоштам. Падарам ҳама кору борашонро ба ман ёд медоданд, то минбаъд ба касе дар зиндагӣ мӯҳтоҷ нашавам.

-Раисҳои ҳозира ба «Бешаи палангон» ва дигар мавзеҳои зебо оҳушикору кабкшикор мераванд, машғулияти дӯстдоштаи падари шумо чӣ буд?

- Асптозӣ, адабиёт ва сурудхониро дӯст медоштанд. Дар мавсими бузкашӣ хунук кардани асп вазифаи ман буд.

-Ба ғайр аз асптозию ҳунари хонасозӣ аз падар боз чӣ омӯхтед?

-Табъи зариф, меҳру муҳаббат ба Ватан ва муҳимтар аз ҳама одаму одамгариро аз падар омӯхтам. Латифаҳояшонро гӯш карда, латифагӯй шудам, пуртоқатиашонро дида, пуртоқат шудам, панду насиҳаташонро нунида одам шудам.

-Кадом панди падарро дар гӯшатон ҳалқа кардаед?

-Падарам тез-тез як қиссаро нақл мекарданд ва таъкид менамуданд, ки онро сармашқи зиндагиамон намоем. Дар замонҳои қадим як камбағал ва як бой ҳамсоя будаанд. Марди доро шабона дар ҳавлиаш машъал меафрӯхтаасту аз равшании ҳамон гулхан ҳавлии камбағал ҳам чароғон мешудааст. Аҳли оилаи марди фақир дар шӯълаи равшании аз хонаи ҳамсоя меомада дарз дӯхта, аз ҳамин ҳисоб аробаи зиндагиашонро мекашидаанд. Рӯзе бузургворе дар хонаи камбағал меҳмон мешавад ва мебинад, ки равшании машъали афрӯхтаи бой манбаи даромади аҳли оилаи камбағал гаштааст. Мепурсад, ки оё ту барои истифода аз рӯшноии аз хонаи ҳамсоя меомада иҷозат пурсидаӣ. Марди камбағал иқрор мешавад, ки напурсидааст ва бой машъалро ҳар шаб худаш меафрӯзад. Бояд иҷозат пурсӣ, мегӯяд бузургвор, вагарна ризқу рӯзие, ки аз пушти дарздӯзӣ ба даст меорӣ, ҳаром мешавад. Падарам таъкид менамуданд, ки аз гуфтаи он гузургвор панд бигирем ва дар куҷое, ки набошем, ҳалол меҳнат намоему ризқи ҳалол хӯрем.

-Писари раиси номдор гуфта шуморо дарҳол ба театри аз ҳама машҳури тоҷик-театри Лоҳутӣ ба кор гирифтанд ё барои дар ин даргоҳи муқаддас ба кор даромадан аз ягон озмуни ҷиддӣ гузаштед?


Агар шумо аз чизе аллергия надошта бошед ва косметикаи босифатро истифода баред, пас, паридани чашматон аз беморӣ нест.

 


-Ман ба театр роҳ наҷустаам, баръакс худи театр маро ёфт. Сабабаш кори дипломиамон «Арӯси таърифӣ» буд, ки дар он ман нақши асосиро мебозидам. Ба намояндагони Вазорати фарҳанг намоишнома маъқул шуд ва худи вазир Меҳрубон Назаров се нафарро интихоб карда ба театри Лоҳутӣ роҳхат доданд.

-Аҳли театр Шуморо чӣ хел қабул карданд: бо муҳаббат ва дилсӯзии устодона ё аз қуллаи шӯҳрат назарбаландона сӯятон нигаристанд?

-Рӯзи аввали ба кор омаданамро ман ҳеҷ гоҳ фаромӯш намекунам. Санъаткорони номдортарини кишвар дар ҳамин театри Лоҳутӣ кор мекарданд ва ман, ки умре дар орзуи дидори Бурҳон Раҷабов, Муҳаммадҷон Қосимов, Ато Муҳаммадҷонов, Ҳошим Гадоев, Хайрӣ Назарова, Мушаррафа Қосимова, Тутӣ Ғаффурова будам, роҳхат дар зери сар ҳамон шаб аз шавқ то саҳар мижжа таҳ карда натавонистам. Саҳар наҳорӣ накарда ҷониби театр равон шудам. Дар дами дар бо Ҳошим Гадоев рӯ ба рӯ гаштам ва устод баъди салому алейк гуфтанд: «Ман кори дипломиатро тамошо накардаам, вале таърифатро шунидам. Ту аз ҳамин рӯз эътиборан бо мо кор мекунӣ!» Устод сумкаашонро кушода сенарияеро бароварда ба дастам доданд ва гуфтанд, ки нақши Шариповро дар «Интихоби домод»-и Ҳоҷӣ Содиқ бояд бозӣ кунам. Таъкид намуданд, ки имрӯз санъаткороне, ки дар ин намоишнома бозӣ мекунанд, ба Шаҳритус мераванд ва ман бояд ҳамроҳашон равам. Устод ба ман фурсати даҳон кушодан надода дур шуданд. Сенария дар даст ҳамроҳи Бурҳон Раҷабов, Хайрӣ Назарова, Саидмурод Мардонов ва боз чанд нафари дигар ба автобус нишастам. Касе аз ин санъаткорони номдор маро намешинохт. Хомӯшона то Шаҳритус нақши мебозидаамро аз ёд кардам, вале баробари расиданамон душвории нав пеш омад. Маълум шуд, ки дар совхози «Искра» ҳамагӣ се оилаи тоҷик зиндагӣ мекунанду дигарон ӯзбекзабонанд. Раиси хоҷагӣ аз ҳунармандон хоҳиш кард, ки спектаклро бо забони ӯзбекӣ гузаронанд. Барои устодони санъат албатта ин чандон кори душвор набуд, вале барои ману Асалбек бисёр душвор гашт.

-Шумо забони ӯзбекиро намедонистед?

-Ҳама гап ҳам дар ҳамин-да! Ягон калима ӯзбекӣ намедонистам, барои ҳамин маслиҳат кардем, ки устодон бо забони узбекӣ гап мезананду мо бо тоҷикӣ ҷавоб медиҳем.

-Инаш аҷиб-ку! Тамошобинон чӣ хел қабул карданд?

-Намоишнома бисёр хандаовар баромад. Бурҳон Раҷабов (ёдашон ба хайр) аз худашон илова карда, чунон гапҳое мезаданд, ки мардум аз ханда қариб рӯдакан мешуданд. Зане тифли навзод дар бағал дар сафи пеш нишаста буд, бечора аз ханда аз дасташ афтидани кӯдакашро нафаҳмида монд.

-Ин барои шумо як имтиҳон буд…

-Бале, имтиҳони ҷиддӣ буд ва хушбахтона ман аз он бо сари баланд гузашта, корманди театри Лоҳутӣ шудам. Аз ҳамон вақт инҷониб дар ин саҳнаи муҳқаддас нақш меофарам.

-Нақшҳое, ки Шумо меофаред, яке аз дигарӣ ҷолибтаранд, шудааст, ки ҳангоми офаридани нақши шоҳ орзуи дар ҳақиқат сарвар шудан дар дилатон гул кард бошад?

-Медонед, хушбахтии актёр дар чист? Дар ягон соҳаи дигар мисли актёрӣ инсон имкон надорад, ки зиндагиро ин қадар амиқ дар пӯсти худаш санҷида бинад. Чашидани шаҳди шоҳӣ ва заҳри хиёнату захми морҳои дар остин парварда, эҳсоси маззаи вафою бевафоӣ, мастии боигариву дарди гадоӣ, ин ҳамаро танҳо актёр метавонад бичашад. Вақте ки дар саҳна нақши «шоҳ» -ро мебозӣ, худро дар ҳақиқат шоҳ эҳсос мекунӣ.

-Дубора ба дунё биёед, шоҳ мешудед ё актёр?

-Як бор не, сад бори дигар ба дунё биёям ҳам, боз актёр мешудам, чунки тамоми паҳлӯҳои зиндагиро тавассути ҳамин касб дарк кардам. Бигзор як лаҳза бошад ҳам, бо чашми Рустам Таҳминаро дидам, қудрати ишқи Сӯҳробро эҳсос намудам, даҳшати ба синаи писар шамшер заданро дар раги ҷон ва саропои вуҷудам ҳис кардам… Медонед, ҳар як нақш як мактаб аст-мактаби зиндагӣ! Ин арзиши бисёр баланди маънавӣ дорад! Фаровон дидаам инсонҳоеро, ки миллионҳо доллар доранд, вале мисли ман бой нестанд. Онҳо миллионеро, ки ман дорам, надоранд.

-Намедонистам, ки актёрӣ ин қадар пешаи сердаромад аст?

-Ман миллиони маънавиро дар назар дорам, ки касе онро на дуздида метавонаду на ғорат карда ва на қурбаш пасту баланд мешавад. Миллиони ман муҳаббати тамошобинони бешумор аст. Вақте аз кӯча мегузараму аз 10 одами рӯ ба рӯ омада 8 нафарашон ба ман салом дода мегузаранд, худамро одами хушбахттарини дунё эҳсос мекунам ва худ ба худ мегӯям, ки ҳар рӯз 100 км роҳро тай карда, ба Файзобод рафта омаданам беҳуда набудааст.

-Магар ҳар рӯз Файзобод рафта омадан душвор нест?

-Ман мушкилиҳои аз ин ҳам вазнинтарро паси сар кардам, вале ҳеҷ гоҳ аз касбам дилхунук нашудаам. Бисёр касоне, ки бо ман таҳсил карда буданд, дар нимароҳ аз фикрашон гаштанд ва домони касбу кори дигарро гирифтанд. Ман ба тамоми сахтиҳо тоб овардам, чунки дар дилам оташи ҷонбахши ишқ аланга мезад. Ишқи ҳунар! Дар гримёрний се сол хоб кардам. Албатта, шабҳо дар ин бинои калон як худам тани танҳо метарсидам, ғайр аз ин, кӯдакони хурдам дар хона буданд, вале ишқи пешаи интихобкардаам намегузошт, ки домони кору касби дигареро бигирам.

-Мегӯянд, ки Қиёмиддин Чақалов бисёр одами бадавлат аст?

-Бале, марди бадавлатам ва дороии ман фарзандони солеҳам ҳастанд. Шукри худованд, панҷ писару панҷ духтар дорам. Ҳамаашон соҳиби маълумоти олӣ шуданд. Зиндагии ободу фарзандакони хушрӯяк доранд.

-Шуморо дар ягон маҷалла ё рӯзнома танқид кунанд меранҷед?

-Шукр мегӯям, ки дар сесад мақолаи дар бораи Қиёмидин Чақалов навишташуда ягон танқиду эрод ҷой надорад. Гоҳо ҳазлкунон мегӯям, ки ман Чакалови тоҷик ҳастам, чаро шоири бузург Есенин дар бораи саги актёр Чакалов шеър гуфтаасту дар бораи саги ман касе нанавишт. Хайр, ҳеҷ гап не, худам менависам.

-Воқеан, Шумо таъби шоирӣ ва нависандагӣ ҳам доред-а?

-Агар гӯям, ки дар адабиёти муосир аввалин нақизанавис ҳастам, хато намекунам. Даъвои шоирӣ надорам, гоҳ–гоҳ барои худам менависам. Дар маъракаҳои дӯстон шеърҳоямро мехонам. Мардум қарсак мезананд, пас, маъқул будагист!

-Орзу мекунем, ки ҳамеша ҳамин хел гули сари сабади мардум бошед!

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД