Formula novemver 2024
Дон Жуан: “Облава” маро бинад, 2 км мегурехт, аммо…
3183

 

-Як дӯстатон гуфт, ки Дӯстмуродро пагоҳи тӯяш аз ҷогаҳи арӯсаш облава карда ба аксарӣ бурда буданд. Ин гап рост аст?

-(Механдад). Э нее! Облавачиҳо маро бинанд, 2 км мегурехтанд, ки ин ҳаҷвнигор корамонро дида, моро дар саҳна масхара накунад. Қиссаи ба аскарӣ рафтани ман дароз аст. Шаш моҳ пас аз тӯям дар як маҳфил як одами мансабдор таъна зад, ки шумо санъаткорон мудом мушт ба сина зада дар васфи Ватан сухан мегӯеду хизмати Ватанро намекунед. Ин гап ба ман сахт расида, маро сари нангу номус овард. Рӯзи дигар ба комиссариати ҳарбӣ рафта, худам ариза навиштам, ки маро ихтиёрӣ ба хизмат баранд, чунки хизмати Ватан қарзи ҳар як ҷавонмард аст.

-Мегӯянд, ки дембилҳо аскарбачаҳои нав ба хизмат омадаро маҷбур мекунанд, ки либосу лавозимоти ҳарбиашонро шӯянд, агар саркашӣ кунад, он аскари бечораро мурданивор мезананд. Ин гап асос дорад?

-Ҳамааш аз худи сарбоз вобаста аст, даҳонкандаю лапашанг бошад, албатта дигарон ба сараш зӯрӣ карда, ӯро аҳмақ мекунанд, вале хуни ҷавонмардӣ дошта далеру шуҷоъ бошад, аз рӯзи аввал худро ҳимоят карда, намегузорад, ки касе ҳуқуқҳои ӯро поймол созад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД