Кӣ ба Дӯстмуроди Алӣ шишапора дод?
Аз дагузашти ин ҳунарманди беназир солиёни зиёде гузашта бошад ҳам, то ҳол мардум номашро бо некӣ ба ёд меоранд ва аз марг бемаҳалли Дӯстмуроди Алӣ афсӯс мехӯранд. Ин марди сар то по ҳунар аз худ зиёда аз 60 таронаи марғуби ошиқонаро ба мерос гузоштааст ва то кунун чароғи ёдаш дар дили мухлисони санъати асил фурӯзон аст. Дӯстмуроди Алӣ ба ғайр аз сарояндагӣ боз ҳунари актёрӣ низ дошт. Ӯ дар пиесаи якпардагии “Зиё-пансад”-и Турахон Аҳмадхонов, “Бародарон”и С. Саидмуродов, “Эшони Иллоанта”-и А. Атобоев ва дигар намоишномаҳои ҷолиби театрӣ нақшҳои мондагор офаридааст, аммо суҳбати мо имрӯз на дар бораи ҳунари сарояндагӣ ё актёрии ин марди ҳунар, балки дар боби овозаҳои гӯшхарошест, ки баъди марги Дӯстмуроди Алӣ дар байни мардум паҳн гашта буданд, вале то имрӯз касе ҷуръат карда, парда аз рӯйи ин асрор набардоштааст. Дӯстмуроди Алӣ аз беморӣ аз олам даргузашт ё ба ӯ шишапора дода, ҳофизи машҳурро зӯран куштанд?-Барои ба ин саволи ҷонгудоз, ки то имрӯз мухлисони Дӯстмуроди Алиро ором намегузорад, ҷавоб ёфтан мо бо бародари ин ҳофизи номдор Раҷабмурод Алиев ва писари Дӯстмуроди Алӣ Наврӯз ҳамсуҳбат гаштем.
-Акои Раҷабмурод, азбаски ҳафтаи поси хотир аст, сароғоз ёду хотираҳои шуморо аз замони бо Дӯстмурод буданатон шунидан мехоҳем.
-Хотираҳо он қадар зиёданд, ки агар ҳамаашонро як-як ба ёд биёрам, ҳафтаҳову моҳҳо лозим мешаванд. Вақте ки раҳматии Дӯстмурод ба қасри фарҳанги ноҳия ба кор омад, ман директори ин қаср будам. Якҷоя сафарҳои ҳунарӣ зиёд кардаем. Хотираҳои зиёде аз он айём дар лавҳи хаёлам нақш бастаанд. Соли 1976 дар назди меҳмонхонаи “Золотое кольцо” бачаҳо хоҳиш карданд, ки як суруди озарӣ хонад. Бовар кунед, вақте ки Дӯстмурод бо забони озарӣ суруд хонд, онҳо чунон ба ваҷд омаданд, ки ба сараш даста-даста пул пошиданд. Ҳамон шаб то саҳар Дӯстмуродҷон суруд хонду онҳо рақсу бозӣ карданд. Пештар аз ин, соли 1972 яке аз дӯстонамон моро ба шаҳри Самарқанд ба тӯяш даъват кард. Ҳамон солҳо дар байни маърака парда мезаданд, то ки назари мардҳо ба занҳои бегона наафтад. Вақте ки навбати Дӯстмурод расид, бо хоҳиши занҳо пардаро бардоштанд, чунки хурду калон ҳама мафтуни овози Дӯстмурод гашта буданд. Самарқанд он шаб то саҳар базм дошт, базми Дӯстмуроди Алӣ!
-Дӯстмуроди Алӣ дар таърихи санъати тоҷик воқеан шахсияти мондагор ва нотакрор аст, шояд аз ҳамин сабаб бошад, ки баъди маргаш дар бораи сабаби аз олам гузаштани ӯ овозаю ҳангомаҳои зиёде пайдо шуданд....?
-Ман мақсади шуморо аллакай пай бурдам. Медонед, Дӯстмурод дар асл бемор буд, сахт бемор буд, вале аз паси корҳои эҷодӣ шуда чандон ба саломатиаш аҳамият намедод. Ҳанӯз соли 1984 вай бо дарди сахти гурда ба беморхона афтид. Табибон гуфтанд, ки гурдааш сахт варам карда, роҳҳои пешоббарор шамол кашидаанд. Дӯстмурод ба қавли маъруф як курс табобат гирифту дигар аз пайи саломатиаш нашуд. Соли 1988 касалиаш дубора авҷ гирифту мо ӯро ба беморхона бурдем. Бовар кунед, ҷои набурдаамон намонд, чизе, ки гуфтанд, кардем, вале ҷони ӯро харида натавонистем. Моҳи апрели соли 1989, ҳамагӣ 3 рӯз пеш аз ҷашни мавлудаш қалби Дӯстмурод аз тапидан бозмонд. Бародари ҳунармандам дар дили мо доғи абадӣ ниҳода, ин дунёро тарк гуфт. Доғе, ки то имрӯз аз дилҳои мо, пайвандонаш нарафтааст.
-Дӯстмуроди Алӣ як одами одӣ не, як шахсияти намоёни фарҳангии кишварамон буд. Чаро ӯро барои табобат ба марказ набурданд?
-Он вақтҳо дар Тоҷикистон имкони иваз кардани гурда набуд, аз ҳамин сабаб мо дар назди ин беморӣ оҷиз мондем. Нур Табаров, муҳаррири ҳамонвақтаи газетаи “Тоҷикистони Советӣ” ҳамроҳи Бозор Собир хостанд Дӯстмуродро барои муолиҷа ба Маскав баранд, вале духтурҳо гуфтанд, ки аллакай дер шудааст. Ногуфта намонад, ки шоири бузурги тоҷик Бозор Собир садои Дӯстмуродро зиёд дӯст медошт ва яке аз дӯстони ҷонии бародарам буд. Вақте ки Дӯстмурод аз олам гузашт, Бозор Собир дар марги ӯ марсияи пурсӯзу гудозе навишта, тамоми ғаму дарди худ ва тамоми мухлисони Дӯстмуродро бо шеър баён намуд.
Танбӯри ту сар дар сина абгор гирифт,
Дар синаи ман ҳазору як тор гирифт...
Azimi, [24.01.20 14:50]
-Шумо мегӯед бародаратонро дарди гурда ҷавонмарг кард, вале баъди марги ӯ дар байни мардум овозаю ҳангома ва сару садоҳои зиёде пайдо шуда буданд, ки гӯё ба Дӯстмуроди Алӣ шишапора дода, ин ҳофизи номдорро зӯран куштаанд....?
-Он овозаҳоро душманони Дӯстмурод бофта бароварданд, то ки дар оилаи мо низоъ ангехта, моро ба ҳамдигар душман созанд ва номи Дӯстмуродро низ паст кунанд. Дар асл ягон кас ба Дӯстмурод шиша надода буд. Тавре ки гуфтам, бародарам аз дарди шадиди гурда аз олам даргузашт.
-Сабаби маҳз ба зан рабт додани марги ин ҳофизи нотакрор дар чист? Чаро ба қавли шумо душманони Дӯстмуроди Алӣ овоза паҳн карданд, ки гӯё ба ин сарояндаи номдор як хонум аз сари рашк шишапора додааст....?
-Дар ҳақиқат пеш аз ин оилааш бародарам бо як зани дигар зиндагӣ мекард ва аз вай ҳатто ду фарзанд дорад, вале бори дигар мегӯям, ки занҳои Дӯстмурод ба марги ӯ ягон алоқамандӣ надоранд. Кадом зан мехоҳад, ки падари фарзандонаш мираду кӯдаконаш ятим шаванд?!
-Мегӯянд, ки пеш аз маргаш Дӯстмуроди Алӣ номаи вопасин навишта будааст. Бигӯед, ки чунин нома дар асл вуҷуд дошт ё не, агар ҳа, пас, дар он чӣ навишта шуда буд?
- Баъди марги бародарам мо дар ҳақиқат як мактуби ӯро пайдо кардем, вале Дӯстмурод дар номаи вопасинаш касеро гунаҳкор накардааст. Ин нома танҳо як васият буд, васияти Дӯстмурод ба мо- пайвандонаш. Навиштааст, ки фарзандони маро хуб тарбият кунед ва кӯмак расонед, то ки соҳиби маълумоти олӣ гашта, роҳашонро дар зиндагӣ ёбанд. Шахсан ман то ҷое, ки метавонистам, васиятҳои бародарамро ба ҷо овардам. Духтарамро ба писари шодравон, ки аз зани пештарааш буда, ҳамроҳи модараш дар ноҳияи Шаҳринав зиндагӣ мекард, ба шавҳар додам ва барояшон аз шаҳр хона харидам, то ки азоб накашанд. Ҳоло онҳо ду фарзанди гул барин зебо доранд. Духтарашро бо обрӯ дар шаҳри Хуҷанд ба шавҳар додем. Фарзандони аз ин оилааш будаи Дӯстмуродро низ танҳо нагузошта кӯмак кардем, ки соҳиби маълумотӣ олӣ гарданд ва ба қавли падарашон роҳи худро дар зиндагӣ ёфта, азоб накашанд. Наврӯзҷон, писари аз ҳама хурдии Дӯстмурод имрӯз кори падарашро идома дода истодааст....
-Наврӯз, шумо аз падаратон чӣ хотира доред?
-Ростӣ, ман аз раҳматии падарам чизеро дар хотир надорам, чунки вақти аз олам гузаштанашон ҳамагӣ яксола будам. Ҳарчи, ки медонам, аз нақлҳои модарам аст, ки бисёр бо дард падарамро ба ёд оварда, ҳар дафъа аз алам оби дида мерехтанд. Модарам қисса мекарданд, ки вақте падарам дар беморхона хоб будаанд, ҳар дафъаи ба дидорбинӣ рафтанашон чаро Наврӯзро наовардӣ гуфта, маро пурсон мешудааст, вале духтурҳо барои ба касалхона даровардани кӯдаки хурд розигӣ намедодаанд.
-Номи падари зиндаёдатон да роҳ ёфтани шумо ба ҷодаи ҳунар ягон нақш бозид ё не?
-Дар ҳақиқат падарам дар бари мо набошанд ҳам, эҳсос мекунам, ки руҳи падар то имрӯз дар ҳама кор маро мададгор аст. Модарам ҳанӯз замони кӯдакиам ҳуҷҷатҳои маро ба мактаби мусиқии ба номи Малика Собирова (ҳоло ба номи Миратулло Атоев аст) супорида буданд, то ки нозукиҳои санъатро аз худ намуда, кори падарамро идома диҳам, баъд ба Консерваторияи миллӣ дохил шуда, онро низ бо муваффақият хатм кардам. Бо фармони Раҷабмад Амиров, ректори ҳамонвақтаи консерватория маро ба қасри фарҳанги ноҳияи Файзобод ба кор фиристоданд. 14-уми апрели соли 2014 Асосгузори Сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои Миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба дашти Марзоби Мискинобод сафар карданд. Мо, кормандони қасри фарҳанги ноҳия бояд бо асбобҳои халқӣ дар назди сарвари давлат баромад мекардем. Вақте ки як духтарак чанд суруди Нигина Рауфоваро хонд, сарвари давлат аз падарам ёд оварда пурсиданд, ки ягон кас сурудҳои Дӯстмуроди Алиро хонда метавонад ё не? Масъулони ноҳия маро нишон дода гуфтанд, ки писари Дӯстмурод дар ҳамин ҷост ва агар иҷозат бошад, ягон суруди падарашро мехонад.
-Кадом таронаи падаратонро дар назди сарвари давлат хондед ва чӣ эҳсосоте он лаҳзаҳо шуморо фаро гирифта буд?
Azimi, [24.01.20 14:50]
-Як эҳсосоти аҷиби олудаи ифтихор ва ҳаяҷон маро фаро гирифта буд, вале руҳи падар мададгорам гашту суруди “Агар тирам ба сар борад”-ро дар назди Ҷаноби Олӣ хондам. Хушбахтона ин тарона ба сарвари давлат писанд омад ва дастур доданд, ки маро ба ансамбли “Дарё”-и Кумитаи Давлатии телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳури Тоҷикистон гузаронанд.
-Танҳо таронаҳои падаратонро месароед ё роҳи худро дар ҷодаи ҳунар пайдо кардан мехоҳед?
-Муваффақияти сароянда пеш аз ҳама ба интихоби матни хуб вобастагӣ дорад. Шодравон падарам бештар абёти Ҳофиз, Бедил, Лоиқ Шералӣ, Усмон Шарифзода, Гулрухсор Сафиеваро месуруданд, барои ҳамин ман низ пайравии кори падар гашта, бештар ашъори бузургонро ба оҳанг дароварда месароям. Дар баробари ин таронаҳои падарамро низ бозхонӣ мекунам, то ки номи Дӯстмуроди Алӣ ҳаргиз аз ёди ошиқони савту наво фаромӯш нашавад!
-Дар маҳфилҳо мухлисони Дӯстмуроди Алӣ сурудани кадом таронаи падаратонро аз шумо бештар тақозо мекунанд?
-“Бимон ман мираму ту дар амон бошӣ”, “Агар тирам ба сар борад”, “Нисоҷон гулаки ман” ва ғайраю ҳоказо. Ман ифтихор мекунам, ки сурудҳои падарам то имрӯз аз дилу аз ёди мардум нарафтаанд. Албатта, касе ҷойи Дӯстмуроди Алиро гирифта наметавонад, вале ба ҳар ҳол ман бо тамоми ҳастӣ кӯшиш хоҳам кард, то ки фарзанди номбардор ва номовари падари бузургворам бошам.
-Муваффақ бошед!
Суҳбаторо: Маҳинаи Давлат
Бознашр аз ҳафтаномаи “Оила” соли 2018