shoh palace
Оила дар меҳмонии Қадами Қурбон(Видео)
9106
Оила дар меҳмонии Қадами Қурбон(Видео)

 Қадами Қурбон имрӯз яке аз чеҳраҳои машҳуртарин дар сомонаҳои интернетӣ ба ҳисоб меравад.

Дар бораи ин марди шӯх, ки ҳар як таронаи наваш ба қавле “бомба” шуда, дар Ютуб ва дигар шабакаҳо беш аз як миллион тамошобин пайдо мекунад, овозаю ҳангома ва сару садоҳо хеле зиёданд. Яке мегӯяд, ки буҷули Қадами Қурбон баъди машҳур шудан асп хеста, аз занаш ҷудо шудааст ва сарояндаи ҷавону машҳур миноро ба занӣ мегирад, дигарӣ номи Қадамро бо Зайнаб ва дигар хонумҳои зебову танноз пайваста, Қадамро сезанаю чорзана мебарорад, саввумӣ иддао мекунад, ки ин бачаи кӯлобӣ тамоман аз худ рафтаасту акнун барои гузаронидани як тӯй чанд ҳазор доллар талаб мекунад. Овозаю ҳангомаҳо дар бораи зиндагии Қадами Қурбон то куҷо ҳақиқат доранд?



Барои ба ин савол ҷавоб гирифтан мо ба Шӯробод сафар намуда, дар хонаи Қадами Қурбон меҳмони нохонда гаштем. Мехоҳед ҳаёти ин сарояндаи машҳурро бо чашмони худ бубинед, пас барномаи моро тамошо кунед!  

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД