Дирӯз як донишҷӯи донишгоҳи омӯзгорӣ дар роҳи Душанбе -Турсунзода зери чархи мошин монда, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Қобили тазаккур аст, ки маҳрум Ғуломов Исмоил, соли таваллудаш 10-ноябри соли 2001 донишҷӯйи соли аввали ихтисоси Информатика-англисӣ, факултаи математика мебошад. Ба поси хотири Исроил устодону донишҷӯёни факултети математика аксашро бо чанд мисра шеъри пурдардро дар долони факултет гузоштаанд:
Фалак моро накуш, мо навҷавонем,
На шодӣ дидаем, на шодмонем.
Бирав аз кӯчаи пирон гузар кун,
Агар навбат расад, мо худ равонем.
Тафтишоти ин ҳодисаи хунин идома дорад ва ҳанӯз дар садама айбдор будани ронанда ё маҳрум муайян нашудааст.