Корманди фабрикаи хитоӣ Вэй Мингтанг бо шарофати гӯшҳояш ном баровардааст. Гумон мекунед, ки гӯшҳои ин марди хитоӣ канда шудаанд? Не, гӯшҳояш комилан сиҳатанд, вале Вэй метавонад бо гӯшҳояш пуфак дам кунаду шамъи сӯзонро хомӯш созад. Аз қобилияти беназири гӯшҳояш вай ҳанӯз 30 сол қабл огаҳӣ ёфта буд. Солҳост, ки Мингтанг тавассути найчаи хурдакак пуфак дам карда, шиносону хешовандонро ба ваҷд меорад. Дар фестивали ба наздикӣ баргузоргашта Вэй бо гӯшҳояш дар давоми 20 сония 20 шамъро хомӯш карда ҳамаро қоил намуд.
БЕФАРЗАНДӢ ЗАНИ ТОҶИКРО МАЙЗАДА КАРД (4АКС)