-Баҳодур, аксари мардон аз пухтупазу кори ошхона худро дур мегиранд. Шумо ҳам аз тоифаи мардони муғамбиред ё баъзан хӯрок мепазед?
-Дар омода намудани хӯрокҳои гӯштӣ каме таҷриба дорам.
-Барои муштариёни сомонаи мо кадом хӯроки гӯштиро омода мекунед?
-Ғелаккабоб мепазам.
-Марҳамат, ошхонаи “Оила” дар ихтиёратон.
-Маҳсулоти лозима:
500 г гўшти қимма,
3 ќошуќ биринҷи нимпаз,
1 қошуқ равған,
1 тухм,
намак, мурч.
МАТЛУБА РАҲИМОВА: МАРДАК БОШӢ, ХОСТГОРӢ БИЁ!
Тарзи таҳия:
Ба гӯшти қимма биринљи нимпаз, 1 қошуқ равған, сафедии тухм, намаку мурчро илова намуда, сипас аз ҳамин қимма ғелакча месозем. Барои шўрбоча 3-4 пиёзро дар ним истакон равған бирён карда, каме қаланфури сурх, 4-5 помидори хурд резашуда, 1 қошуқча орд, каме сирко ва каме об илова мекунем. Ғелакњоро ба шўрбоча андохта, дар оташи паст мепазем. Ғелаккабоби тайёрро бо 2 тухми обпаз ва қаймоқ истеъмол кардан лозим аст.