Arzon march 2024
Аруси "бомж" (қисми 3)
2607

Номаи қисматсӯз

Садои карнаю сурнай ба фалак печида, аз омадани домод дарак дод, вале аз арӯс ҳамоно дарак набуд. Амаки Амир хоҳари хурдиашро ба хонаи бародараш фиристод, то фаҳмад, ки ин духтарҳо куҷо шуданд. Мавзуна аз асли гап бохабар бошад ҳам, худро ба нодонӣ зада, дар назди амааш сад қасам хӯрд, ки се рӯз боз Мунираро надидааст ва ба куҷо рафтани ӯро намедонад. Вақте ки хоҳараш саркану покан ба хона омада, ин хабарро ба Амир расонд, дар дили падари Мунира якбора оташ афтид ва ба хонаи хоби духтараш даромад. Туру тоқии арӯсии Мунира дар болои мизу дар канори он коғази чорқатшудае мехобид. Амирамак оҳи сарде кашид ва коғазро аз болои миз гирифт. «Дадаҷон, ба хотири ман шуда, шумо нисфи умратонро танҳо гузарондед. Ман шуморо сахт дӯст медорам, вале аз баҳри ишқам гузашта наметавонам. Бе Шодӣ зиндагӣ ба ман ҳаром аст. Маро дигар ҷустуҷӯ накунед!» навишта буд Мунира.

Бо хондани ин номаи қисматсӯз дарди ҷонкоҳе ба синаи амаки Амир ханҷар зад ва ӯ дилашро дошта, мисли чанори азиме, ки решаашро кирмҳои лачанзор аллакай хӯрда тамом кардаанд, гурсосзанон ба замин афтид…

Арӯси фирорӣ

Шодӣ дар курси охирини донишгоҳ мехонд ва Мунираро бо мошини як ҳамсабақаш ба шаҳр овард. Вай хоначаеро ба иҷора гирифт ва ба як нимчамулло пул дода, арӯси муфтакак ба даст омадаро никоҳ карда гирифт. Зиндагиашон шоҳона набошад ҳам, Мунира хурсанд буд, ки ба азизи дилаш расид. Шодӣ ҷойи кори аниқ надошт ва бо корҳои майда-чӯйда машғул шуда, базӯр як пора нон меёфт. Мунираи эрка, ки як умр дар хонаи падараш гули чизро хӯрда гули чизро мепӯшид, дар шаҳр бо ин Маҷнуни сонӣ сахт азоб мекашид, вале «худкардаро даво нест» гӯён, лаб зери дандон гирифта, чизе намегуфт….

 


дар чорроҳаи назди боғи Алишери Навоӣ ҳангоми сурх будани чароғак мошини ёрии аввалини тиббӣ бо суръати баланд ҳаракат дошт, ки ногаҳон аз тарафи рост автомобили тамғаи “Toyota Camry” баромада, бо он бархурд.

 


Оқипадар

Дили Мунира ба ёди падараш гум мезад ва мехост болу пар барораду мисли паррандагон парвоз карда, ба хонаашон равад. Ниҳоят баъди ду моҳи тӯйи бебарор ва аз хона фирор намуданаш, вай ҷуръат карда ба деҳа рафт ва падарашро дар аробачаи маъюбӣ дида, дуд аз димоғаш баромад. Ҳамон рӯзи наҳсе, ки духтари эркааш бо баҳонаи ба назди машшота рафтан аз хона фирор кард, амаки Амир ба шармандагӣ тоб наоварда, аз по афтид. Қариб як моҳ дар беморхона хобида, вай андаке ба худ омад, вале бар асари самадаи аз сар гузаронидааш маъюб шуд. Мунира мехост худро дар пеши пойи падараш партофта, бахшиш пурсад, вале мӯйсафед рӯяшро гардонда гуфт:

-Маро дада нагӯй, ту дигар падар надорӣ. Аз баҳри ту барин духтар гузаштам! Дигар ҳаргиз пою қадаматро ба остонаи хонаи ман намон. Мурдам дар мурдаам набиё. Оқат кардам! Сад бор оқат кардам!

Дасти пойи Мунира бо шунидани ин суханони тақдирсӯз суст шуданд ва бо сари хаму дили пурғам тарки манзили падар намуд…

 

Зиндони зиндагӣ

Мунира бо дили озурда ба назди Шодӣ баргашт. Акнун ӯ маҷбур буд, ки лабашро зери дандон гирифта, ҳаёти камбағалонаашро бо шӯйи хушкардааш идома диҳад. Аввалҳо муносибати Шодӣ бо ҳамсараш чандон бад набуд, вале хабари ҳомиладор шудани Мунираро шунида, вай якбора девона шуд. «Ман боварӣ надорам, ки ин кӯдак аз ман аст. Ту, агар духтари покдоману боодоб мебудӣ, ҳаргиз ба рӯйи падарат по монда, ҳамроҳи ман аз хонаатон намегурехтӣ»,- Мунираро таъна зада мегуфт Шодӣ. Суханони шавҳараш аз ҷавшани ҷони ӯ мегузаштанд, аммо дигар роҳи бозгашту ҷойи рафтан надошт…

Кори Шодӣ акнун мудом духтарбозӣ буд. Вай зани ҳомиладорашро яккаву танҳо монда, шабҳоро дар оғӯши занҳои бероҳа саҳар мекард. Мунира розӣ буд, ки дар деҳа ҳамроҳи хусуру хушдоманаш зиндагӣ кунад, аммо волидони Шодӣ ӯро қабул накарданд. Модаршӯяш ба шаҳр ба хонаи онҳо меҳмонӣ омада, ошкоро гуфт, ки вай ба писараш аз деҳа зани духтар гирифта медиҳад. Мунира гиря карда гуфт:

-Ман ягон беваи аз чанд шавҳар мондагӣ набудам, чаро писаратонро зани дигар додан мехоҳед?!

-Аз худат ин қадар фаришта натарош, агар ту ягон бало намедоштӣ, обрӯи падаратро резонда, ҳеҷ гоҳ думи бачаи маро гирифта, ба ин ҷо намеомадӣ,-бо таъна даҳони Мунираро баст хушдоманаш…

Хиёнат

Падару модари Шодӣ аз Мунира пинҳонӣ як духтараки деҳотиро ба писарашон фотиҳа карданд. Рӯзе, ки Мунираро дарди зодан гирифт, шавҳараш дар сари тахти арӯсиву домодӣ дар бари арӯси нав нишаста, ҷуръа-ҷуръа шароб менӯшид. Вай заррае парво надошт, ки ҳоли зани ҳомилааш дар шаҳр чӣ шуд ва оё нони хӯрдан дорад ё не. Мунираро ҳамсояҳо аз рӯйи раҳму инсоф ба таваллудхона бурданд. Кӯдак чаппа буд ва ҳеҷ таваллуд намешуд. Табибон маҷбур шуданд, ки Мунираро ҷарроҳӣ кунанд. Ҷавонзани сода писарчаи дӯстрӯякеро ба дунё оварда, гумон дошт, ки дили шавҳараш бо шунидани хабари бачадор шуданашон ба зиндагӣ гарм мешавад, аммо хаёлаш хом баромад…

Се талоқ барои писар

Ҷароҳӣ бисёр вазнин гузашта, Мунира ду рӯз ҳеҷ сарашро аз бистар бардошта наметавонист. Рӯзи сеюм каме ба худ омада, ба шавҳараш занг зад, то хабари писардор шуданашонро расонад, вале Шодӣ ҳеҷ гӯширо намебардошт. Ниҳоят баъди қариб 40 маротиба занг задан ба Мунира муяссар гашт, ки садои шавҳарашро шунавад.

-Ту чӣ ин қадар телефон карда истодаӣ?-Дӯғ зад Шодӣ.

-Аввал салому баъд калом гуфтаанд,-Мунира гапро ба шӯхӣ бурд.

-Ба ман на саломи ту даркору на каломат. Аз ҳамин рӯз эътиборан ману ту ба ҳамдигар бегонаем. Ҷавобатро додам. Гапамро фаҳмидӣ?!

-Шодӣ, ин чӣ гапи мегуфтагиат? Магар девона шудаӣ, охир ману ту соҳиби писар шудем. Ба ҷойи он ки омада, бачаатро аз таваллудхона барорӣ…

-Ба ман на ту даркорию на писарат. Зӯрат расад, кӯдакатро худат калон кун, агар натавонӣ ба ягон одами бефарзанд фурӯш,-сухани Мунираро бурида, сангдилона гуфт Шодӣ ва телефонро хомӯш кард…

Пушаймонии дермонда

Мунираи нав таваллудкарда се шабу се рӯз ба даҳонаш ҳатто як пора нонро набурда, дар таваллудхона барои тақдири талхаш зор-зор гиря кард. Акнун ин духтари сода хатояшро дарк намуда, аз кори кардаш сад бор пушаймон буд. Айби худаш, агар дар вақташ ба афсонаҳои ошиқи бевафояш бовар карда, ҳамроҳи Шодӣ аз хонаи падар фирор намекард, шояд зани занон шуда, зиндагии шоҳона ба сар мебурд, аммо…

Зиндаятим

Пас аз 7 рӯзи ин моҷаро Мунира маҷбур шуд, ки забонхат навишта, аз писарчаи навзодаш даст кашад, зеро ҳамсояҳо ба ӯ хабар оварданд, ки соҳиби хона барои шаш моҳ боз пули иҷораро надоданашон чизу чораи онҳоро аз дар ба берун партофта, як каси дигарро дар хонааш иҷора шинондааст. Мунира на савод дошт, на ҷойи кор ва на ягон одами наздике, ки дар чуни рӯзҳои сахту душвор дасташро бигирад. Вай намедонист тифл дар бағал аз таваллудхона баромада куҷо равад. «Писарам аз чунин модари дар ба дар доштан дар ятимхона калон шавад, сад бор беҳтар аст, шояд ягон оилаи хубро ӯро ба фарзандӣ қабул карда, соҳиби сарпаноҳ ва зиндагии сазовор мегардонад» гӯён, вай писарашро дар таваллудхона монда, бо чашмони пуроб аз дар баромад…

Бомж

Мунира дар шаҳр на ягон хешу табор дошт ва на дӯсту шиносе, ки сарашро дар манзили ӯ паноҳ кунад. Вай чанд рӯз дар хонаи ҳамсояҳо хобид, вале охир то ба кай ба дари хонаи мардум меравӣ?!

Ҳамин тавр ин духтари зебо, ки бо гули чиз ба воя расида буд, дар кӯча монда, оқибат бомж шуд. Акнун ҳатто кӯдакон ба ҳолаш хандида, Мунираро «Аҷузаи партовгоҳ» мегӯянд ва ба сӯяш санг меандозанд…

Мунира оҳи сарде кашида аз ҷояш бархост ва калавида-калавида, аз партовгоҳ баромаду ба сӯйи кӯчаи калон равон шуд. «Дуои падар мегирад мегуфтанд, рост будааст. Маро дуои бади падарам гирифт. Обрӯи падарамро резондам, Худо барои ҳамин маро зад ва чунин рӯзи сиёҳро ба сарам овард. Маро дуои падарам гирифт…»,- худ ба худ зери лаб пичиррос мезад ин ҷавонзани ҷандапӯш, ки аз баданаш бӯйи басо ғализи партовгоҳ ба машом мерасид…

Садои даҳшатангезе якбора ба фалак печида, ҳамаи мусофиронро ба ташвиш овард. Бо таҳлука ба атроф нигариста, онҳо бо чашмони худ диданд, ки чӣ тавр аз бархӯрди мошин ҷисми зани ҷандапӯше ба ҳаво бархоста, баъд ба замин зад. Ронандагон дигар фурсати пахш кардани тормозро наёфтанд ва боз ду мошин аз болои ҷасади Мунира гузашт. Дар натиҷаи ин садамаи сангин ҷисми «Аҷузаи партовгоҳ» ба замин парчин шуда, дили пур аз дарду ғами Мунира аз тапидан бозмонд. Ҷисми пур аз хуну халафи ин занро ҳамроҳи дафтари хотираҳояш ба мошини «Ёрии таъҷилӣ» бор карда, ба сардхона бурданд, зеро мурдаи ин зани бомж ягон соҳиб пайдо накард…

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД