Бӯйи мушк пинҳон намемонад
Мавзуна ба писархолааш хабар расонд, ки падараш Мунираро ба як бойбача фотиҳа кардааст ва ба наздикӣ тӯй мешавад. Бо шунидани ин хабар Шодӣ сабру қарор аз даст дода, намедонист сарашро ба кадом дару девор занад. Вай бо сад зорию тавалло волидонашро ба хостгорӣ фристода бошад ҳам, падари Мунира «духтари ман аллакай фотиҳа шудааст ва ба наздикӣ тӯй мешавад» гӯён, онҳоро навмед гусел кард. Шодӣ эҳсос менамуд, ки маҳз бо сабаби бачаи камбағал буданаш падари Мунира духтарашро ба вай надод. Дарди ин ҳақиқати талх ӯро беш аз беш девона мекард ва ҷавон пеши худ қарор дод, ки бо кадом роҳе набошад, ҳатман қасосашро аз Амири пулмаст мегирад…
Лайлию Маҷнуни сонӣ
Ба тӯй ҳамагӣ панҷ рӯз боқӣ монда, дар хонадони амаки Амир ҳама дар такудав буданд. Холаву аммаҳояш ҷамъ шуда, куртаю кӯрпачаҳои арӯсии Мунираро бо сад орзую ҳавас дӯхтанд, падараш барояш рахти хориҷии гаронбаҳои хоб, яхдон, телевизор ва дигар ҷиҳози рӯзгорро муҳайё намуд, аммо дар дили арӯсхонум чизе намеғунҷид. Мунира бо тамоми ҳастӣ ошиқи зори Шодӣ гашта буд ва ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки чӣ тавр бо як ҷавони дигар сар ба болин мегузорад. Шодӣ ҳам фурсатро аз даст надода, дар гӯши ӯ қиссаи пурсӯзи ишқу муҳаббатро мехонд ва қасам болои қасам мехӯрд, ки агар Мунира аз вай нашавад, дар рӯзи тӯйи ӯ худашро ба дор меовезад…
Рози маҷнунбед
Амаки Амир тамоми маъракаҳои пеш аз тӯйи арӯсии духтари якаву ягонаашро бо шукуҳу шаҳомат гузаронд, то Мунира бемодариашро эҳсос накунад. Оши халқро дода, дар тараддуди гусел кардани арӯс ба хонаи бахташ шуданд. Шабе, ки пагоҳ Мунираро бояд арӯс карда, ба хонаи шавҳараш мебурданд, дилдодагон дар таги маҷнунбеди канори ҳавзи калони деҳа вохӯрданд. Шодӣ Мунираро сахт ба оғӯш гирифта, бо чашмони пуроб гуфт:
-Мунираҷон, агар маро партофта равӣ, худамро мекушам. Бе ту ҳаёт ба ман лозим нест. Марг аз чунин зиндагӣ авлотар аст…
-Шодиҷон, ман ҳам ба ғайр аз ту дигар ягон касро дӯст намедорам, вале аз гапи падарам баромада наметавонам. Ба хотири ман шуда, вай 12 соли умрашро танҳо гузаронидааст, чӣ хел имрӯз ман ба рӯйи падарам по мемонам?-Озурдахотирона вазъияташро ба ошиқаш фаҳмонданӣ мешуд Мунира.
-Падарат, агар туро дӯст медошт, ҳаргиз моро ҷудо намекард. Ба падари пулпарасти ту фақат пулу мол даркор аст, барои ҳамин туро ба он бойбача ба шавҳар дод, ки аз пушти домодаш кайфу сафа карда гардад,-даст меафшонд Шодӣ.
-Хайр, ба фикри ту бояд чӣ кор кунам?
-Дигар чора нест, биё ҳардуямон гурехта ба шаҳр меравем. Ман дар он ҷо хона дорам. Ягон домуллоро ёфта, никоҳ мекунему зиндагиро сар мекунем. Соҳиби фарзанд, ки шудем, падарат ба тақдир тан дода, аз гуноҳи ту мегузарад…
-Намедонам Шодӣ, намедонам! Ман бо ту гурехта равам, мардум чӣ мегӯянд? Обрӯи падарам чӣ мешавад?! Эҳ Худоҷон, ягон роҳи дурустро ба мо нишон деҳ…
Машшота баҳонаю…
Мунира аз мулоқот бо шодӣ баргашта, то як поси шаб мижжа таҳ карда натавонист. Суханони ошиқаш дар гӯшаш садо медоданд: «Мунираҷон, агар ту маро партофта равӣ, худамро ба дор меовезам!» Хобаш кай бурдааст, дар ёд надорад. Вақте ки бедор шуд, аллакай субҳ дамида буд. Падараш, моиндараш ва хешу табор ба омадани домод тайёрӣ дида, дар такудав буданд. Мунира ба рӯяш се мушт об пошиду ба хона даромада, либосҳояшро иваз намуд ва чизҳои барояш аз ҳама заруртаринро ба як сумка андохта аз хона баромад. Падараш ӯро дар дами дарвоза дида пурсид:
-Дар ин каллаи азон ту ба куҷо рафта истодаӣ?
-Ба назди машшота! Тезтар рафтанам лозим, охир орову торо додани арӯс кори осон нест,-нигоҳашро гурезонда пичиррос зад Мунира.
-Ту ташвиш накаш, ман ягон мошин мефиристам, то ки машшотаро ба хона биёрад!
-Намешавад дадаҷон, ман бояд боз ба толори арӯсӣ даромада, фатаю тоҷи арӯсиашро бигирам. Хайр, майлаш, ман равам, ки дер мешавад!
-Куҷо меравӣ, исто, охир арӯси ба чилла набояд тани танҳо гардад. Ман ягон амма ё ҷиянатро бо ту мефиристам.
-Эҳ дадаҷон, ба шумо чӣ шуд, ки мисли кампирҳо гап зада истодаед?! Аввалаш ин ки чиллаю ҳилаи арӯсӣ ҳамааш афсона аст, баъд ман танҳо намеравам. Мавзуна маро ҳамроҳӣ мекунад!
-Ин хел бошад, рав духтарам. Роҳи сафед! Фақат дер накун, охир домодро интизор кардан хуб нест,- амаки Амир бо табассум духтари эркаашро гусел карда, ҳатто ба гӯшаи хаёлаш намеовард, ки Мунира дар сар андешаву ҳавои дигар дорад…
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор шавед)