Бойбача
Мо дар оила ҳамагӣ ду писар будем ва падари тоҷиру модари омӯзгорамон бароямон тамоми шароитҳоро муҳайё намуда буданд. Акаам баъди хатми мактаб ба Амрико рафта дар ҳамон ҷо монд. Падару модарам духтари аммаамро аз Тоҷикистон ба Амрико бурданд ва тӯяке ороста сари онҳоро ҷуфт карданд, то писарашон домони ягон аҷнабиро гирифта, тамоман бегона шуда намонад. Модарам Худоро зорӣ мекард, ки барояш келинаки чаққону зебоеро лоиқ бинад. Падарам чандин мағозаҳои либоси занона дошт, вазифаиӯовардани мол аз хориҷа, вазифаи ман бошад, тақсим кардани бор дар мағозаҳо ва назорат аз болои фурӯшандагон буд.
Ишқ аз нигоҳи аввал
Рӯзе барои гирифтани пули бор ба яке аз мағозаҳоямон рафта тасодуфан шоҳиди баҳси фурӯшанда бо як харидор гаштам. Духтараки зебое як палтои қимматбаҳоро маъқул карда, зориву тавалло менамуд, ки нархашро пасттар кунад, вале фурӯшанде ҳеҷ сар намефаровард. Нигоҳи илтиҷоомези духтаракро дида дилам сӯхт ва ба назди фурӯшанда рафта, палторо аз нархи гуфтааш ҳам арзонтар карда баӯдодам. Духтарак бо табъи болида аз мағоза баромад, ман низ аз пасаш ба берун баромадам. Табассуми лабони ҳамранги гули садбаргаш ба ҳуснаш ҳусни дигар ато намуда, духтаракро ба парии афсонавӣ шабеҳ гардонида буд. Мехост ба мусофирбар шинад, вале ман пешдастӣкарда мошинамро дар наздаш нигоҳ доштам. Духтарак не нагуфта савор шуд ва раҳораҳ ба ман изҳори миннатдорӣ намуда гуфт: «Як соли дароз падарамро, ки дар Русия мардикор аст, зорӣкардам, ки барои харидани палто ба ман пул фиристад, ниҳоят фиристод, вале кам. Акаҷон, агар шумо намебудед, ин фурӯшандаи мумсик дар ду дунё чунин моли бозоргирро бо ин нарх ба ман намедод…» Табассум карда гуфтам: «Аввал ин ки маро ака нагӯй, чунки ту аз як нигоҳ ба ман писанд афтодӣ. Дуюмаш ин ки рақами телефонатро ба ман дода рақамҳои маро бигир, даркор шуда мемонад… Мо чанд мағозаи либосҳои занона дорем…»
Ҳамин тавр мани бойбача бо Зарнигор, ки аз як оилаи серфарзанди камбағал буда, дар коллеҷи тиббӣ мехондааст, шинос шудам.
Нозанини чизпараст
Зарнигорро аз ҷонам бештар дӯст медоштам ва ба камбағалиашон нигоҳ накарда мехостам боӯхонадор шавам. Маҳбубаам як хислати бад дошт, аз ҳад зиёд чизпараст буд. Зарнигор қариб ҳар моҳ ба мағозаҳои мо рафта барои худаш бе пул либос мегирифт. Вай худро хуҷаини мутлақи дӯконҳои мо тасаввур карда, фурӯшандаҳоро назараш намегирифт. Азбаски дӯсташ медоштам, тамоми нозу нузашро бардошта, ҳарчи хоҳад, гирифта медодам. Туфайли мағозаҳои мо духтараки деҳотӣ дар як муддати кӯтоҳ ба маликаи хушлибоси замонавӣ табдил ёфта бошад ҳам, ҳар гоҳ аз хонадоршавӣгап кушоям, абрувони камоншаклашро дарҳам кашида мегуфт:
-Шаҳбозҷон, ҳоло мо кӯдакем, ман нав ба нуздаҳ даромадам, ту бошӣбисту се сол дорӣ. Се солаки дигар тоқат кун, ҳамин ки ман дипломамро гирифтам, ба хонаамон хостгор мефиристӣ, ана баъд бо садои карнаю сурнай «Ёр-ёр» гӯён, маро ба хонаатон мебаранд…
Модарам аз рози дили ман бехабар ҳар рӯз як духтарро нишон дода фикрамро фаҳмиданӣмешуд, вале ягон баҳона пеш оварда рад мекардам. Ният доштам, ки пайти муносиб ёфта маҳбубаамро бо модарам шинос мекунам, вале…
Амри падар
Як шаб падарам то дер бо ман суҳбат карда гуфт:
-Бачаҷон, умри ман за панҷоҳ гузашт, бародарат аз Амрико баргаштанӣнест, аз ин рӯ ман бояд туро ин сафар ҳамроҳ гирам, то нозукиҳои тиҷоратро омӯзӣ…
Ба Зарнигор занг зада вазъиятро фаҳмондам, вай хурсандона чанд фармоиш аз қабили овардани сумкаю пойафзол ва атрро карда ба ман роҳи сафед орзу намуд.
Мо бояд ҳамроҳ парвоз мекардем, вале рӯзи парвоз падарам бемор шуду ночор маро ҳамроҳи рафиқонаш ба сафар фиристод. Борҳо ба хориҷа рафта бошам ҳам, ҳеҷ гоҳ ба мақсади овардани бор, яъне кор нарафта будам. Хушбахтона сафари 15-рӯзаамон бобарор анҷом ёфту падарам аз кордонии ман хурсанд шуд, вале…
Ёри гумгашта
Пас аз бозгашт дарҳол ба Зарнигор занг задам, аммо телефонаш хомӯш буд. Бетоқат шуда ба ҷустуҷӯяш ба коллеҷ рафтам. Ҳамсабақонаш гуфтанд, ки се рӯз боз ба дарс намеояд. Азбаски дар куҷо будани хонаашонро намедонистам, ҳайрон будам, ки ӯро аз куҷо ҷӯям.
Тақрибан як ҳафта пас аз як рақами ношинос ба телефонам чунин паёмак омад: «Шаҳбозҷон, миёни мову ту ҳар чӣбуд, гузашт. Маро фаромӯш кун! Падарам аз муносибатҳои ману ту хабардор шуда маро зӯран ба Русия овард. Имрӯз маро никоҳ карда ба писари аммаам, ки шаҳрванди Руссия аст, додаанд. Маро бубахш! Илоҳо хушбахт шавӣ!»
Ғаму шодӣ
Ду моҳ на хоб доштаму на лаззати хӯрокро мефаҳмидам, модарам ҳолати маро дида хуни ҷигар мехӯрд. Вақте достони ишқамро бо сӯзу гудоз ба модар гуфтам, оҳи сард кашида гуфт:
-Писарам, ин қадар беҳуда худатро обу адо накун, он духтар туро аз сидқи дил дӯст намедоштааст. Эҳа, агар одам дӯст дорад…
Оҳиста-оҳиста ба худ омада Зарнигори бевафоро фаромӯш кардам. Акнун падарам ба кори мағозаҳо назорат мекарду ман бошам барои бор ба хориҷа рафта меомадам. Як сол пас модарам ба муроди дилаш расида духтари хушкардаашро тӯй карда овард. Ҳамсарамро дӯст надошта гирифта бошам ҳам, Шаҳнози дидадарою олуфтаи ба дасту панҷа дар муддати кӯтоҳ дили ману аҳли оилаамонро ёфт. Вай чунон ширинсухан буд, ки мехостам чун қатраи об дар як лаҳза фурӯяш барам. Баръакси Зарнигор занам чизпарасту нодида набуд, ман баъзан қариб зӯран ӯро ба мағозаҳоямон бурда барояш либос гирифта медодам. Муҳаббати поку беолоиши ҳамсарам ба зудӣ меҳри Зарнигорро аз дили ман чунон зудуд, ки дигар ҳатто номи ӯро ба ёд намеовардам. Якуним сол пас Шаҳноз бароям писар таваллуд карда, сари маро ба осмон расонд, вале дарди беамони саратони мағзи сар модари азизамро аз пой афтонду шодии моро ба ғам олуда гардонд.
Рози дил
Падарам барои илоҷи дарди модарамро ёфтан сарашро ба сад дар зада, ӯро ба Амрикою Олмон барои табобат бурд, вале бо пулу мол ҷони ӯро харида натавонист. Модари зебоям таги хоки сардро манзил намуда, дар дилҳои мо доғи ҷовидонӣ ниҳод. Баъди марги модарам духтарчаам ба дунё омаду баӯноми модарамро мондам-Олиямоҳ. Олиямоҳи ман чун себи дукафон ба бибияш монандӣ дошт ва ҳамаамон ӯро очаҷон мегуфтем. Падарам баъзан шабҳо ба хона намеомад, вале ман азӯчизе намепурсидам. Пас аз сари соли модарамро додан шабе падарам маро наздаш хонда гуфт:
-Шаҳбозҷон, биё чун мард бо мард суҳбат мекунем. Ман се сол боз бо зане муносибат дорам, оддитар карда гӯем, вай маъшуқаи ман аст. Барояш ҳавлӣ, мошин, мағозаи куртаҳои арӯсӣхаридам ва кошонаи ҳусн кушода додам. Акнун, ки модарат нест, мехоҳам расман боӯаз қайди никоҳ гузарам. Ту ба ин чӣ мегӯӣ, писарам?
Дар дил аз падарам хафа шуда бошам ҳам, ба рӯяш надавидам, зероӯдар ҳаққи модарам ҳеҷ гоҳ ноҳаққӣнакарда буд ва ӯро ба қавле рӯ-рӯйи даст мегардонд.
-Падарҷон, ман розӣ, аммо ҳоло тайёр нестам, ки боӯвохӯрам,- гуфтам дар ҷавоб.
Падарам чизе нагуфт, вале танҳо ду магазинро ба номи худаш монда, боқимонда тамоми тиҷорат, ҳавлӣ ва ду квартираро ба номи ман гузаронда ба назди зани наваш рафт.
Мо қариб ҳар рӯз вомехӯрдем, ба ин ҳам қаноат накарда падарам зуд-зуд ба хабаргирии набераҳояш меомад, вале ман ҳатто намедонистам, ки хонаи падарам дар куҷост.
Дидори моиндар
Як саҳар аз беморхона занг зада гуфтанд, ки падарат ба садамаи автомобилӣафтидааст, зудтар расида биё. Осемасар ҷониби бемористон давидам. Падарам бо пои шикаста дар рӯйи бистар мехобиду дар болои сараш Зарнигор рост истода буд. Ман аз ин вохӯрии ногаҳонӣдасту по хӯрда, чӣ кор карданамро намедонистам. Аввал гумон кардам, ки Зарнигор ба ҳайси табиб дар болои сари падарам истодааст, вале «шинос шав бачам, ин кас ҳамсари ман, Зарнигор» гуфтани падарам маро ба худ овард. Зарнигор сарашро ҷунбонда бо ман салом кард ва намоишкорона аз ҷабини падарам бӯсида гуфт:
-Ҷон, ман корҳоямро тахт карда бармегардам!
Зани зархарид
Бо падарам хеле суҳбат карда баъд ба берун баромадам. Дар назди дарвозаи беморхона маро Зарнигор интизор буд. Собиқ маҳбубаам рост ба наздам омада ҳавобаландона гуфт:
-Дили падарат дардманд аст, агар дар бораи муносибатҳоямон баӯчизе бигӯӣ, ба гумон аст, ки зинда монад…
-Ту садқаи муносибат шавӣ, гурусначашм! Медонистӣ, киӯпадари ман аст, чӣ хел дидаю дониста ба оғӯшаш даромадӣ?» -Гуфтам бо нафрат ва рӯямро гардонда рафтанӣ шудам.
Зарнигор маро аз роҳ боздошта гуфт:
-Як рӯз дар набудани ту ба мағозаатон рафта бо падарат шинос шудам ва фаҳмидам, ки марди ҳаёти ман ӯст ва хато накардам. Шаҳбоз, хафа нашав, вале чизеро, ки падарат ба ман дод, ту дар ду дунё дода наметавонистӣ. Бо шарофати вай ман имрӯз бонуи сарватманд ҳастам. Ногуфта намонад, ки мо бо падарат никоҳи давлатӣдорему ба қарибӣсоҳиби фарзанд мешавем, барои ҳамин хомуш истӣ, хубтар мешавад!
-Ман туро кайҳо фаромӯш кардаам, аммо метарсам, ки ягон марди пулдортарро ёфта ба сари падарам ҳам об нарезӣ,-гуфтам бо овози баланд ва азӯдур шудам…
Падарам кайҳо шифо ёфта ба хонааш баргаштаасту аз ман изҳори норизоӣмекунад, ки бо ҳамсараш муносибати хуб надорам, охирӯаз куҷо медонад, ки зани эркааш замоне дар оғӯши писараш буд…
Шаҳбоз