Sebiston new 2024 october
Зани Саиди чумо намешавам!
20.03.2020
Р. Азимӣ
6301

 

Салом «Оила»-и дардошно. Дар сина дард дорам, дарди ҷигарсӯз, барои ҳамин телефон ба даст гирифтам, ки ғаму аламамро рӯйи экран оварда ба сомонаи "Оила" ирсол намоям ва аз хонандагонаш маслиҳат пурсам.

Волидонам маро зӯран ба як ҷавоне ба шавҳар доданиянд, ки дар дањонаш ягон дандони ҳалол надорад, бар замми ин, тӯтала аст, яъне забонаш мегирад. Ягон айб дошта бошам, бе ягон дудилагӣ розигӣ медодам, вале як духтари нозанини зебоям. Вақтҳои охир хабари худро ба дарё партофтан, оташ задан, уксус хӯрдан, умуман худкушӣ кардани занону духтарони ҷавон тез-тез паҳн мешавад. Пештар ман сабаби қасди ҷони худ намудани онҳоро намефаҳмидам, вале акнун дарк карда истодаам, ки занону духтарони тоҷик аз ҷабру зулми падари ман барин мардони якрав худкушӣ мекардаанд.


МАСТОНА: БАРОДАРОНАМ МАРО ЗАДА-ЗАДА ДЕВОНА КАРДАНДУ...


Аз ҷонам сер шудаам, ягона чизе, ки маро аз худкушӣ кардан боз дошта истодааст, тарс аз ғазаби парвардигор ва оташи дӯзах аст. Домоди ёфтаи падарам бар замми безебу бадафт буданаш боз камақл ҳам ҳаст, бачаҳои деҳа ӯро масхара мекунанд, мезананд. Намедонам падари ман дар ӯ чи ёфтааст, ки ду пояшро ба як мӯза андохта, хоҳӣ -нахоҳӣ туро ба ҳамин бача медиҳам мегӯяд. Борҳо гириста гуфтам, ки ин девона муносиби ман нест, фотиҳаро гардонед, вале падарам буруташро тоб дода мегӯяд: «Ман ҳоло намурдаам, ки ту бо ихтиёри худат шӯ кунӣ. Дониста бош духтар, тақдири туро худованд дар дасти ман додааст, ба касе, ки хоҳам, медиҳам! Домоди ёфтаам урод бошад ҳам, ту ҳақ надорӣ, ки не гӯӣ, чунки ман падарат ҳастам ва ҳукми падар барои фарзанд ҳамеша воҷиб аст…» Хонандагони азиз, илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам? Ба хотири падарам шуда, зани Саиди чумо шаваму ҳаётамро бо дасти худам бисӯзам ё аз хона баромада равам?

Г., аз н. Шаҳринав

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД