Кӯдаки сарсахт
Ҳамсараш Салима сари фарзанд рафту Усто-Маннони ланг тифли навзод дар даст зору ҳайрон монд. Хешу табор маслиҳат доданд, ки кӯдакро ба ятимхона супорида, зан гирад, вале дили усто нашуд, зеро пеш аз ин чор писари нозанинаш фавтида, солҳо дар ҳасрати рӯйи фарзанд буд. Вай қарор дод, ки умрашро ба тарбияи духтарчаи бе тақдир ва сарсахти дар якрӯзагӣ аз модар ятиммондааш мебахшад....
Авбошчаи кокулдор
Усто-Маннон духтарашро Ҷамила ном ниҳода, аз овони тифлӣ на чун духтар, балки ҳамчун писар тарбия мекард. Ба умеди он ки калон шуда, ҷойи акаҳояш Сайидо, Сафарбек ва Шодимуроду Соҳибҷонро, ки бармаҳал аз олам чашм пӯшида, дар дили волидон доғи абадӣ ниҳоданд, бигирад, падар аз кӯдакӣ ба Ҷамила ҳунарҳои мардонаро ёд медод ва рӯзи дароз бо духтараш боксу футболбозию гӯштингирӣ мекард. Ҷамила ҳамеша либоси бачагона мепӯшид ва дар сараш кепка мемонд. Ягона чизе, ки аз духтар буданаш гувоҳӣ медод, ду кокули зебояш буд, ки падари пираш ба онҳо бо ҳавас лентаи сафед мебаст...
Ҷамила-буққа
Дар зери таъсири бозию машқҳои мардона Ҷамила бисёр далер, ҷасур ва нотарс ба воя расида, аз касе ҳарос надошт. Духтар бошад ҳам, вай бе ибо бо писарбачаҳои ҳамсинну соли худаш гӯштин мегирифт, онҳоро дар бокс ва муҳорибаҳо мағлуб менамуд. Аз ин авбоши кокулдор на танҳо кӯдакони аз худаш хурд, балки ҳатто бачаҳои 5-6 сол калон низ метарсиданд, зеро Ҷамила бисёр бақувват ва бадқаҳр буд. Мабодо касе ба ӯ ягон сухани ноҷо гуфта монад, ин духтари бачасифат дарҳол адабашро дода, чунон бераҳмона лату кӯбаш мекард, ки даҳону бинии он бача пур аз хун мешуд. Бо сабаби муштзӯрӣ ва авбошиаш ҳаққу ҳамсояҳо ба духтари Усто-Маннон “Ҷамила-буққа” лақаб ниҳода буданд. Дар деҳа тамоми бачаҳо аз “Ҷамила-буққа” қади аҷал метарсиданд...
Девкор
Падараш аз кӯдакӣ Ҷамиларо ҳамроҳи худ ба саҳро бурда, тамоми кору бори саҳроиро ба ӯ ёд медод. Духтар бошад ҳам, дасту панҷаи мардона дошт Ҷамила ва баробари мардон, баъзан ҳатто аз мардҳо бештар кор мекард. Ҳар пагоҳӣ ҳанӯз бонги хурӯс набаромада, Ҷамила-буққа ҳаёҳуйкунон одамонро ҷамъ карда, гандумдарав мебурд ва то ғуруби офтоб қатори халқ дар саҳро ҷунбуҷӯл мекард. Вай аз ягон кор ҳазар намекард, гандум медаравид, хирман бод мекард ва ҳатто хирман мекӯфт. Гирумони духтари Усто-Маннонро дида, мардум гиребони ҳайрат медоштанд, ки наход духтар ин қадар бақувват шавад. Ҷамиларо дар ғайбаш баъзан “девдухтар” мегуфтанд, зеро девкор буд ва як худаш танҳо кори 8-10 касро карда метавонист...
Зани човандоз
Ҳар гоҳ дар деҳа мусобиқаи бузкашӣ шавад, Ҷамила аспи падарашро зин зада, қатори човандозҳои номдор ба бузкашӣ мерафт. Вай чунон доду вой карда, қамчинзанон асп метозонд, ки ба тани мардҳои ҳузарби ба бузкашӣ омада рашъа медамид. Дар мусобиқае, ки Ҷамила-буққа ҳузур дошта бошад, ғалаба ба ягон човандози дигар насиб намешуд. Ин девдухтар бо кадом роҳе, ки набошад, бузро аз дасти човандозон ханҷол зада мерабуд ва мисли бод асп тозонда, ба марра мерасонду ғолибона тантана мекард. Барои Ҷамила муҳим набуд, ки бар ивази ин қадар ҷонбозӣ ба ӯ чӣ медиҳанд, ғолиб омадан дар ин мусобиқаи мардона ва қоил кардани мардум ба ин духтари мардсифат кайфияти гуворое мебахшид...
Чӯпондухтар
Ҷамила мактабро хатм карда, мисли дигар духтарҳои деҳа дарҳол ба шавҳар набаромад.
(Идомаашро фардо соати 21-00 интизор бошед)