Formula novemver 2024
Амакбачаи касиф
5894

Пайванди муҳаббат
Ману шавҳарам ҳамдигарро дӯст дошта, оила бунёд намудем. Зиндагиамон ширин буд, Шодӣ маро ба қавли мардум рӯйи даст бардошта мегашт. Тавлиди се фарзанди нозанин риштаи муҳаббати моро боз ҳам қавитар гардонд. Давоми ҳашт соли зиндагӣ ягон бор ба ҳамдигар гапи пасту баланд назада будем. Ҳамсояҳо ва хешу табор ба ҳаёти хушу осоиштаи мо ҳасад мебурданд, вале..

Абри ғусса
Офтоби бахти моро дар як лаҳзаи кӯтоҳ абри сиёҳе пӯшонду маҳтоби ишқ абадан манзиламонро тарк гуфт. Хушбахтии оилавии моро як марди палид ба хоки сиёҳ яксон карда, ману Шодиро душман ва се фарзанди бегуноҳамонро зиндаятим гардонд. Шавҳарам аз дарду алам сарашро гирифта баромада рафт. Азбаски марди бо нангу ор буд, тарки Ватан кард Шодӣ, ман бошам бо фарзандонам ба як бурда нон зор, сарсону саргардон ва таънашунави дӯсту душман гаштам.

Меҳмони нохонда
Воқеае, ки муҷиби фурӯравии қасри бахти мо гашт, чунин сурат гирифт:
Як нисфирӯзӣ писарамаки шавҳарам –Дилшод ба хонаи мо омад. Тобистон буд ва ҳавои гарми моҳи июл ҳатто нафаскаширо барои одам басо душвор гардонида буд. Аз тасфи ҳаво кас дамгир мешуд. Кору бори хонаро то нисфирӯзӣ ба сомон расонида ба хонаи дарун, ки нисбатан салқинтар буд, даромадам, то каме дам бигирам. Шавҳарам барои хабаргирии ҷӯяҳои об ба сари замин рафта буд. Кӯдаконро ба зудӣ хоб бурд. Ман нав ғанаб карда будам, ки садои дағалонае ба гӯшам расида мурғи хобро аз чашмам парронд.
-Шодӣ, Шодӣ,-гӯён, садо кардани писарамаки шавҳарам-Дилшодро, ки аз мо чанд хона болотар зиндагӣ мекард, шунида, рӯймоламро бастаму ба истиқболи меҳмон баромадам, зеро то он рӯз ман Дилшодро мисли як бародари шавҳарам ва ҳатто ҳамчун акои худам ҳурмату эҳтиром мекардам. Одоби саломро ба ҷо оварда гуфтам:
-Шодӣ дар хона нест, каме пештар ба сари замин рафт...
-Шодӣ набошад, хонааш ҳаст-ку,-гӯён Дилшод ба миёни гапам лагад зад ва лабханди хунуке карда ҷониби хона қадам бардошту ғурунгид:
-Янга, ягон оби хунук ё дӯғ биёр, ки аз ташнагӣ забонам ба комам часпида истодааст!

Ҳаромхиштак
Дар айвон барои нишастани меҳмони нохонда ҷой дуруст кардаму барои овардани дӯғ ба ошхона рафтам. Дар дилам ким чӣ хел сиёҳии ноаёне пайдо шуда бошад ҳам, дар бораи Дилшод ягон фикри бад надоштам, зеро вай одами бегона не, писарамаки шавҳарам буд. Косаи дӯғро оварда ба дасташ додаму аз аҳволи хонаводаашон пурсупос кардам.
-Ҳама хуб, корашон хӯрдану хоб рафтан,-ҷавоб дод Дилшод ва ба сӯйи ман нигоҳи булаҷабе афканд.
- Шодӣ сағераи худодод будааст, ки ҳамин хел зана соҳиб шуд,-Дилшод ҷониби ман чашмак зад,-Зани ман ҳам зан шуд, на хонаву дарро уҳда карда метавонад, на кӯдакону шавҳарашро, ҳушу ёдаш танҳо дар бозор, пул деҳ, либос харам, пул деҳ меҳмонӣ равам...
Ба гапҳои писарамаки шавҳарам аҳамият надода ба хонаи дарун ба назди кӯдаконам гузаштанӣ шудам, чунки чунин суханонро аз забони Дилшод борҳо шунида будам. Вай ҳамеша дар назди худиву бегона модари бачаҳояшро паст мезад. Ҳама хешу табор медонистанд, ки Дилшод бо занаш бедил аст ва танҳо ба хотири падару модараш, ки ба хотири пеши пойи паиндар хору зор нагаштани набераҳояшон садди роҳи ҳамсарашро талоқ додани писарашон мегарданд, ночор бо ин зани барояш нофорам зиндагӣ карда истодааст.
-Янга, то омадани Шодӣ ман камтар дар ҳамин салқинӣ хоб мекунам,-гӯён, Шодӣ болишти пушташро зери сар гузошта дар болои кӯрпача дароз кашид ва чашмонашро пӯшид. Оҳиста косаи холиро аз наздаш гирифтанӣ шудам, Дилшоди касиф фурсатро ғанимат шумурда якбора чанг зада аз банди дастам дошт ва маро ба тарафи худ кашид. Ин рафтори писарамаки шавҳарам барои ман чунон ногаҳонӣ ва ғайри интизор буд, ки лаҳзае худро гум карда, чӣ кор карданамро надониста мондам. Гумонам, ки ҷон якбора аз дасту поям баромад. Вақте ба худ омадам, ки аллакай дар бағали бадбӯйи Дилшод будам.
-Ако, ба худ биёед, чӣ кор мекунед?! -гӯён дар талвоса афтодам. Овозам аз тарсу шарм чунон паст баромад, ки худам базӯр шунидам.
-Ҳамааш хуб аст, ором шав, ягон кас намефаҳмад, -ба таври худ маро тасаллӣ доданӣ шуд он нокас.
Ба муқобилият карданам нигоҳ накарда писарамаки кӯрнамаки шавҳарам маро ҳеҷ раҳо кардан намехост. Ҳамин дам дари айвон кушода шуд. Рангу рӯйи Дилшод якбора аз тарс ранги мурда барин парида маро сар дод. Шодӣ бо чашмони калон кушода, ҷониби мо менигаристу лабонаш пир-пир мепариданд. Шавҳарам аз шиддати асабоният сухане ба забон оварда наметавонист. Забони ман ҳам қулф зада буд. Аниқтараш ягон сухане намеёфтам, ки худро сафед кунам, чунки ин манзараи нангин маро дар чашми шавҳарам хиёнаткор ҷилва дода буд ва чизе, ки нагӯям, Шодӣ ба гапам бовар намекард...


ГӮСФАНДАЧАРОНӢ САБАБИ МАРГИ АБДУЛЛО ГАШТ



Кинои бе пул
-Ягон фикри бад накун бародар, қасам ба хонаи ободам, ки номуси янга пок аст,-ғурунгос зад Дилшод ва осемасар аз айвон фаромад. Баъди фаромадан аввалин чизе, ки мани аз тарсу изтиробу ҳаяҷон ниммурдаю нимзинда дидам, фаввора задани хун аз даҳону бинии ин меҳмони нохонда аз зарби мушти шавҳарам буд. Пас аз ин зарбаҳои пай дар пай ва мушту лагади Шодӣ аз фарқи сар, то буҷулаки пойи маро пурнақшу хуншор гардонданд, вале мани гунаҳкори бегуноҳ гӯё ба ҳайкали сангин табдил ёфта бошам, дардро ҳис намекардам. Кӯдаконам аз садои доду войи падарашон бедор шуданд. Тифлакони маъсуми мо, ки то он вақт ягон бор ба сари модарашон даст бардоштани падарашонро надида буданд, талхакаф шуда, чирросзанон гиря мекарданд. Дар як дам хона пур аз одам шуд. Шавҳарам бехудона аррос зада ба ҳамагон мегуфт, ки ману Дилшоди касофатро якҷоя қапидааст. Ҳамсояҳо ва хешу табор ин кинои бепулро тамошо карда, гоҳ сар меҷунбониданд, гоҳ лаб мегазиданд, гоҳ ба ман лаънат хонда, гиребони тавба медоштанд. Аз шарм сарамро бардошта наметавонистам. Ман гунаҳкори бегуноҳе будам, ки бо ягон роҳ покиашро исбот карда наметавонад, аз ин рӯ ба тақдир тан дода, ба сарнавишти худ бефарқ аст. Дилшоди аблаҳ кай аз ҳавлии мо бадар рафт, намедонам, вале қабзаи мӯйҳои маро аз дасти зани вай базӯр халос карданд. Кадом “некхоҳ” тозон ба хонаи Дилшод рафта хабар бурдааст, ки шавҳаратро Шодӣ бо занаш қапидааст, зани бе ҳамин ҳам дилаш пур аз алам ҳама нафрати дар тӯли солҳои дароз дар синааш ғунгаштаро акнун ба сари ман рехта, маро чунон бераҳмона зад, ки аз даҳону биниам хун фонтан барин шорид.
-Келин, бас аст, дигар дастатро ба тани ҳароми ин фоҳиша нарасон, Худо худаш ӯро шарманда кард,-ба таври худ зани Дилшодро ором мекард хушдоманаш.
Ин ҳама азобу ранҷ як сӯ шуду ҷавоби маро додани шавҳарам як сӯ, вақте ки Шодӣ калимаи пурдаҳшати се талоқро ба забон гирифт, хаёл кардам, ки дунё дар сарам чаппагардон шуд.

Пушаймонӣ надорад суд
Бегоҳ хусуру хушдоманам, раиси маҳалла, Дилшоду падараш ва чанд тан аз пешвоёни деҳа дар хонаи мо ҷамъ шуда, соҳибони маро даъват карданд. Падарам ҳамроҳи ду бародари калонам омад ва баробари аз дар даромадан ба рӯям торсакии обдоре зада гуфт:
-Қанчиқ, шармандаамон кардӣ!
-Дадаҷон, Худо шоҳид аст, ки ман ягон гуноҳ надорам,-гуфта зор-зор мегиристам.
-Қасам ба хонаи ободам, янга ягон гуноҳ надорад. Беақлӣ аз ман сар зад, илтимос, маро бубахшед,-гӯён Дилшод гуноҳро ба гардан гирифт, вале...
Аллакай кор аз кор гузаштаю Шодӣ суханеро, ки бояд аввал андеша карда, баъд ба забон меовард, кайҳо ба забон ронда буд ва гунаҳкор ё бегуноҳ будани ман дигар моҳият надошт. Ҷамъомадагон тасмим гирифтанд, ки маро бо кӯдаконам аз хона берун намекунанд, агар ягон домуллои мефаҳмидагӣ фатвои зиндагии якҷояи ману шавҳарамро диҳад, метавонем боз никоҳ карда, зиндагиамонро давом диҳем, вале Шодӣ оҳи сард кашида гуфт:
-Занам бегуноҳ ҳам бошад, дигар бо вай зери як бом зистани ман ҳаром аст.
Падари фарзандонам инро гуфту аз хона баромад. Ҳама пароканда шуданд. Падару бародаронам аз он, ки маро дар хонаам мононданду сарбории онҳо нагаштам, каме осуда гашта, ба гӯшам панду насиҳати зиёде хонда ба хонаи худ баргаштанд. Дар миёни чор девори хона ва чордевори қисмат ману се фарзанди хурдсолам танҳо мондем..

Азми сафар
Ҳамин тавр аз байн як ҳафта гузашту шавҳарам дигар пояшро ба остонаи дар нагузошт. Шабҳо то саҳар бо чашмони гирён роҳи Шодиро мепоидам, вале субҳ медамиду хуршеди умеди ман тулуъ намекард. Ҳафтае баъд додари шавҳарам ба хона омада, каме маблағро ба дастам қапонда, хабар дод, ки Шодӣ чипта харидаасту ду рӯз пас ба Русия парвоз мекунад. Осемасар роҳ сӯйи ҳавлии хусурам гирифтам. “Агар кушад ҳам, бояд ман дилама холӣ кунам”,-мегуфтам худ ба худ.

Ҷудоӣ нолаҳои зор дорад
Аҳли оила дар зери ҳавозаи ангур, дар болои кати калони чӯбин нишаста буданд. Баробари дидани ман ҳама якбора аввал ба ман, сипас ба якдигар нигаристанд. Касе чизе намегуфт.
-Шодӣ, қасам ба сари азизи се фарзандамон, ман гуноҳ надорам. Худамро аз чанголаш халос карда натавонистам, вале Худо шоҳид, ки домонам пок аст. Фикри бачаҳоямонро кун! Ба худ биё, мардак,-гуфтам бо талвоса ва аз нотавонию хорӣ ҳунгос зада, инони гиряро сар додам.
Ҳамагон ҳамоно хомӯш буданд. Хушдоманам бо гӯшаи рӯмоли сараш ашки чашмонашро пок карда: “илоҳо хонаи Дилшод сӯзад” гӯён, оҳи сард кашид.
-Собира, ман ба бегуноҳии ту бовар мекунам, аммо... кори шудагӣ аллакай шуд. Ману ту дубора наметавонем зану шавҳар бошем. Кӯдаконамро хуб нигоҳ кун ва нағз тарбият деҳ. Ман бароятон маблағ фиристода меистам,-канда-канда бо сари хам гуфт Шодӣ ва аз ҷояш хеста, тарафи боғашон рафт.
Баъди ин фаҳмидам, ки ба зиндагии оилавии мо нуқтаи ниҳоӣ гузошта шуд...

Сиёҳбахт
Зиндагии Дилшод, ки бе ин ҳам маъное надошт, баъди ин воқеаи нангин зеру забар гашт. Занаш қаҳр карда бачаҳояшро гирифта ба хонаи волидонаш рафт, худи Дилшод бошад аз шарм дигар дар байни мардум сар бардошта натавониста ба ким-кадом гӯшаи дури Русия фирор намуд. Ҳамсараш пошхӯрии оилаашро аз ман дида, то имрӯз маро дар ҳама ҷо дуои бад карда мегардад, аммо ин барои ман заррае ҳам аҳамият надошту надорад. Ман гунаҳгори бегуноҳе ҳастам, ки танҳо ба як савол ҷавоб меҷӯяд: Барои кадом гуноҳам худованд чунин шармандагиро ба сарам овард?! Ҳарчанд фикр мекунам, ба ин савол ҳеҷ ҷавоб ёфта наметавонам!
Таснифи Наргиси Муродалӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД