Formula novemver 2024
НАМАКЗАДАҲО
5561

Абдуғаффор аз поезди Душанбе-Москав дар вокзали Қазон фаромад. Азбаски тамоми роҳ дар бораи чӣ тавр дар ин шаҳри калон иҷорахона ёфтан фикр мекард, бо дидани кампирони зиёде, ки дар дасташон эълонномаҳои «иҷора-нишин мегирам» буд, чашмонаш аз хурсандӣ барқ заданд. Ӯ дарҳол ба назди як аз онҳо рафта, дар куҷо будани хонаашро пурсон шуд. Кампирак суроға ва шароитҳои манзилашро гуфта, сипас пурсид:


-Писарам, миллатат чист?
– Ман тоҷик модарҷон, - бо табассум ҷавоб дод Абдуғаффор.
Бо шунидани номи тоҷик авзои кампири рус якбора дигаргун гашт ва қошу қавоқ гиронда гуфт:
-Ман хонаамро ба тоҷикон иҷора намедиҳам.
Абдуғаффор чизе нагуфта ба назди кампираки дигари иҷорадеҳ рафт, аммо ӯ ҳам бо шунидани калимаи тоҷик хоҳишашро рад намуд.
Ҳамин тавр вай ба 10-15 соҳибхона муроҷиат намуд, аммо баробари шунидани он ки тоҷик аст, онҳо лабу лунҷашонро овезон карда, хоҳишашро рад мекарданд. Абдуғаффор дубора ба нази ҳамон кампираки аввалӣ баргашт ва дипломи сурхи аз донишгоҳ гирифтаашро ба ӯ нишон дода, ваъда кард, ки ду баробар бештар пул медиҳад, агар ақаллан як ҳуҷраашроо ба ӯ мувақатан иҷора диҳад. Кампир аввал дудила шуда бошад ҳам, баъди он ки Абдуғаффор аз киссааш як қабза пул баровард, розигӣ дод.
Раҳораҳ вай аз соҳибхона, ки Светлана ном доштааст, сабаби аз тоҷикон ҳазар намуданашро пурсон гашт. Кампирак оҳи сард кашида қисса кард, ки дар ҳамсоягиашон Нина ном зани бефарзанде зиндагӣ мекард. Шавҳари Нинаро солҳои ҷанг дар Германия кушта баданд ва ин зани бовафо дигар ба шавҳар набаромада, умрашро ба танҳоӣ сипарӣ намуд. Дар хонаи ана ҳамон Нинихола ду ҷавони тоҷик солҳои дароз иҷора менишастанд. Нинахола Рустаму Курбонро фарзанд хонда, барояшон хӯрок тайёр мекард, либосҳояшонро мешӯст. Бачаҳо ҳам зоҳиран ба Нина-хола хеле содиқ менамуданд ва дар корҳои рӯзгор ба ин кампираки дасттанҳо ёрӣ мерасонданд. Қариб ҳамаи ҳамсояҳо онҳоро мешинохтанд. Рустам ва Қурбон ҳар сол ба ватанашон рафта ду-се моҳ меистоданд, аммо Нинахола ба хотири он ки баъди бозгашт онҳо дар кӯча намонанд, ягон иҷоранишини дигар намегирифт. Ҳамин тавр аз байн шаш сол гузашт. Дар ин миён иҷоранишинҳояш барои Нинахола мисли фарзанд азиз гашта буданд. Аз меҳру муҳаббати зиёди ин кампираки зудбовар истифода бурда, боре Рустаму Қурбон ба ӯ пешниҳод мекунанд, ки хонаашро фурӯхта,ҳамроҳи онҳо ба Тоҷикистон равад. Нинихола аввал дудила мешавад, вале писархондҳояш оби ҳавои форам ва боғҳои пурмеваи ватанашонро васф намуда мегӯянд, ки дар Тоҷикистон хона бисёр арзон аст ва ӯ метавонад бо пули ҳамин манзилаш якбора ду-се квартира харад. “Дар як хона худатон зиндагӣ мекунед, дигарашро иҷора медиҳед ва як умр кайфу сафо карда, гули чизро хӯрдаю гули чизро пӯшида мегардед” мегуфтанд Рустаму Қурбон дар дили кампирак оташ афрӯхта.


САНКТ-ПЕТЕРБУРГ: ЧАШМИ МУҲОҶИРИ ТОҶИКРО КӢ КАФОНД?


Билохира, Нинахола розӣ шуд. Рустаму Қурбон ба зудӣ харидори серпулеро ёфта, хонаи кампирро фурӯхтанд. Кампир бо умеди он ки дар Душанбе зиндагии навро оғоз хоҳад кард, тамоми ҷиҳози хонаашро ҳам бо нархи арзон фурӯхт.
-Бо чунин маблағи калон гаштани шумо барин одами солхӯрда хатанок аст. Беҳтараш пулро ба дасти мо диҳед, ҳамин ки ба Тоҷикистон расидем, пулатонро ба шумо медиҳем,-гӯё ғамхорона пешниҳод намуд Рустам.
Нинихолаи зудбовар бе ягон андеша тамоми маблағи дар дасташ бударо бо ду дасти адаб бароварда ба ин ду ҷавон дод. Рустаму Қурбон бо баҳонаи он ки нархи чиптаи ҳавопаймо бисёр баланд аст, ба поезд билет хариданд.
Дили кампир пур буд, ки писархондҳояш ӯро сиҳату саломат ба манзил мерасонанд ва дар ҳуҷраи қатора пойҳояшро баҳузур дароз карда, рӯйи рахти хоб дароз кашид. Кай ғанабаш бурд, дар ёд надорад, вақте ки чашмонашро кушод, аз Рустам ва Қурбон дарак набуд. Шояд ба қазои ҳоҷат рафта бошанд, аз дил гузаронд Нинахола, аммо аз байн қариб як соат гузашту аз бачахондҳояш дарак нашуд. Ба дили кампир алав афтид, ки бо бачаҳо ягон ҳодисаи нохуш рӯй надода бошад ва баромада ҳама ҷойро кофт, аммо аз Рустаму Қурбон дарак наёфт. Нинихола моҷароро ба кормандони қатора нақл карда, куҷо шудани он ду ҷавони тоҷикро пурсон шуд. Ба ӯ гуфтанд, ки бачаҳои ҳамроҳаш буда дар Қазоқистон аз поезд фаромаданд. Бо шунидани ин хабар Нинахола фиғони талхе кашида аз ҳуш рафт.
Кормандони қатора бо як азоб кампирро ба ҳуш оварданд ва ба ӯ кӣ шудани он ду ҷавонро пурсон шуданд. Нинахола ҳодисаро аз аввал то ба охир нақл кард. Бо шунидани он ки ду ҷавони тоҷик як кмапираки танҳои русро бераҳмона ғорат кардаанд, кормандони қатора ба ғазаб омаданд ва ба пулис хабар доданд.
Дере нагузашта Рустам ва Қурбонро дар қазоқистон дастгир намуданд, аммо он ду беинсоф аллакай нисфи пули кампирро сарф карда буданд.
Рустаму Қурбон бо дастони баста ҷуръати ба рӯй Нина-хола, ки ба онҳо бовар карда, чун фарзандонаш дӯсташон медошт, нигоҳ карда наметавонистанд, охир онҳо шаш сли дароз нону намаки ин занро хӯрда оқибат ба намакдон туф карданд.
Ҳаққи намаки Нина-хола он ду худобехабарро кӯр кард ва ба мӯҳлати 15 сол зиндонӣ шуданд. Нинахола ба Ватанаш баргашт ва бо он маблағи ночизе, ки аз пули хонаи сеҳуҷрагии пурҷиҳозаш боқӣ монда буд, як хоначаи якҳуҷрагии бе таъмирро харидорӣ намуд.
Светлана Ивановна нақли қиссаи талхи ҳамсояашро ба охир расонида рӯ ба Абдуғаффор оварду гуфт:
-Писарам, акнун фаҳмидӣ, ки чаро мардуми мо хонаҳояшонро ба тоҷикон иҷора намедиҳанд. Албатта ман гуфанӣ нестам, ки ҳамаи ҳаммиллатони ту чунин беинсоф ва фиребгар ҳастанд, вале як гови рихин як подаро меолонад гуфтаанд. Ман, солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар Тоҷикистони шумо будам. Медонам, ки тоҷикон чи гуна халқанд. Меҳмондӯстию дарёдилии онҳоро ҳеҷ гоҳ фаромӯш карда наметавонам, аз ҳамин хотир ҳам туро ба хонам роҳ додам…

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД