Дар ноҳияи Приморскии Петербург ду шахси ношинос аз таппончаи аэрозолии тамғаи “Пионер” ба сӯйи як ҷавони 26-солаи тоҷик тир кушодаанд. Дар натиҷаи ин ҳуҷуми ногаҳонӣ муҳоҷири тоҷик сахт зарар дида, чашмаш кафидааст...
Тавре ки расонаҳои русӣ менависанд, ҳодиса дар назди як дискоклуби шабона рӯй додааст. Шахсони ношинос бе ягон сабаб ба муҳоҷири тоҷик ҳуҷум намуда, барқасдона ба рӯяш тир холӣ кардаанд.
Бино ба маълумоти «Невские новости» ҷабрдида соли 1993 ба дунё омада, шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Айни замон ин муҳоҷири тоҷик дар бемористон қарор дорад, вале ба гумон аст, ки табибон чашми кафидаи ӯро дубора барқарор карда тавонанд.
Аслан таппончаи аэрозолӣ ба категорияи яроқи оташфишон дохил намешавад, вале он як ҷавони тоҷикро аз ганҷи аз ҳама қиммат-биноӣ маҳрум намуд.
Айни замон шахсони ба ин муҳоҷири тоҷик ҳуҷумкарда, ки аз рӯйи баъзе маълумотҳо ду марди тахминан 40-45 солаи чеҳраи аврупоӣ дошта мебошанд, дар ҷустуҷӯ қарор доранд.