Дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия боз як муҳоҷири тоҷик кушта шуд.
Ҷасади Соҳиб Сафарови 25-соларо, ки аз шикамаш корд хӯрда буд, аз назди бинои № 16-и кӯчаи “Звейздная улица” як рӯз қабл пайдо карданд. Дар куштори ин ҷавони тоҷик як муҳоҷири дигари 24-сола, ки зодаи Ҷумҳурии Ӯзбекистон будааст, гумонбар дониста мешавад.
Ба иттилои мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳри Санкт-Петербург ҳарду ҷавон ба сифати фурӯшанда дар як мағоза кор мекардаанд. Байни муҳоҷири тоҷик ва ҳамкори ӯзбекаш моҷарои ошиқона бархоста, ду ҷавон барои як духтар даст ба гиребон мешаванд. Баҳси лафзӣ баъдан ба ҷангу ҷанҷол ва занозанӣ печида, бо куштори ҷавони тоҷик анҷом меёбад.
Дар рафти тафтишотӣ пешакӣ маъум шудааст, ки ҳарду ҷавон аз Русия “депорт” шуда буданд ва дар ин кишвар ғайри расмӣ кору зиндагӣ мекардаанд.
Ҷасади Соҳиб Сафаров ба зодгоҳаш, шаҳри Турсунзода оварда мешавад.
Ёдрас мешавем, ки соҳиб ягона қурбонии мулки ғурбат нест, қариб ҳар ҳафта аз Русия ҷасади ягон муҳоҷири тоҷик ба Ватан оварда мешавад. Иддае аз муҳоҷирон аз дасти скинхедҳо кушта мешаванд, бархи дигар қурбони ҷангу ҷанҷолҳои гуруҳӣ мегарданд ва ё ҳангоми иҷрои корҳои сохтмонӣ аз биноҳои баландошёна афтида, пора-пора мешаванд. Тавре ки Камоли Хӯҷандӣ гуфта буд:
Дар ғарибӣ ҷон ба сахтӣ медиҳад, мискин Камол,
Во ғарибӣ, во ғарибӣ, во ғарибо, во ғариб