Рӯзи 1- марти соли ҷорӣ, ки аввалин рӯзи фасли баҳор маҳсуб меёбад ба хазоншавии умри кӯдаки 10-сола аз шаҳри Бохтар, ноҳияи Хуросон, ҷамоати деҳоти Бандар (пештара Қизилқалъа) паси сар шуд. Дар ин рӯз шодии хурду калони диёрро ҳадду канор набуд.
Зеро баҳори деринтизор фаро расидаву мардум аз омадани он хушҳол буданд, аммо оилаи Розиқовҳо ба ҷои шодиву хурсандӣ, шаҳди мотамро чашида, барои аз даст додани писарашон Абудулло хун мегиристанд. Писари дуюми Султонмурод Розиқов, Абдулло Розиқови 10-сола, ки дар синфи 3-юм мехонд ба саҳро барои чаронидани гӯсфандон рафту дубора ба хона барнагашт.
Абудлло дар мактаби миёнаи таҳсилоти умумии № 25-и деҳаи Ҳаёти нав мехонд. Ба гуфти муаллимонаш хонандаи фаъол буд ва одоби нек дошт. Рӯзи якшанбе , ки рӯзи истироҳатист, кӯдаки маъсум барои ёрӣ расонидан ба корҳои хоҷагӣ, хост гӯсфандчаронӣ равад. Аммо ба гуфти мардуми деҳа “ӯро аҷал фарёд кард”, ки бо вуҷуди розӣ набудани волидонаш барраҳоро пеш –пеш намуда, ба чарогоҳ рафт.
БЕМЕҲРИИ ПИСАРОН МОДАРРО ЧӮПОН КАРД
Ин писараки доною зирак, ки ҳангоми нигоҳубини гӯсфандон , мехост ҳезум ҷамъоварӣ намуда, вақти хонаравӣ ба пушташ бор карда, ба хона баргардад, вале...
Вақте ба дараи Зоғак расид, чанд решаи хушкидаи роғунро дид. Хост онҳоро канда бегоҳ ҳамроҳ бо худ ба хона орад. Зеро дар шароити деҳот 4 фасли сол ниёз ба сӯзишворӣ ҳаст. Бо нияти ҳезумканӣ пой ба рӯи харсанге монд, аммо аз таъсири боронҳои пайдарпайи чанд рӯз қаблӣ сангҳо ковок ва номустаҳкамро беҷо карда буданд, якбора канда гашта, санги таи пояш тарафи ҷарӣ ғелид. Абдулло то фаромадан ба даруни ҷарӣ ба харсангҳо бархӯрда шикамаш дарида ва пешонияш (қисмати чакка) ғиҷим шуда, кӯдаки бечораро дар хуни худаш ғарқ гардонд.
Абдулло, ки бо амакбачаҳояш ба чарогоҳ рафта буд, аз ин ҳодисаи мудҳиш онҳо аввалин шуда воқиф гардиданд ва сахттарсида, сӯи хонаи тағояшон шитобанд то ба волидони кӯдак хабар диҳанд. Падари Абдулло, Султонмурод ба ҷои ҳодиса омада, ҷисми дар хоку хун олудаи писарашро рӯи дастонаш бардошта, ба беморхонаи маркази шаҳри Бохтар бурд. Абдуллои орзухоҳ, ки дасту пойҳояш шикаста ва шикамашу дигар узвҳои танаш дарида буд, баъди ду рӯзи ин ҳодиса дар шӯъбаи эҳёгарии беморхона ҷон ба ҳақ таслим намуд.
Модари Абдулло-Ҳуснигул Розиқова ба гуфти хешовандонаш баъди 5 соли табобату интизорӣ соҳиби фарзанд шуда буд. Писари калонияш мисли садҳо ҳамватанони мо дар муҳоҷирати меҳнатӣ буда, писари дуюми ин хонадон Абдулло ҳамеша кӯмакрасони падару модараш буд. Аммо як рӯз пеш ҷисми беҷони ӯро ба хоки сард супурданд.
Аз тамоми падару модарон хоҳиш мекунем, ки дар ин фасли боронӣ, фарзандонашонро эҳтиёт карда, ба ҷойҳои дур, хусусан кӯҳу дара нафиристонанд.