Калориҳои як табақча (Портсия) ош:
436
ККАЛ
сафеда
21,6
ГРАММ
- равған
14,7
ГРАММ
- карбогидрад
Маҳсулот
Сабзӣ 2-дона
Гӯшти гӯсфанд-500 г
Пиёз-2 дона
Биринҷ -2 истакон
Равғани растанӣ-50 мл
Сирпиёз- як дона
Намак ва хушбӯйкунандаҳо мувофиқи завқи кадбону
Тарзи таҳия
1. Гӯштро тоза шуед.
2. Пиёзро пӯст кунед, шӯед ва реза кунед.
3. Сабзиро шуста, пуст кунед ва ба шакли наргисӣ реза кунед.
- 4. Омода кардани зирбак (Ин қисмати асосии палов- яъне, зирбонидани гӯшт, сабзӣ ва пиёз бо иловаи хушбӯйкунандаҳо)
Барои омода намудани зирбак дегро тасфонида, ба он равғани растанӣ рехтан лозим. Онро хуб доғ карда, пиёзи резакардаатонро ба дег андозед ва муддати 5–7 дақиқа то сурхчатоб шуданаш зирбонед.
5. Гӯшти намакхӯрдаро пас аз пиёз ба дег андохта, муддати 10-дақиқа то он даме, ки қисмати болои он пурра сурх мешавад, бирён кунед.
6. Баъдан сабзиро илова намуда, ҳама маҳсулоти дегро омехта созед ва муддати 3–5 дақиқа зирбонед.
7. Ба маҳсулоти зирбонидашуда оби пешакӣ ҷӯшонидаро илова намоед. (Об бояд аз маҳсулоти дег тахминан 2-сантиметр боло бошад) . Пас аз ин намаку мурч ва дигар хушбӯйкунандаҳоро андохта, муддати 20-дақиқа дар алови паст зирбакро ҷӯшонидан лозим.
8. Сипас биринҷро оҳиста ба дег андозед ва ба рӯйи зирбак паҳн намуда, (вале омехта кардан мумкин не) сирпиёзро дар байни он гузоред, метавонед камтар оби ҷӯшомадагӣ илова намоед. Об бояд биринҷро ба андозаи 2см пӯшонад. Биринҷро дар оташи баланд то бухор гаштани обаш муддати 10-15 дақиқа ҷӯшонед.
9. Пас аз хушк шудани оби биринҷ оташи таги дегро паст карда, биринҷро дар байни дег ҷамъ намоед ва бо дастаи қошуқ аз чанд ҷояш шикоф кунед. Даҳони дегро пӯшед ва монед, ки ош 15–20 дақиқа дам хӯрад.