Аслан мо –занҳо мардонамонро дӯст медорем,вале баъзе одатҳои онҳоро нодида гирифтан номумкин аст.
Мо дар бораи одати сигоркашӣ ё нохунхоии мард чизе намегӯем, ҳарчанд ин ҳам одати бад ба шумор меравад. Имрӯз он хислатҳои мардонаеро қайд менамоем, ки ба асаби зан нохун мезананд. Инак, 10 одати бадтарини мардҳо:
1. Ба хона дер меояд
Гоҳе сабаби дер омадани худро мард ба маҷлис ва гоҳи дигар бо вохӯрии дӯстонаш марбут медонад. То пайдо шудани телефонҳои дастӣ, ибораи маъмӯлии бонувон чунин буд: ман аллакай се бор хӯрокро гарм кардам! Бо пайдо шудани телефонҳои мобилӣ, вазъият он қадар ҳам тағйир наёфтааст, ҳанӯз ҳам мардҳо ба хона дер меоянду ҳељ гоҳ дар ин бора хотиррасон намекунанд! Гоҳ маљлис доранд, гоҳе нақлиёт наёфтанд, гоҳи дигар бо рафиқон нишастанд. Умуман, баҳона бисёр аст. Мисли саги вафодор ӯро интизор будани завҷааш ҳатто ба ёди мард намерасад. Қисмати зан чунин будааст.
2. Занҳоро муҳокима мекунад
Дар ҳузури занашон низ баъзе мардҳо занҳои бегонаро муҳокима мекунанд. Аз кӯча гузаштан бо чунин мард имконнопазир аст. Бо дидани бонуи зебо на танҳо гардани мард мешиканад, балки боз бо овози баланд ба муҳокима шурӯъ менамояд ва умедвор мешавад, ки занаш низ ба гапҳои ӯ луқма мепартояд. Вақте дар ҳузури ҳамсараш мард чунин рафтор мекунад, бо дӯстонаш дар бораи чӣ гап мезанад, маълум аст.
3. Либосҳояшро ба чор тараф мепартояд
Ҷӯробам канӣ? Куртаи ман куҷо шуд?-ҷони занро ба лабаш расонда мепурсад ҳар рӯз мард. Ҳар тараф партофтани либосҳояш дарди бахайр, вале ҳар субҳро ба ҷустуҷӯи либосҳояш сар кардани мард асабхарош аст. Кӯшиши маҷбур сохтани мард барои ҷамъ кардани либосҳояш натиҷа намедиҳад. Вақте зан безор шуда, либосҳои шавҳарро љо ба ҷо мекунад, доду войи мард бештар мешавад. «Либосҳоямро куҷо кардӣ? Чаро либосамро шуста, дарзмол карда, болои ҳам гузоштӣ?»-менолад мард норозиёна ва ин ношукрбандагиаш ҷони занро ба лабаш меорад.
4. Ошиқи бозиҳои компютерист
Мардҳо баъди кор бояд истироҳат намоянд. Дар асри пешрафтаи технологияҳои босуръати мо, аксари мардҳо ба бозиҳои компютерӣ ва телефонӣ машғул мешаванд. Тирпаронӣ, мошинронӣ, футбол, санъати ҷанг ва боз мувофиқи табъи ҳар нафар даҳҳо намуди бозӣ. Чаро? Барои пайдо намудани ҷавоб ба ин суол диссертатсияи калон навиштан мумкин аст, вале кӯтоҳ карда гӯем, мардҳо барои пурқувват будани худро собит кардан бозӣ мекунанд.
5. Истироҳатро дӯст медорад
Одати маъмӯлтарини дӯстдоштаи мардҳо истироҳат аст. «Азизам, чунон хаста шудаам, ки... Биё наздам нишин. Намехоҳӣ? Корат бисёр аст? Хайр, майлаш ман танҳо истироҳат мекунам»-ин суханонро ҳар як зан ҳамарӯза мешунавад. Албатта, агар зан ҳам паҳлӯи мардакаш дароз кашида истироҳат кунад, баъди ду ҳафта аҳволи хонаро дида намешавад.
6. Ба кори хона даст намезанад
Дар ҳар як хона корҳое ҳастанд, ки маҳз ба қувваи дасти мард ниёз доранд. Масалан, деворро сӯрох кардан, мех задан ё љиҳози вазнинеро бардоштан. Аз мард талаб кардани ҳатман иҷро намудани ин вазифаҳо номумкин аст. Занҳоро лозим меояд хушомад зананд, дилёбӣ кунанд, дод зананд, ҳилла ва ҳатто фиребро ба кор баранд. Беҳтараш ҳамин корҳои мардонаро ҳам зан худаш ба анҷом расонад.
7. Ҷӯрабозӣ мекунад
«Азизам, ман назди рафиқонам меравам», -гуфта мард занашро як бӯса мекунад ва бо ҳамин гум мешавад. Чунин аҳвол чанд рӯз паи ҳам давом мекунад. Албатта зан ҳам метавонад дар набудани шавҳараш дугонабозӣ кунад, вале азбаски шавҳарро аз сидқи дил дӯст медорад, мехоҳад танҳо бо ӯ бошад.
8. Аз ҳад зиёд эҳсосӣ аст
Вақти тамошои футбол мардҳо девонавор дод мезананд, аммо вақте зан дар бораи мушкилоти худ гап мезанад, хоболудона сар меафшонанду халос.
9. Пашша барин хира мешаванд
Ҳангоми пухтани хӯрок дар ошхона пашша барин хира мешаванд. Мабодо ягон чизи бомазза ёфтанд, он то дастурхон намерасад.
10. Хуррок мекашанд
Баланду гулдуросзанон хуррок мекашанд мардҳо ва на тела кардану на бедоркунӣ кӯмак намекунад. Дар натиҷа зан то саҳар аз хоб мемонад.
Аслан рӯихати одатҳои бади мардона интиҳо надорад, вале бо ҳамин иктифо мекунем.