Sebiston new 2024 october
Ҳуқуқҳои кӯдаконро кӣ ҳимоя мекунад?
3908


Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакон яке аз ҳуҷҷатҳои муҳимтарини ҳуқуқи байналмилалӣ ба шумор рафта, ҳуқуқ ва манфиатҳои атфолро дар сар то сари сайёраи замин ҳимоя менамояд.

Аксари кишварҳои ҷаҳон онро эътироф намудаанд, зеро Конвенсия сарнавишти имрӯзу фардои кӯдаконро дар паҳнои олам муайян месозад.

Кӯдаконро ба сиёҳпӯсту сафедпӯст ҷудо накунед!
Дар ҷомеаи муосир натанҳо дар кишварҳои қафомонда, балки ҳатто дар баъзе давлатҳои пешрафта низ бархӯрдҳои динию нажодӣ хеле зиёд ба назар мерасанд, Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакон шадидан ба муқобили чунин шеваи муносибат бо кӯдакону ноболиғон аст. Давлатҳое, ки ба ин ҳуҷҷати муҳими сарнавиштсоз имзо гузоштаанд, вазифадоранд, ки барои ҳимояи ҳаёт ва ҳуқуқҳои ҳар як кӯдак, сарфи назар аз миллат, дин ва нажодаш чораҳои зарурии ҳуқуқӣ андешида, барои таъмини бачагии хушбахтона ва рушди кӯдакон ҳамчун шахсият дар ҷомеа тамоми шароитҳои лозимаро фароҳам оваранд.

Ҳадаф чист?
Ҳимояи ҳаёт ва саломатии кӯдакон, мубориза ба муқобили тамоми намудҳои зӯроварӣ алайҳи кӯдакону наврасон, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ барои дастрасии атфол ба омӯзиши илму дониш, заминасозӣ баҳри нумуъи ҳунару истеъдод ва рушди шахсияти бачаҳо ҳадафҳои калидии конвенсияи байналмиллали ҳуқуқи кӯдакон ба шумор меравад.

Ҳаёти кӯдак муқаддас аст
Қобили зикр аст, ки ҳимояи ҳаёти кӯдакону наврасон аз самтҳои асосии Конвенсия ҳуқуқи кӯдакон ба шумор меравад. Ин ҳуҷҷати муҳими байналмиллалӣ тамоми навъ ва намудҳои хушунатро ба муқобили ҳаёт ба озодии кӯдакон дар саросари олам маҳкум карда, ҳатто дар мавриди содир намудани ҷиноят аз ҷониби насли наврас ба ҳабси якумра, бидуни имкони озодшавӣ маҳкум кардани кӯдакону наврасонро манъ кардааст. Тибқи ин Конвенсия судҳо ҳақ надоранд, ки ба шахсони ҳанӯз ба синни 18-солагӣ нарасида, ки расман ноболиғ эътироф карда шудаанд, ҳукми қатлро раво бубинанд.

Кӯдак моли волидон нест!
Қаблан волидон ба фарзандони хеш ҳамчун ба моли шахсиашон муносибат мекарданд ва ҳатто дар ҷомеаи муосир низ падару модароне ёфт мешаванд, ки бачаҳояшонро чун моли шахсии худ қабул карда, фикру ақидаи кӯдаконро ба назар намегиранд ва нисбати атфол намудҳои гуногуни зӯроварӣ, аз ҷумла зӯроварии равонию ҷисмониро раво мебинанд. Конвенсияи байналмиллалии ҳуқуқи кӯдакон чунин шеваи муносибатро бо кӯдакон қатъиян манъ кардааст. Тибқи ин конвенсия кӯдак моли волидонаш ё обекти хайрия набуда, балки инсони комилҳуқуқ аст. Кӯдакон ҳамчун аъзои оила ва аъзои ҷомеа, вобаста ба синнну сол ва ҷаҳонбиниашон дар ҳар як давраи рушди худ ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои муайянеро доро мебошанд.

30-соли пуршараф
Аз қабули Конвенсияи ҳуқуқи кӯдакон 30 соли расо гузашт. Дар тӯли ин солҳо туфайли ҳамин ҳуҷҷати муҳим теъдоди кӯдакони то 5-солае, ки аз гуруснагӣ азоб мекашиданд, имрӯз дар ҷаҳон то 100 миллион кам шудааст.
Бемории полиомелит 30 сол қабл ҳар рӯз зиёда аз 1000 нафар кӯдаконро дар кишварҳои гуногуни олам маҷрӯҳ месохт ё бо марг рӯ ба рӯ менамуд. Имрӯз ин рақам 99% кам шудааст, аммо новобаста ба ин ҳама дастовардҳо то ҳол кӯдакон мушкилоти зиёде доранд.

Мушкилоти кӯдакони ҷаҳони муосир
Камбағалӣ, нобаробарии иқтисодию иҷтимоӣ, хушунату зӯроварӣ алайҳи кӯдакону наврасон имрӯз низ миллионҳо кӯдаконро аз кӯдакии хушбахтона бенасиб гардонидааст.
Ҳар рӯз дар ҷаҳон зиёда аз 15000 кӯдакони то 5-сола аз бемориҳои гуногун мемиранд.
Шумораи гирифторони бемории камхунӣ дар байни ноболиғон, хоса духтарҳо торафт меафзояд.
Никоҳҳои бармаҳал ва пайомадҳои ногувори он аз қабили марги модару кӯдак ба мушкилоти асосии иддае аз кишварҳои сайёра табдил ёфтааст.
Масъалаи фарогирии кӯдакону наврасон ба мактаб ҳалли худро гӯиё ёфтааст, аммо сатҳи донишандӯзии насли наврас имрӯз на дар ҳама кишварҳои олам ба талаботи ҷаҳони муосир ҷавобгӯст.
Зиёда аз нисфи наврасон дар сайёраи Замин то ба имрӯз дар мактаб, хона ва дигар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо намудҳои гуногуни зӯроварӣ рӯ ба рӯ мешаванд.
Даргирӣ ва моҷароҳои гуногуни сиёсию динию мазҳабие, ки дар иддае аз кишварҳои олам аланга задаанд, ҳаёти насли наврасро зери хатар гузошта, аксаран боиси поймол гаштани ҳуқуқҳои атфол мегарданд ва кӯдаконро аз кӯдакии хушбахтона маҳрум месозанд.
Мушкили дигари кӯдакони ҷаҳони муосир ин муҳоҷират мебошад. Ҳамроҳи волидонашон марзи кишвари худро убур намуда, кӯдакони муҳоҷир бо мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ мегарданд. Бачаҳо ояндаи мо ҳастанд, аз ин хотир натанҳо сарони давлатҳо, ҳуқуқшиносон ва ташкилотҳое, ки ба ҳимояи ҳуқуқи кӯдакон масъул гардонида шудаанд, балки ҳар як фарди ҷомеа бояд барои ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои кӯдакону наврасон ва таъмини шароитҳои беҳтарин барои рушди ҳамаҷонибаи атфол талош варзад.


Мавод бо дастгирии ЮНИСЕФ нашр гардид!


Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД