Arzon march 2024
Таркиши мошин дар роҳи Бохтар-Душанбе(3 акс аз ҷои ҳодиса)
4727

 

Дирӯз дар шоҳроҳи Душанбе-Бохтар автомобили тамғаи Mercedes E-класс 211 таркид...

Тавре ки яке аз шоҳидони ҳодиса бо исми Акбар Азимов зимни сӯҳбат бо хабарнигори сомонаи Oila.tj Наврӯзмоҳ Вазирбекова гуфт, оби автомобил ҳангоми ҳаракат аз самти Бохтар ба Душанбе ҷӯшида, дар натиҷа мошин оташ гирифтааст. Ҳангоми сӯхтор балони гази дар бордони Мercedes буда таркида мошин ба пуррагӣ сӯхта хокистар гаштааст.

Қобили зикр аст, ки автомобили мазкур моликияти яке аз корхонаҳои давлатӣ буда, аз ин ҳисоб давлат зарари моддӣ дид. Хушбахтона, мусофирон сари вақт аз Mercedes фаромадаанд ва зимни ин таркиш талафоти ҷонӣ ба қайд гирифта нашудаст.


Падарам дар пушти панҷара аст, модарам бошад, розист, ки маро ба ҳар як кал ё кӯри пешомада ба занӣ дода, аз мани ба қавли худаш “касофат” халос шавад. 

 


Навори видеоии моро аз таркиши ин мошини Mercedes дар шоҳроҳи Душанбе-Бахтар пас аз чанд соат дар сомонаи Оила. ТҶ интизор бошед!




Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД