Ҷавони 23-солаи муҷаррадам. Бо ду духтари муносибатҳои ошиқона дорам.
Шабҳо аз падару модарам пинҳонӣ гоҳ бо Ситора чақ-чақ мекунаму гоҳи дигар бо Парвина, вале дар масъалаи бо кадомашон хонадор шудан ҷиддӣ фикр накарда будам. Ҳафтаи гузашта модарам дар боби оиладоршавии ман гап кушода гуфт, ки духтари ҷӯраи падарамро таги чашм кардааст ва ба хонаи онҳо хостгорӣ мераванд. Оилаи мо оинҳои худро дорад ва тибқи таомули хонаводагӣ сухани волидон барои мо, фарзандон ҳукми қонунро дорад, аз ҳамин хотир чизе гуфта натавонистам. Хабари тараддуди зангирӣ доштанамро шунида ҳарду маҳбубаам якбора “девона” шуданд ва маслиҳат кардагӣ барин ҳардуяшон як гапро гуфтанд: “Худамро мекушам!” Гумон доштам, ки ин гапро барои тарсондани ман мегӯянд, аммо маълум шуд, ки шӯхӣ намекардаанд. Парвина аз алам раги дасташро бурида ба беморхона афтид, Ситора бошад, доруи димедрол хӯрда, қариб ҷон ба ҷонофарин месупурд.
Нав ба 25 қадам гузоштаам, вале ба назарам чунин мерасад, ки беш аз сад сол зиндагӣ кардам.
Падарам аллакай ба хостгории духтари ҷӯрааш рафта, масъалаи тӯйро ҳал карда омаданд. Метарсам, ки ин тӯй ба сарам ягон балои азимро меорад. Худо накарда Парвинаю Ситора дар рӯзи тӯйи ман қасди ҷони худ намоянд, яқин ҷойи ман кунҷи маҳбас мешавад.
Илтимос, маслиҳатам диҳед! Ҷонамро аз ин гирдоб чӣ гуна раҳонам?
Аъзам, аз н. Шоҳмансур