Sebiston new 2024 october
Найрангҳои марди занҷаллоб
2648

Қасами падар

Бибихол духтари сарвқаду камонабрӯи барф барин сап-сафед буд ва талабгорони зиёд дошт, аммо аз сари кибру ғурур ба тамоми ҷавононе, ки ба хонаашон хостгор мефиристоданд, дарҳол ягон айбу гуноҳ мемонд.

Якеро ходачӯби сари гӯр гӯён масхара мекарду дигариро кундаи ҷувоз меномид, сеюмиро рӯдапо гуфта мазоқ менамуд. Нозу нузи паричеҳраи худхоҳ билохира ба ҷони волидонаш зад ва падараш қасам хӯрд, ки ин дафъа бо нияти хостгории Бибихол саг аз дараш дарояд ҳам, албатта не нагуфта, духтарашро бароварда медиҳад.

Фотиҳа

Ҳамон бегоҳ падараш қасам хӯрду рӯзи дигар боз хостгорон дарашонро кӯфтанд. Мӯйсафед мисли ҳама мардони бо нангу номуси тоҷик ба қавлаш вафо карда, ҳатто як даҳон розигии духтарашро напурсида, дарҳол Бибихоли фариштарӯйро ба ҷавони ношинос фотиҳа кард ва ба хостгорон сафедӣ дод. Қудоҳои чаққон рӯзи дигар пахтаю латта, орду равған, биринҷу сабзӣ, қанду қандалот ва пистаю донаю мавизи барои маърака заруриро оварда доданду санаи тӯйро муайян карда рафтанд. Бибихол аз модараш хоҳиш намуд, ки ба қудоҳо бигӯяд, ақаллан як бор писарашонро биёранд, то вай бубинад, ки тақдирашро бо кӣ пайваста истодааст, вале падари якраваш қатъиян зидди ин хоҳиши духтар баромад. “Ин сиёҳмилла ба ҳамин бача ҳам ягон айб мемонад, барои ҳамин домодшавандаро надиданаш сад бор беҳтар аст, очаш. Ба шавҳар, ки баромад, мурда-мурда тоқат карда дар хонаи шӯяш мешинад” андешамандона таъкид намуд мӯйсафед. Модари Бибихол чун аксари занҳои деҳот масали “Биҳишти зан дар кафи пойи мард аст”-ро сармашқи зиндагӣ қарор дода буд ва ҳеҷ гоҳ муқобили райъи мардакаш ҳарфе ба забон намеовард, аз ин хотир ин дафъа низ бо аломати ризо сар ҷунбонда, аз паси пухтупаз ва тарадуди тӯй шуд.

Арӯс не, фаришта!

Рӯзи тӯй фаро расид. Волидони арӯс ба мардум оши наҳор дода, сипас аз пайи омодагӣ ба омадани домод ва бастани ақди никоҳ шуданд. Дугонаҳои арӯсу духтарҳои маҳалла дар хонаи алоҳида гирд омада ба Бибихоли нозанин барои омода шудан ба арӯсбарон ёрӣ мерасонданд. Духтарҳо ҳазлу шӯхикунон куртаи зебои арӯсиро ба Бибихол пӯшонданд. Дар ин либоси барф барин сап-сафед арӯсак мисли гули садбарги сафед якбора шукуфт. Куртаи сафед бо рӯйи шир барин дилкашу пайкари нозуки Бибихол гӯё “ҷанг мекард”. Машшота моҳирона ба чашмони зебои арӯс қалам кашида бо тенҳои зарҳалин болои чашмонашро зиннат дод, сипас ба миҷгонҳои дарозу баргаштааш туш молид. Тири нигоҳи арӯс акнун даҳчанд ошиқкуштар гашта буд ва нигоҳи ҷаззобаш ба осонӣ як марди майдонро ба каманди ишқ гирифтор мекард. Ба лабони шабеҳи гулбарги Бибихол ранги гулобӣ молида машшота дар бехи гӯши арӯс оҳиста пичиррос зад: “Домодтӯра дар кадом мазорҳо гӯсфанд садақа карда аз Худо бахт пурсида бошад, ки чунин нозанин насибаш гаштааст?!” Духтарҳо қиқиросзанон хандиданд. Ин дам аз рӯйи ҳавлӣ овози ғалоғулаи кӯдакон ва нидоҳои шодонаи “Домод омад” баланд шуд. Дугонаҳои арӯс ҷониби якдигар чашмак зада дарҳол ба берун тохтанд, то бубинанд, ки беҳтарин духтари деҳаашон насиби чӣ гуна ҷавон гаштааст.

Домоди афғонӣ

Домод зери навои карнаю сурнай аз мошин фаромаду якбора латтаи хешу табори арӯс ба об зад. “Эй войе, наход ҳамин хел духтари зеборо ба чунин ҷавони бадрӯю аҷинасурат диҳанд?! Ақли падару модараш дар куҷо буд?!” баробари аз мошин фаромадани домоди сиёҳҷурдаи мӯйи сараш мошу биринҷӣ биниашро инҷ кард яке аз ҳамсояҳо, зани ҳампаҳлӯяш саропои домодро синчакорона аз назар гузаронида истода ҳадс зад: “Афташ афғонҳо барин, гумонам кампиру мӯйсафед бар ивази пули калон духтари моҳ барин зебояшонро ба ин кундузӣ додаанд!” Холаи арӯс, ки чунин “бахт”-ро барои ҷияни нозанинаш ҳеҷ интизор набуд миш-миши занҳоро шунида оҳи сарде кашид ва афсӯсхӯрон ”Бибихол ҳайф шуд” гуфта монд. “Гул барин бачаи маро назараш нагирифта буд, ҳолаш аз ин бадтар шавад!” луқма партофт зане, ки чандин бор барои Бибихол ба ин хонадон хостгор фиристода, навмед баргашта буд. Модари арӯс ба ҳоли домоди баднамуди ёфтаи онҳо хандидани ҳаққу ҳамсояҳоро дида, дурун-дарун ҳезуми тар барин месӯхт, вале аллакай кор аз кор гузашта буд. Мӯйсафедашро дар дил дуоҳои бад карда вай дар пеши пойи домоди “афғон”-аш пойандоз партофт ва бо чашмони гирён меҳмонони аз тарафи қудо омадаро ба меҳмонхона даровард.

 


Дигар чи шуд, Комрони аламзада ёд надорад. Вақте ки чашмонашро кушод дар атрофаш одамони сафедпӯши зиёде ҷумбуҷул мекарданд, вале ҳарчанд кӯшиш мекард, чӣ гуфтаншонро фаҳмида наметавонист.

Uz7k22zSb6kAX156fci76sXxrXNOqx3qsRIs1Dnr


 

Дидагирён меравам

Қатори дигарон домоди “афғон”-ро Бибихоли арӯсак ҳам аз паси тиреза дид ва фиғонаш ба фалак печид. Вай сарашро ба дару девор зада бо ситеза ба модараш “Ман ба ин аҷинаи сари мазор намерасам! Домоди ёфтаатонро худатон гиред!” мегуфту зор-зор гиря мекард. Модар ҳарчанд кӯшиш кард, ҳеҷ духтари арӯсашро ором карда натавонист, Бибихол ду пояшро ба як мӯза андохта “чизу чораи овардаашонро гардонда диҳеду гӯед, ки духтари мо ба писари шумо муносиб нест” мегуфт. Якравии духтарашро дида, модари арӯс шавҳарашро аз моҷаро огоҳ намуд. Падар панду насиҳат хонданро дар ин ҳолат зиёдатӣ шумурда дар назди арӯси дидагирён шарти душворе гузошта қотеъона гуфт: “Медонӣ тӯйро гардонем, мардум чӣ мегӯянд? Мегӯянд, ки духтараш нодухтар буд ё ягон айбу гуноҳи дигар дошт, барои ҳамин тӯйро вайрон карданд, то шарманда нашаванд. Ман маймун нестам, ки аз сари косаи никоҳ фотиҳаро гардонда, худамро шармандаи дӯсту душман гардонам. Аз ду якеро интихоб кун, хомӯшона, лому мим нагуфта ба ҳамин бача мерасӣ ё аз хона баромада меравӣ! Фаромӯш накун, ки агар тӯйро вайрон кунӣ, дигар ту падару модар ва додару хоҳар надорӣ. Оқат мекунам духтар!”

(Давом дорад)

Гулнисои Ҳикматулло

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД