Sebiston new 2024 october
Ангур ва асал қувваи мардиро зиёд мекунад
9109

Мардҳо ошкоро дар ин бора гап назанад ҳам, мекӯшанд бештар ғизоҳое истеъмол намоянд, ки шаҳватфизо бошанд, аммо на ҳама медонанд, ки маҳз кадом хӯрданиҳо қувваи мардиро зиёд мекунанд. Имрӯз мо ин розро ба шумо мекушоем.

Ангур ва ананас
Ананасро дар кишварҳои баҳримиёназамин хӯрдании муҳаббатовар мешуморанд, ангур бошад, барои ошиқон роҳати ҷон аст. Кайҳо исбот шудааст, ки на танҳо майи аз ангур омодашуда, балки ангуру пӯчоқаш низ қувваи мардиро зиёд намуда, ба дили навхонадорон шӯру шар меангезад.

Бодом ва тухм
Бодом аз рибофловин, сафеда, витамини Е ва калсий бой буда, онро асрҳои зиёд ҳиндувон, арабҳо ва хитоиҳо барои қувват бахшидан ба нерӯи шаҳвонӣ истеъмол менамуданд. Дар китоби классики ҳиндӣ –Аюрведа қайд шудааст, ки бодом майнаи сарро ғизо медиҳад ва равғанаш оби ҳароммағзро тоза мекунад.
Тухм ғизои сафедадор буда, асрҳои зиёд инҷониб онро барои ба эътидол овардани шаҳвоният истеъмол менамоянд. Қабл аз бозиҳои ошиқона Казановаи занакабоз тухм мехӯрд. Шайхи Нафзоӣ тавсия додааст, ки барои дарозмуддат шудани шабҳои ошиқона тухмбирён бихӯранд. Аз тухм хӯрокҳои зиёди бомаза омода намудан мумкин аст. Тухми тару тозаро харидорӣ намоед, агар ишқварзӣ мехоста бошед.

Сирпиёз
Сирпиёз ғизои «ошиқона» буда, дар тибби шарқ ва ҳинд васеъ истифода мешавад. Сирпиёзро итолиёвиҳои ошиқ дӯст медоранд. Барои баланд бардоштани эҳсоси меҳрвазӣ сирпиёз хӯрданӣ бошед, бояд ҷуфтатон низ сирпиёз истеъмол намояд, то ки аз нафасатон бадаш наояд. Сирпиёзи бо тухм бирёншуда ғизои беҳтарин барои ошиқон аст.

Равғани зайтун
Равғани зайтун ғизобахш буда, хеле хуб ҳазм мешавад. Хусусиятҳои табобатии равғани зайтун дергоҳ боқӣ мемонанд ва талх намешавад.
Равғани тозаи зайтун ба узвҳои солими ҷинсӣ нерӯ мебахшад.

Дирӯзакак зиндагиятон ширу шакар барин буду имрӯз бо дили нохоҳам ба хона меравед. Чанд қоидае вуҷуд дорад, ки бо риояи он зиндагии хушбахтона ба сар бурдан мумкин аст.

2oukVrgsjQqHOr8N4tKleNzlqN7jiGNwxJbd6wqL


 

Хурмо
Хурмо (финики) меваи ширинтарини рӯй замин аст. Ба ақидаи Аюрведа хурмо хунро тоза ва нутфаро зиёд мекунад Қанди таркиби хурмо бозиҳои ошиқонаро дарозмуддат месозад, шояд аз ҳамин хотир ғизои «ошиқон» номида мешавад.

Асал
Асал норасоии нерӯи шаҳвониро барқарор месозад. Истеъмоли асал якҷоя бо чормағз, меваҳо, тухм ва гӯшт таъсири бештар дорад.
Асали тозаи натасфонида ва тозанакарда тамъи худро нигоҳ медорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД