(Давомаш)
Бибихол ду пояшро ба як мӯза андохта “чизу чораи овардаашонро гардонда диҳеду гӯед, ки духтари мо ба писари шумо муносиб нест” мегуфт.
Якравии духтарашро дида, модари арӯс шавҳарашро аз моҷаро огоҳ намуд. Падар панду насиҳат хонданро дар ин ҳолат зиёдатӣ шумурда дар назди арӯси дидагирён шарти душворе гузошта қотеъона гуфт: “Тӯйро агар гардонем, мардум мегӯянд, ки духтараш нодухтар аст ё ягон айбу гуноҳи дигар доштааст. Ман аҳмақ нестам, ки худро шармандаи дӯсту душман гардонам. Аз ду якеро интихоб кун, хомӯшона, лому мим нагуфта ба ҳамин бача мерасӣ ё аз хона баромада меравӣ! Фаромӯш накун, ки агар тӯйро вайрон кунӣ, дигар ту падару модар надорӣ. Оқат мекунам духтар!” Арӯсак ин ҳукми падарро шунида дар ҷояш шах шуда монд, зеро аз ислом бохабар буд ва ба маънои ин ибораи нангин хуб сарфаҳм мерафт. Медонист, ки оқипадар натанҳо дар ин дунё шармандаи дӯсту душман мегардад, балки дар он дунё ҳам руҳаш равзаи биҳиштро намебинад, аз тарс дарақ-дарақ ларзида бо аломати ризо сар ҷумбонд.
Тӯйи домоду мотами арӯс
Ҳамин тавр Бибихоли нозанине, ки садҳо ҷавонони паҳлавон дар орзуяш обу адо шуда буданд, бо ҳукми падари якраваш насиби як марди бадафту ситорахунук гашт. Арӯсаки бетолеъ бо чашмони аз гиря варамида дилу нодилон дасти домоди “афғон”-ро дошта ба мошин нишаст ва зери навои карнаю сурнай корвони арӯсӣ бо сигнали дурудароз ба роҳ баромад.
Бибихоли наварӯс дар сари тахти арӯсӣ аз оғоз то охири тӯяш танҳо гиря кард. Дӯстон ва хешу ақрабо нӯшбод гуфта барои навхонадорон аз даргоҳи худованд бахти сафеду фарзандони солиму зебояк мехостанд, вале арӯсак дар дил Худоро зорӣ менамуд, то тезтар ҷони аждаҳои дар паҳлӯяш нишастаро бигирад ё ба ягон фалокати дигар гирифтораш созад, то вай аз шавҳари бадрӯяш халос шавад.
Кайк дар ҷанда, ноз дар ганда
Бинои бахти зӯракии Бибихол ноустувор баромада арӯсак аз оғози ҳаёти оилавӣ рӯзи хушро надид. Аз дугонаҳояш дар бораи ширинии моҳҳои аввали хонадорӣ бисёр шунида буд Бибихол ва ин давраро бисёр хуш тасаввур мекард, вале бо ин ҷавонмарди бадқавоқ ва каждумзабон чашидани шириниҳои моҳи асал насибаш нагашт. Меҳрубонӣ кардан он тараф истад, шавҳараш ба вай ҳатто як сухани хуш ҳам намегуфт. Худо накарда арӯсак дар тайёр кардани наҳорӣ ё ғизои шом панҷ дақиқа дер кунад, дарҳол ба сараш борони дашному ҳақоратро рехта, чунон шӯру ғавғо мебардошт, ки гӯё қиёмат қоим гашта бошад. Мансур бар замми бадафтию майзадагӣ боз хиёнаткору занбоз буд, вай аксар шабҳо аз хона ғайб зада, қарибиҳои субҳдам бо бадани пур аз доғи бӯса пайдо мешуд. Бибихол норозигӣ кунад ё аз куҷо пайдо шудани ин доғҳои сиёҳу кабудро бипурсад дар бало мемонд, забони ғару дузд дароз гуфтагӣ барин, шавҳараш ба ҷойи узр пурсидан ӯро зери мушту лагад гирифта, чунон мезад, ки аз даҳону бинии арӯс хун фаввора барин мешорид.
Сиёҳбахт
Волидонаш Бибихол ва апаҳояшро пеш аз тӯй насиҳат карда, таъкид намуда буданд, ки баъди шавҳар кардан зиндагиашон хоҳ хуб бошад, хоҳ бад, ба тақдирашон тан дода, ба каму кост ва пастию баландиҳои ҳаёт тоқат карда дар хонаи бахти худ бишинанд, зеро духтар бо либоси сафеди арӯсӣ аз даргоҳи падар баромада меравад ва танҳо бо кафани сафед ба он манзил бармегардад. Бибихоли нозанин ин таъкиди падарро ҳеҷ гоҳ аз ёд намебурд ва масали “сари кафида зери тоқӣ”-ро ба худ шиор намуда, сирру асрори зиндагиашро ҳеҷ гоҳ ба касе фош намекард. Келинчак хуб медонист, ки дари хонаи падару модараш дигар ба рӯйи вай баста аст, аз ин сабаб шавҳараш санги осиёбро ба сараш гардон кунад ҳам, ҷабру ҷафои ӯро лому мим нагуфта, хомӯшона таҳаммул мекард. Меваи дарахти сабр ширин аст мегӯянд, вале нахли сабри ин келинчаки бетолеъ талх баромад, шояд Худованд ҳамон дуои дар сари тахти арӯсӣ кардаи Бибихолро мустаҷоб гардонд, ки як сол нашуда шавҳари масташ зери чархи мошин монд. Ронанда шояд аз тарси зиндонӣ шудан Мансури ба хун оғуштаро дар ҷойи ҳодиса танҳо партофта ғайб задааст. Ҷасади домоди шабгардро бародаронаш қариб як ҳафта пас аз мурдахона ёфта оварданду бо гиряву нолаҳои зор ба хок супурданд.
Бозгашт ба хонаи падар
Пас аз гузаронидани маъракаҳои мотамӣ ва додани сари соли шавҳари ҷавонмаргаш Бибихоли сиёҳбахт ба хонаи падараш баргашт. Волидони бо нангу номусаш ба ҷуз қабул кардани духтари бевамондаашон чора надоштанд, аз ин хотир чизу чораи Бибихолро дар як хоначаи хурдакак ҷой намуданд. Омадани хоҳаршӯйи бадбахту сиёҳрӯзашон аз рӯзи аввал ба янгаҳои Бибихол хуш наомад, онҳо бо ҳар баҳона таънаю пичинг зада, дили бе ҳамин ҳам озурдаю захминашро бо теғи забон хуншор менамуданд. Бибихоли дар хонаи шавҳараш ба бадзабонӣ ва заҳри сухан одаткарда хомӯширо авло дониста, дар ҷавоби гуфтаҳои янгаҳояш ҳарфе ба забон намеовард, вале мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта хокистар мешуд.
Дар талаби бахт
Аз заҳри забони янгаҳо ба ҷон расидани духтарашро дида модари Бибихол қарор дод, ки барои дубора кушодани дари бахти фарзандаш талош хоҳад кард. Бо ҳамин мақсад вай духтарашро ба назди Насрулло ном муллои бахткушо бурд. Таърифу тавсифи ин домулло мудом дар забони мардум буд, аз ин хотир модар умед дошт, ки бо кӯмаки ин марди аз илми ғайб бохабар духтарашро дубора соҳиби зиндагии обод мегардонад, вале...
Ишқи муллои пир
Қариб ду соат навбат поида Бибихолу модараш пасопеш ба назди мулло Насрулло даромаданд. Домулло сар аз китоб набардошта нимғурма пурсид :” Хӯш, ҳамшира чӣ хизмат?!” Модари Бибихол забон хоида бо садои базӯр шунаво гуфт: “Домуллоҷон, илтимос, ба ҳамин духтари хушрӯи ман ягон тӯмори бахт диҳед, ки дари бахташ кушода шуда, соҳиби хонаи обод гардад. Бечора аз рӯзе, ки шавҳараш мурду ба хонаи мо баргашт, зери таънаю маломати янгаҳо мондааст. Мулло Насрулло пас аз ин суханони модар сарашро аз китоб бардошта аз фарқи сар то нӯги пойи Бибихолро синчакорона аз назар гузарониду бо лабони ба табассум моил зери лаб пичиррос зад: “Духтаратон не, парии ҳақиқӣ будааст-ку!” Дили модар аз ин сухани мулло Насрулло таҳ кашида бошад ҳам, тӯмору таштоби додаашро бо ихлос аз дасташ гирифта ҳамчун ҳаққи хизмат як сад сомонаро ба наздаш гузошт, вале мулло муаммоомез “мо аз хешу табор пул намегирем” гӯён, маблағро дубора ба дасти соҳибаш дод. Модари Бибихол аз ин олиҳимматӣ мамнун дар ҳаққи домулло дуои нек карда аз дар баромад. Ин занаки сода аз куҷо медонист, ки муллои ғар духтарашро таги чашм карда ба чойи тӯмори бахт тӯмори гармӣ навишта додааст....
(Давомашро фардо соати 21-00 интизор шавед)
Гулнисои Ҳикматулло