Sebiston new 2024 october
Найрангҳои марди занҷаллоб (қисми 2)
2387

 

Пас аз гузаронидани маъракаҳои мотамӣ ва додани сари соли шавҳари ҷавонмаргаш Бибихоли сиёҳбахт ба хонаи падараш баргашт.

Волидони бо нангу номусаш ба ҷуз қабул кардани духтари бевамондаашон чора надоштанд, аз ин хотир чизу чораи Бибихолро дар як хоначаи хурдакак ҷой намуданд. Омадани хоҳаршӯйи бадбахту сиёҳрӯзашон аз рӯзи аввал ба янгаҳои Бибихол хуш наомад, онҳо бо ҳар баҳона таънаю пичинг зада, дили бе ҳамин ҳам озурдаю захминашро бо теғи забон хуншор менамуданд. Бибихоли дар хонаи шавҳараш ба бадзабонӣ ва заҳри сухан одаткарда хомӯширо авло дониста, дар ҷавоби гуфтаҳои янгаҳояш ҳарфе ба забон намеовард, вале мисли ҳезуми тар дарун ба дарун сӯхта хокистар мешуд.

Дар талаби бахт

Аз заҳри забони янгаҳо ба ҷон расидани духтарашро дида модари Бибихол қарор дод, ки барои дубора кушодани дари бахти фарзандаш талош хоҳад кард. Бо ҳамин мақсад вай духтарашро ба назди Насрулло ном муллои бахткушо бурд. Таърифу тавсифи ин домулло мудом дар забони мардум буд, аз ин хотир модар умед дошт, ки бо кӯмаки ин марди аз илми ғайб бохабар духтарашро дубора соҳиби зиндагии обод мегардонад, вале...

 


 


Падарам маро маҷбур кунад, ки шуморо ба занӣ бигирам, дар рӯзи тӯй маъшуқаамро ҳам арӯс карда ба сари тахт мебарорам» таъкид намуд.

BAMmMHann13uXKColb2kIuBnnDe8d4fovmzi8Haj (1)


 

Ишқи муллои пир

Қариб ду соат навбат поида Бибихолу модараш пасопеш ба назди мулло Насрулло даромаданд. Домулло сар аз китоб набардошта нимғурма пурсид :” Хӯш, ҳамшира чӣ хизмат?!” Модари Бибихол забон хоида бо садои базӯр шунаво гуфт: “Домуллоҷон, илтимос, ба ҳамин духтари хушрӯи ман ягон тӯмори бахт диҳед, ки дари бахташ кушода шуда, соҳиби хонаи обод гардад. Бечора аз рӯзе, ки шавҳараш мурду ба хонаи мо баргашт, зери таънаю маломати янгаҳо мондааст. Мулло Насрулло пас аз ин суханони модар сарашро аз китоб бардошта аз фарқи сар то нӯги пойи Бибихолро синчакорона аз назар гузарониду бо лабони ба табассум моил зери лаб пичиррос зад: “Духтаратон не, парии ҳақиқӣ будааст-ку!” Дили модар аз ин сухани мулло Насрулло таҳ кашида бошад ҳам, тӯмору таштоби додаашро бо ихлос аз дасташ гирифта ҳамчун ҳаққи хизмат як сад сомонаро ба наздаш гузошт, вале мулло муаммоомез “мо аз хешу табор пул намегирем” гӯён, маблағро дубора ба дасти соҳибаш дод. Модари Бибихол аз ин олиҳимматӣ мамнун дар ҳаққи домулло дуои нек карда аз дар баромад. Ин занаки сода аз куҷо медонист, ки муллои ғар духтарашро таги чашм карда ба чойи тӯмори бахт ба Бибихол тӯмори гармӣ навишта додааст.

Ҷодушуда

Пас аз гирифтани тӯмор авзои Бибихол дигаргун гашта монд. Хотирпарешону дамдузд гашта буд ва қариб, ки бо касе аз аъзоёни хонадон гап намезад. Мудом малулу ғамгин мегашт. Модараш сабаб пурсад, мегуфт, ки тамоми вуҷудаш месӯзад ва бегоҳирӯзиҳо худ аз худ чунон гарм мешавад, ки хаёл мекунад дар дарунаш гулхан афрӯхтаанд. Аҷибаш он буд, ки таб намекард. Касе сабаби оташ гирифтанашро намефаҳмид.

Дар ин миён модари Бибихол боз чанд бори дигар ба хонаи мулло Насрулло барои кушодани дари бахти духтараш рафта, тӯмору таштобҳои зӯр овард. Аҷибаш он буд, ки баъди бахтикушо кардан пою қадами ягон-ягон хостгорони бо нияти Бибихол ба даргоҳи падараш меомада низ аз ин хонадон канда шуд. Дигар касе намепурсид, ки дар ин хона ҷавонзани бе шавҳар ҳаст ё нест. Бибихол, ки пештар аҳён-аҳён ҳамроҳи модараш ба хонаи мулло Насрулло мерафт, рӯз то рӯз бе сабру қарор гашта бо ҳар баҳона тез-тез ба назди мулло мерафтагӣ шуда монд. Мулло аввалҳо танҳо бо тамошои ҳусну ҷамоли ҷавонзани бадбахт қаноат мекард, вале баъдан далертар шуда, гоҳо ба мӯю гоҳи дигар ба пешобағали бардамидаю зебояш даст мебурд. Бибихол дар қаъри дилаш ба ин мӯйсафеди занбоз нафрат дошт, дастони пурожанг, қомати ҳамида ва риши ғулии мулло Насрулло ғашашро меоварданд, вале аз чи бошад, ки ҳангоми сӯяш даст дароз кардани ин пири фартут дамаш дарун ғалтида, шалу гунг шуда мемонду муқобилият карда наметавонист. Ҷавонзани бечора он қадар сахт дар банди ҷоду печида буд, ки қудрати лому мим гуфтан надошт ва мулло бо ӯ ҳар чи мехост, мекард ва як рӯз қариб монда буд, ки номусашро доғдор созад.

Найранги муллои духтарбоз

Ҳамон рӯзи шум мулло Насрулло Бибихолро аз ҳама охир, баъди гусел намудани тамоми мизоҷонаш қабул карда, гуфт, ки барои пурра кушодани қулфи бахташ дар байни ду синааш сураҳоро навиштан лозим аст. Бибихол аввал розӣ нашуд, вале мулло пичир-пичиркунон зери лаб ким-чиҳо хонда ба бадани вай куфу суф карду сипас таъкид намуд, ки агар ин корро накунанд, як умр бе шавҳар мемонад. Ҷавонзани сиёҳбахт аз тарси умре дар хонадони падар монда, таънашунави янгаҳо гаштан ночор чашмонашро пӯшида домони куртаашро андаке бардошт. Мулло бо чашмони барқпош бадани пахта барин сап-сафеди Бибихоли ҷавону зеборо харидорона аз назар гузаронд ва пайкарашро ламс карда истода зери лаб пичиррос зад: “Хуш ба ҳоли марде, ки чунин боғи пур аз гулу ёсуману сумбул насибаш мешавад!” Бибихол қариб гирён шуда, зорӣ намуд, ки ӯро беш аз ин шарм надоронда, тезтар сураҳои заруриро нависад. Мулло лабханд зада гӯё кӯшиши навиштан кард, вале кораш барор нагирифт. “Навишта намешавад, куртаатро ҳам каш” гӯён, мулло Насрулло Бибихолро маҷбур кард, ки урён шавад. Вақти навиштани сураҳо ҳисси шаҳвонии мулло ба ҷӯш омада худро болои ҷавонзан афканд, вале Бибихол ӯро ба шаст тела зада аз худ дур намуду бо садои гиряолуд гуфт:

-Ақаллан аз худо шарм доред, домулло, охир шумо худатон ба дигарон панд медиҳед, ки зино бадтарин гуноҳ дар назди Парвардигори олам аст. Илтимос, ҳам ману ҳам худатонро ба азоби дӯзах гирифтор насозед!

Мулло Насрулло шарм дошт ё гуноҳи нобахшиданӣ будани зино пас аз шунидани ин суханони ҷавонзан ба ёдаш расид, ки пайкари гулранги Бибихолро раҳо карда, бахшиш пурсид ва пичиррос зад:

-Рост мегӯӣ, нозанин, ҳар корро бо ризоияти худованд кардан лозим аст. Чаро асалеро, ки бо роҳи ҳалол ба даст меояд, ҳаром карда хӯрем. Ин боғи биҳишт иншооллоҳ бо инояти Офаридгор насиби банда хоҳад гашт.  

Арӯси мӯйсафед

Як бегоҳирӯзӣ Бибихол ош пухт. Аҳли оила нав дар сари хон нишаста буданд, ки дар тақ-тақ шуд. Садриддин, бародари Бибихол дарвозаро кушода як гуруҳ меҳмонони нохондаро дид, ки дар байнашон мулло Насрулло ҳам буд. Аз ташрифи ногаҳонии мулло ва муридонаш ба ҳайрат афтода бошад ҳам, Садриддин сир бой надода меҳмонҳоро ба хона таклиф кард. Мулло Насрулло ва ҳамроҳонаш аз одамони обрӯманди деҳа ба шумор мерафтанд, аз ин хотир аҳли оила дарҳол ба пешвозашон бархоста меҳмонони олиқадрро ба меҳмонхона дароварданд ва дар наздашон дастурхони пур аз нозу неъмат густурданд. Пас аз он, ки ошро баҳ-баҳкунон хӯрданд, яке аз меҳмонон мақсади омаданашонро баён намуда, Бибихолро барои мулло Насрулло хостгорӣ кард. Ҳама аҳли оила хуб мефаҳмиданд, ки ин мӯйсафеди пояш ба лаби гӯр расида ба Бибихоли нозанин муносиб нест, вале ба даҳонашон гӯё қулф зада бошанд, чизе гуфта натавонистанд. Аҷибаш он буд, ки худи Бибихол низ ин хостгориро рад накард...

(Давом дорад)

Гулнисои Ҳикматулло

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД