-Фарзонабону, омодагиҳо ба Наврӯз чӣ гуна аст?
-Олӣ!
-Ба мухлисонатон сирри ягон таоми наврӯзиро мекушед?
-Тарзи пухтани гандумкӯчаро бибиям ба ман ёд дода буданд, акнун мехоҳам мухлисонамро бо гандумкӯчаи наврӯзӣ хурсанд созам.
-Марҳамат!
Маҳсулоти лозима:
Шикамба ва почаи гӯсфанд,
Гандум 2 коса,
Нахӯд 1 коса,
Лӯбиё 1 коса,
Об-3-3,5 литр,
Намак,
Гашничу шибит ва пиёзи сабз мувофиқи табъ
ФАРЗОНА ШАВҲАРИ СУПЕРКЕЛИНЧАКРО КАШИДА ГИРИФТ? (ВИДЕО)
Тарзи таҳия
Дар об шикамба ва почаро андохта, меҷӯшонанд, сипас гандуми тозаи қаблан майдакардашударо ба он андохта, ним соат меҷӯшонанд. Пас аз ин, лӯбиё ва нахӯдро шуста ба дег андозед ва намак пошед. Ногуфта намонад, ки ин хӯрок дар оташи на он қадар баланд пухта мешавад. Баъди пухтанаш гандумкӯчаро ба табақ бардошта (одатан дар табақҳои чӯбин мекашанд) ба болояш гашничу пиёзу шибити резакардашуда ва агар хоҳед, мурчу қаланфур мепошед.
Гандумкӯчак хӯроки лазиз буда, аз ҷумлаи ғизоҳои қадимию суннатии миллӣ ба ҳисоб меравад. Гандумкӯча пухта хони наврӯзиатонро шумо файзу баракат мебахшед.