shoh palace
Сиёҳтӯй
13743

 

Зиндагӣ ба ман вафо накарду бо ҷанҷоли хурде аз шавҳарам ҷудо шудам. Аз парокандашавии оиладориам ҳаждаҳсол сипарӣ мешавад. Ҳаждаҳ соли пур аз ғам.

Зиндагии пур аз ранҷу азоб оташи диламро хомӯш карда буду нахостам бори дигар ба шавҳар бароям. Бо ягона духтарчаам Шаҳноз дар хонаи падар мондам. Ба зиндагии янгаҳоям кордор набошам ҳам ба хонаи падар баргаштани духтар барои келинҳо «балои ҷон» будааст. Янгаҳоям бо қавоқи овезон ба ман менигаристанду баҳудаю беҳуда таънаю пичинг мезаданд.

Умрамро дар хонаи апаҳоям мегузарондам, то бори души янгаҳоям нашавам. Модарам ғами бадбахтии духтари кенҷаашро бардошта натавониста аз олам чашм пӯшид. Апаам ба ман маслиҳат дод, ки духтарчаамро ба ӯ диҳаму ба кор бароям.

Розӣ шудаму духтарчаамро ба апаам дода дар пойтахт дар цехи дӯзандагӣ ба кор даромадам.

Шаҳнози ман дар дасти холааш тарбия меёфт. Апаам Шаҳнозро мисли духтаронаш дӯст медошту корҳои хонаро меомӯзонд. Бо гузашти солҳо Шаҳноз духтари зебои қадрас шуд. Бе падар ба воя расида бошад ҳам аз гапи холааш берун намебаромад. Апаи бетолеам бисёр мехост Шаҳнозро худаш ба шавҳар диҳаду тӯйи арӯсии ӯро бубинад, аммо….

Апаам ба дарди бедавое гирифтор шуд. Бемори бистарӣ гашт. Ҳарчанд табобат кардем ба дардаш даво наёфтем. Аз Худованд илтиҷо мекардам, ки апаам тезтар шифо ёбад. Намехостам ду духтараш монанди Шаҳнози ман сағера шавад. Падари Шаҳноз зинда бошад ҳам боре аз ҳоли ҷигарбандаш хабар намегирифт. Зиндаятим буд духтаракам.

Ана дар чунин рӯзҳои вазнини бемории апаам барои Шаҳноз хостгор омад. Хурсанд шуда гуфт: «Тӯйи арӯсии Шаҳнозро бинам, баъд мурам ҳам бе ормон мемурам». Аз суханони васиятомезаш ашк дар чашмонам ҳалқа зад. Апаамро дилбардорӣ карда Шаҳнозро фотеҳа кардем. Апаи беморам тӯйро ҳарчи зудтар гузаронем»-гӯён зорӣ мекард, шояд таҳдиди маргро эҳсос намуда буд. Ниҳоят фаро расид он рӯзи хурсандӣ. Шаби никоҳ апаам домодро наздаш хонда аз пешониаш бӯсиду ба онҳо бахти сафед хост. Об дар чашмонаш ҳалқа зада лаб мегазид.


БАҲРИДДИНИ САБУР: БА ҚАДАМИ ҚУРБОН 1-СОМОН ҲАМ НАДОДАМ (ВИДЕО)


 

Мушкил буд дидани ин манзара. Субҳи барвақт мардумро ба оши наҳор даъват кардем. Меҳмонони зиёде аз дуру наздик ҷамъ омаданд. Қудоҳо барои бурдани арӯс омаданду ногоҳ садои гиряву нолаи апаҳоям баланд шуд. Апаи дарунсухтаам Шаҳнози нозанинашро ба хонаи бахташ гусел накарда аз олам чашм пӯшид. Шаҳноз, ки холаашро ҳамчун модар дӯст медошт, сару либоси арӯсиашро яксӯ партофта худро болои ҷисми беҷони холааш партофту зор-зор гиря кард.

Фиғону нолаҳои ҷигарсӯзи духтараки бетолеъ дили қудоҳою меҳмононро реш-реш намуд. Тӯй ба мотам табдил ёфт. Апаам гӯё дониста хешу таборро ба ҷанозааш даъват карда буд.

Пас аз дафни апаам бо маслиҳати хешу табор духтари паршикастаамро бо гиряву нола ба хонаи бахташ гусел кардем.

Инак, аз тӯйи ба мотам табдил ёфта як моҳ гузашт. Духтарам дар хонаи шавҳараш шабу рӯзро бо гиряву нола мегузаронад. Аз такдири духтарам дар харосам, тӯйе, ки аз аввал бо сиёҳ оғоз ёфт, магар хушбахтӣ меорад?

Матлубаи ҷигарсӯхта

Таҳияи Сурайё Рабиева

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Бе ном 2019-08-30, 21:59
Чаро не? албатта меорад хушбахти кадару казо хама дар ба кудрати Аллохи мехрубон хастанд. Нияти нек кунед албатта Аллох ба ниятатон мерасонад.
Посух
диля 2019-08-30, 22:03
бисёр туйхо бо дабдаба мегузаранд бо хурсандии хешу таборхо вале сад афсус ки якхелашон охир чудо мешаванд зиндагиошон клет мешавад , гап дар он нест ки рузи сиёх ё ки рузи сафед гап дар зидагии худашон хаст хамдигарфахми, мухаббат, токат .
Посух
saidbek 2019-08-31, 19:50
хамаи мо дар ин дуне мехмонем,мебиеем мерем,холааш ба у дуои нек карду худаш рафт,фарзандор мешан,яке аз фарзандонашон номи холаашро гузорад бо фикрам хуб мешад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Бе ном 2019-08-30, 21:59
Чаро не? албатта меорад хушбахти кадару казо хама дар ба кудрати Аллохи мехрубон хастанд. Нияти нек кунед албатта Аллох ба ниятатон мерасонад.
Посух
диля 2019-08-30, 22:03
бисёр туйхо бо дабдаба мегузаранд бо хурсандии хешу таборхо вале сад афсус ки якхелашон охир чудо мешаванд зиндагиошон клет мешавад , гап дар он нест ки рузи сиёх ё ки рузи сафед гап дар зидагии худашон хаст хамдигарфахми, мухаббат, токат .
Посух
saidbek 2019-08-31, 19:50
хамаи мо дар ин дуне мехмонем,мебиеем мерем,холааш ба у дуои нек карду худаш рафт,фарзандор мешан,яке аз фарзандонашон номи холаашро гузорад бо фикрам хуб мешад.
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД