Сокинони шаҳраки Корморанти иёлоти Миннесотаи Амрико аз марги ногаҳонии раиси шаҳрашон сахт ғамгин шуданд.
Ҳайратовараш он аст, ки раиси ин шаҳр на одам, балк и саг буд. Ин саги мансабдор Дук ном дошта, соли 2014 дар ҷашнвораи “Cormarant Daze” тариқи овоздиҳӣ мири шаҳр интихоб шуда буд.
Дюк саги одӣ набуда, на як бор, балки чаҳор маротиба раиси шаҳр интихоб шудааст.
Барои Дюк костюм ва кӯлоҳи махсуси шаҳрдорӣ дӯхта буданд, то бо диданаш ҳама дарҳол пай баранд, ки бо раиси шаҳр сарукор доранд. Дюк вазифаҳои худро ҳамчун мири шаҳр содиқона иҷро намуда, мунтазам дар тамоми иду ҷашнвораҳо ширкат меварзид. Ҳамагон дӯсташ медоштанд ва навбат истода бо ӯ акс мегирифтанд.
Дюк бо сабаби бад шудани саломатиаш маҷбур шуд, ки истеъфо диҳад ва ҳоло хабар расид, ки ин мири машҳур дар синни 13-солагӣ аз олам гузаштааст. Сини Дюк аз рӯйи меъёрҳои синну соли инсонӣ ба 90-сола мувофиқат мекунад.
Мардоне ҳастанд, ки занҳои ботаҷрибаву калонсол табъи дилашон аст.
Мегӯянд, ки Дюк беҳтарин мири шаҳр дар таърихи шаҳраки Корморант буд.