arzon replenishment
Ишқи пирӣ гар биҷунбад....
3654


Мардоне, ки бо зани аз худашон калонсол издивоҷ мекунанд, дар зери қаноти ӯ дилпур зистан мехоҳанд, мисли қаноти модар. Мутаассифона, фарқияти синнусолӣ ба навхонадорон на ҳамеша бахт меорад.

Мард калон бошад, ҷомеа инро хуб қабул мекунад, вале калон будани зан боиси шӯру валвалаи атрофиён мегардад. Шояд онҳо ҳасад мебаранд?
Фарқияти синну соли марду занро ба се давра тақсим кардан мумкин аст ва дар ин давраҳо муносибати ҷуфтҳо на танҳо аз меҳру муҳаббат, балки бештар вазъи моддӣ ва иҷтимоӣ вобастагӣ дорад. Давраи аввал безарар буда, ба он ҷуфтҳое дохил мешаванд, ки духтар ҳамагӣ ду-се сол аз ҷавон калонтар аст. Чунин фарқият он қадар таъсирнок нест. Байни домод ва арӯс ашон муҳаббату ҳамдигарфаҳмӣ ҳукмрон бошад, онҳо албатта хушбахт мешаванд. Ба синни нафақа расед ҳам, касе бо ангушт шуморо нишон дода, масхара намекунад. Ҳусни зан аз зебоии мард дида давомнок асту касе фарқияти синну солиро пай намебарад.
Барои он ки мард дар чунин издивоҷ худро ноҳинҷор эҳсос накунад, зан бояд заифу хурдсол буданашро нишон диҳад. Хуҷаини хона бояд мард бошад. Барои ин бояд таъмини зиндагиро бар дӯшаш бор кард.
Ба давраи дуюм мардоне дохил мешаванд, ки ҳафт ё даҳ сол аз занашон хурд ҳастанд. Чунин фарқияти синну сол сару садоҳоро бармеангезад, ки чаро мард бо зани аз худаш калон издивоҷ намудааст. Шояд сабаб дар боигарии зан бошад, вале на ҳамеша чунин аст. Мардоне ҳастанд, ки занҳои ботаҷрибаву калонсол табъи дилашон аст. Ин тоифаи мардон аз кӯдакбозӣ хаста шудаанду мехоҳанд ҳаёти худро бо зани таҷрибадор пайваста, дилпурона зиндагӣ намоянд.


Мардони мучали ҳамал мушкилиҳои равониро аз сар мегузаронанд. Бонувон дар ҳалли масъалаҳои муҳим ба маслиҳати нафаре ниёз пайдо мекунанд.


Ба давраи сеюм марду занҳое дохил мешаванд, ки фарқияти синну солашон аз бист сол зиёд ва зан баробари модару модаркалони мард аст. Чунин фарқияти синнусолӣ даҳшатнок аст.
Ба гумон аст, ки зани дар ин синну сол буда, мардро бо ҳусну латофаташ ҷалб намуда бошад, омили ин издивоҷ бештар манфиатҷӯии мард аст. Зан дар ин синну сол барои он шавҳари ҷавон мекунад, ки ҷавонтар намояд, мард бошад, бонуеро меҷӯяд, ки зиндагияшро таъмин созад. Ин тоифаи одамон шавқу завқи умумӣ надоранд. Бо сабаби ба наслҳои гуногун таалуқ доштанашон ҳам дар ҷамъияту ҳам дар бистар якдигарро қонеъ карда натавониста, ба зудӣ ба дили якдигар мезананд.
Таҳияи Меҳрубон

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД