Ҳамал
Ҳафта бароятон душвориҳои зиёдеро пеш меорад. Уҳдадориву вазифаҳои муҳимро то охир ба анҷом расониданатон лозим меояд. Аксари корҳоятон бо пул алоқамандӣ доранду аз шумо диққати зиёдро талаб мекунанд. Бо вуҷуди асабӣ ва ғазаболуд будан аз ҳама гуна баҳсу мунозираҳо худдорӣ намоед, дар акси ҳол вақту қувваи худро беҳуда сарф мекунед. Нақши муҳимро дар комёбиҳоятон кордониву чолокии шумо мебозад, танҳо дар ҳамин сурат аз мушкиливу ғалат ва дигар душвориҳо эмин монда метавонед. Ҳафта барои ба хонаи нав кӯчидан бобарор аст. Нақшаҳои шумо вобаста ба таъмир, харидани хона ё мушкилиҳои гуногуни молиявӣ бобарор анҷом меёбанд. Мардони мучали ҳамал мушкилиҳои равониро аз сар мегузаронанд. Бонувон дар ҳалли масъалаҳои муҳим ба маслиҳати нафаре ниёз пайдо мекунанд.
Рӯзҳои бобарор: душанбе, ҷумъа. Рӯзи бебарор: нест.
Савр
Уҳдадориву вазифаҳои фавран ё муҳим ба рафти корҳои оилавиятон таъсири худро мегузоранд. Қариб ҳар рӯз вазифаҳое пеш меоянд, ки ба таъхир гузошта наметавонед. Мушкилиҳо зиёд мешаванд, вале шумо аз уҳдааш ба хубӣ мебароед. Агар аз баъзе нақшаҳои пешакиятон даст кашидан лозим ояд, руҳафтодаву ғамгин нашавед. Баъзе ҳодисаҳо барои ҳаёти дигарон моҳияти муҳим доранд ва шумо набояд сади роҳи он шавед. Ҳафта дар ҳаёти шахсӣ ва ошиқонаи шумо лаҳзаҳои хотирмон ато менамояд. Дар давоми ҳафта аз нозу нуз ва инҷиқӣ худдорӣ намоед. Ҳолатҳое мешавад, ки руҳафтодаву аз душвориҳои ба саратон омада дилгир мешавед. Фарзандон ё дӯстон сабабгори зангҳои зиёди телефонӣ мешаванд. Даромади хуб ба даст меоред, вазъи молиявиатон ба эътидол меояд ва уҳдадориҳои касбиятон меафзояд.
Мардони мучали савр мушкилиҳои ба сарашон омадаро дар сурате рафъ сохта метавонанд, ки бовафову поквиҷдон бошанд. Бонувон диққати бештари худро ба масъалаҳои молиявӣ равона месозанд, то ки нақшаҳои муҳими худро ба анҷом расонанд.
Рӯзҳои бобарор: чоршанбе. Рӯзи бебарор: панҷшанбе.
Ҷавзо
Ҳафта барои рушди корҳои молиявии шумо мусоидат мекунад. Албатта, бе кӯшиш ва заҳмати зиёд ба мақсад намерасед. Ҳама гуна макру ҳилла ба кор намераванд. Дар давоми ҳафта мушкилоти саломатии яке аз пайвандонатон пеш меояд. Мушкилӣ дар он аст, ки хеши беморатон фармудаҳои табибонро иҷро намекунад. Дар ин ҳафта дар оилаатон навигариҳо, маъракаву вохӯриҳо зиёд мешаванд. Ҳафта барои баргузор намудани маъракаи ақди никоҳ ё тӯй созгор аст. Мардони дар мучали ҷавзо тавлидёфта аз марому нияти нафароне, ки рафтори ғайриодӣ доранд, бохабар шудан мехоҳанд. Ба саволҳои зиёде, ки дар майнаатон пайдо мешавад, ҷавоб пайдо мекунед, вале дар гумон аст, ки ин посухҳо ҳақиқат дошта бошанд. Бонувони мучали ҷавзо аз робита бо нафароне, ки дар мучалҳои саратон, ақраб ё ҳут тавлид ёфтаанд, фоида ба даст меоранд.
Рӯзи бобарор: чоршанбе. Рӯзи бебарор: душанбе.
Саратон
Дар ин ҳафта аз ҳад зиёд содаву зудбовар нашавед ва аз нафарони дурӯяву дурӯғгӯ дурӣ ҷӯед. Вохӯриҳо бо дӯстони наву дерин пур аз эҳсосот мегардад. Дар давоми ҳафта муҳаббат омили муҳимтарини ҳолаи руҳии шумо мегардад. Мардони дар мучали саратон тавлидёфта аз ҳодисаҳои сарзада ба ҳайрат меоянд. Нақшаву ниятҳоятон тағйир меёбанд. Бонувони мучали саратон ба ҳар коре, ки дар давоми ҳафт рӯз даст мезананд, нағзакак санҷидаву оқибаташро андеша менамоянд. Муносибатҳои шумо бо нафароне, ки дар мучалҳои ҷавзо, мизон ё далв тавлид ёфтаанд, пур аз эҳсосот мегардад.
Рӯзҳои бобарор: душанбе, панҷшанбе. Рӯзи бебарор: шанбе.
Асад
Дар давоми ҳафта хабару иттилооти зиёде ба даст меоред, ки муҳимтарин ва муфидтаринашро бояд маҳфуз нигоҳ доред. Ин хабарҳо ба ҳаёти шахсӣ, оила ва касбу кори шумо вобастагӣ доранд. Хабарҳои аз ин муҳимтар ё ҳодисаҳои ҳафта бо ҳаёти иҷтимоии шумо алоқаманд аст. Дар давоми ҳафта ҳуҷҷати муҳими молиявӣ ё шартномаро ба имзо мерасонед. Аксарияти зодагони асад даромади иловагии худро тавассути сарчашмаҳои гуногун беҳтар месозанд. Дар давоми ҳафта хабарҳоеро дар бораи нафаре, ки мешиносед, шунида, табъатон хира мегардад. Диққати бештари худро ба саломатӣ равона созед. Бемории музмини худро бе назорат нагузоред. Мушкилиҳои бо сабаби вайроншавии асбобҳои техникӣ сарзадаро бартараф намудан имконпазир мегардад.
Рӯзҳои бобарор: сешанбе, панҷшанбе. Рӯзи бебарор: якшанбе.
Сунбула
Дар давоми ҳафта бо мушкилиҳои дар хона ва ҷои кор сарзада машғул шуданатон лозим меояд. Дар давоми ҳафта ба таъмир, беҳбудӣ ва навовариҳои хонаи худ машғул шавед. Ҳафта барои кор дар хона ё ҳавлӣ мусоидат мекунад. Дар ин рӯзҳо бо зане ҳамсуҳбат мегардед, ки ба маслиҳати шумо ниёз пайдо мекунад. Суҳбати муҳимро ба вақти дигар нагузоред, вагарна ҳеҷ гоҳ вақт намеёбед. Аз ҷониби ҳамкорон, мизоҷон ё ҳамсояҳоятон мавриди фиребу сӯистифода қарор гирифтанатон шуморо асабӣ мегардонад. Ошиқоне ки дар муҳаббат самимӣ ҳастанд, ранҷу азоби ишқ мекашанд. Дар давоми ҳафта занги телефониеро интизор мешавед, ки шуморо қаноатманд мегардонад. Бонувони мучали сунбула бо дӯстдоштаи худ лаҳзаҳои хотирмонро сипарӣ менамоянд.
Рӯзҳои бобарор: сешанбе, чоршанбе. Рӯзи бебарор: нест.
Мизон
Дар ин ҳафта аз баъзе нияту нақшаҳо, ки сабабгори аз дӯстдоштаи худ ҷудо шуданатон гашта метавонанд, худдорӣ карданатон лозим меояд. Аз хабарҳои нохуше, ки дар ҳаёти пайвандон ё дӯстонатон мешунавед, ғамгин мегардед. Ҳафтаи бобарор аст. Агар сади роҳи ҳодисаҳои сарзада нагардед, имконияти пешравии касбу коратон фароҳам меояд. Дар давоми ҳафта уҳдадориеро дар назди марде бе таваққуф ва ҳилаву найранг ба анҷом бояд расонед. Ҳодисаҳои ҳаёти гузашта бори дигар сабаби ғамгинӣ ва ашк рехтани шумо мегардад.
Шумо аз он ки баъзе чизҳоро дар зиндагӣ тағйир дода наметавонед, ғусса мехӯред. Мардони мучали мизон кӯшиш мекунанд зарари молиявии пешинаро бартараф созанд, вале дар ин ҳафта аз уҳдааш намебароянд. Бонувон барои рушди корҳои молиявии худ имконият меёбанд.
Рӯзҳои бобарор: сешанбе, чоршанбе. Рӯзи бебарор: панҷшанбе.
Ақраб
Дар ин ҳафта шиносҳои наватон ба асаби шумо мерасанд. Беҳтараш ба дӯстони дерини худ ва нафаронеро, ки бовафову мутахассисони касбӣ мешуморед, такя намоед. Душвориҳои ҳафта ба ҳолати руҳии шумо бе таъсир намемонад, асабиву ҳассос ва бадҷаҳл мешавед. Дар ин ҳолатҳо кӯшиш намоед, ки зараратон ба дигарон нарасад. Пешниҳоду даъватномаҳоро рад накунед. Бадкирдориҳои нафареро, ки яке аз ҳамкорони шумо муайян месозад, одамшинос набудани шуморо бори дигар собит месозад. Мардони мучали ақраб хабару ҳодисаҳои нохушро дар бораи шиноси худ шунида, ғамгин мегарданд. Бонувон бо нафароне вомехӯранд, ки робита бо онҳо душвор аст.
Рӯзҳои бобарор: сешанбе. Рӯзи бебарор: ҷумъа.
Қавс
Шумо бояд нақшаи хароҷоти худро, ки охири ҳамин моҳ сурат мегирад, тартиб диҳед. Дар давоми ҳафта бо кори иловагӣ машғул шуда, сарчашмаҳои нави даромадро ҷӯед. Корҳоятон зиёд мешаванд, амалу рафтори ҳамкорон ё мизоҷони худро шарҳ надиҳед. Муносибатҳои оилавии шумо муътадил сурат гирифта, барои сари қарори муҳиме омадан маълумоти кофӣ ба даст меоред. Аз нерӯи нафарони хушчақ-чақ қувват мегиред. Ба муноқишаҳо роҳ надиҳед, беҳтараш роҳҳои дигари ибрози ақидаро интихоб намоед. Мардони мучали қавс хароҷоти худро бояд ба нақша гиранд. Бонувон дар баробари серкорӣ барои истироҳат ва дилхушӣ вақт пайдо мекунанд.
Рӯзҳои бобарор: душанбе. Рӯзи бебарор: нест.
Ҷаддӣ
Дар ин ҳафта вазъи молиявиатон ба шарте хуб ҷараён мегирад, ки хароҷоти пулии худро ба нақша гирифта тавонед. Агар нияти насия гирифтанро дошта бошед, ҳафта барои ин кор мусоид аст. Дар хонаатон ҳодисаи хуше рух медиҳад. Ҳафта барои саёҳат ё ба хонаи дигар кӯчидан мусоидат мекунад. Мардони мучали ҷаддӣ ба саломатии худ диққати ҷиддӣ дода, баъзе нишонаҳои бемориро аз мадди назар набояд дур гузоранд. Бонувон ба кӯмаку дастгирии дигарон умед мебанданд.
Рӯзҳои бобарор: панҷшанбе. Рӯзи бебарор: нест.
Далв
Ҳафтаи душвор аст. Уҳдадориҳои касбиву корӣ, вохӯриҳо ва кор бо ҳуҷҷатҳо зиёд мегардад. Ҳафта барои пайдо намудани ҷои нави корӣ мусоид аст. Дар давоми ҳафта хабари тавлидёбии тифлро мешунавед. Саломатии худро аз ҳама гуна инфексия, вирус ва корҳои ҷисмонӣ ҳифз намоед. Хабару иттилооти аҷиб мешунавед. Асабонияту фишори руҳие, ки дар давоми ҳафта сар мезанад, бо сабаби он аст, ки шумо барои ояндаи худ ҳарос доред. Мардони мучали далв бо ободонии хонаву дар ва харидорӣ намудани ҷиҳози хона машғул мешаванд. Бонувон бо нафарони синну солашон гуногун дар робита мешаванд.
Рӯзҳои бобарор: ҷумъа. Рӯзи бебарор: якшанбе.
Ҳут
Дар ин ҳафта нисбати атрофиёни худ сабру таҳаммулро пеша намоед. Либосу ҷиҳози худро аз гумшавӣ эҳтиёт кунед. Аз робита бо нафароне ки ба шумо майл доранд, дурӣ наҷӯед. Танҳо бо сабабе, ки мушкилиҳои зиёде ба дӯшатон бор гардидааст, гӯшанишин нагардед. Дар ин ҳафта вазъи молиявиатон рӯ ба беҳбудӣ меорад. Танҳо бо корҳое машғул шавед, ки аз уҳдааш баромада метавонеду барояш вақту имконият доред. Мардони мучали ҳут вақти бештари худро дар оила мегузаронанд. Бонувон аз баъзе ҳодисаҳои ҳафта дилгиру руҳафтода мешаванд.
Рӯзҳои бобарор: душанбе, ҷумъа. Рӯзи бебарор: нест.