Чаро кӯдакон чӣ дар хона, чӣ дар боғча ва чӣ дар мактаб ба шиканҷа дучор мешаванд?
Ҷавоб возеҳ аст: зӯри кӯдакон ба калонсалон намерасад. Кӯдкон аз калонсолон ҳам аз ҷиҳати моддӣ ва ҳам аз ҷиҳати маънавӣ вобастаанд. Кӯдакон ба ғамхорӣ ниёз доранд. Як қисмат аз волидайни бераҳм фарзандони кӯчакашонро ба хотири манфиатҳои хеш лату кӯб мекунанд ва ҳангоми пирӣ шиква менамоянд, ки фарзандон онҳоро дар хонаи пиронсолон партофта мераванд. Дили кӯдакон зудранҷ аст ва дарду алами сахт то абад дар дилашон нақш мебозад. Хело боиси таассуф аст, ки чунин муносибати калонсолон барои кӯдакон намуна мешавад ва онҳо низ ягона роҳи осони тарбияро дар лату кӯб кардан мебинанд. Чанде қабл яке аз истифодабарандагони фаъоли Facebook-Гулнора Амиршоева дар саҳифаи хеш дар атрофи ин мавзӯи мубрами рӯз матлаберо нашр намуд ва дар он чунин сатрҳо оварда шудаанд: “То ба кай дар кишвари мо кӯдаконро тамасхур мекарда бошанд? Влидайн, муаллимон ва дигар гурӯҳе аз одамони золим аз шумули онҳоянд. Пас аз ҳамаи ин зулмиҳо дар бораи таҷовуз дар оила ҳарф мезананд, ҳол он ки худашон фарзандашонро ҳам аз ҷиҳати ҷисмонию ҳам маънавӣ таҷовуз мекунанд. Ба калонсолон чӣ шудааст?
“Ҳамсояи мо писари 13 солаашро лату кӯб намуда, сипас ӯро луп-луч карда, аз хона берун мекунад. Ҳатто агар ҳаво бениҳоят сард бошад. Сабаб кам пул кор кардани писарчааш аст. Ӯ борхалтаҳои харидоронро кашонда, гоҳо ба хона миқдори ночизи маблағ меорад. Модараш боз ба номаш раиси маҳалла ва раиси занон аст. Ҳама аз ӯ ҳарос доранд. Писараш 13-феврал боз дар кӯча бесарпаноҳ хоб рафтааст.”-шарҳ дод Гулнора ҳарфҳои Oxi Gen-ро.
Дирӯз тақрибан соатҳои 8 бегоҳ ҳангоми аз кор ба хона рафтан, дар наздикии бинои Al’Femo 2 писарбачаи тақрибан 10-12 соларо дидем, ки машғули савдои сақич ва “салфетка”буданд. Либоси кӯдакон фарсуда, калушҳояшон даридагӣ, сару рӯйи онҳо чиркин буд.
ДУХТАРАКИ МОШИНШӮЙ: ДАР ЯК РӮЗ 100-СОМОНӢ КОР МЕКУНАМ!
Ҳамроҳашон каме сӯҳбат кардам. Барои хариди лавозимоти мактаб-қаламу дафтар маҷбур шудаанд, ки дар қади роҳ ба савдои майда-чӯйда машғул шаванд. Аммо ба ҷойи волидайни онҳо дили худам хавотир шуд. Ҳар хел фикрҳои даҳшатовар ба сарам омад. Аз дил гузарондам, ки мабодо зери чархи автомобили ронандаи маст монанд ва ё Худо накунад, ки яке ба доми дуздҳои одамфурӯш афтанд. Шумораи кӯдаконе, ки имрӯзҳо аксари падару модарони бемасъулият онҳоро ҳамчун сарчашмаи даромад истифода мебаранд зиёд аст. Дар маркази савдои “Корвон”, “Саховат”, “Саффориён” аксари вақт шоҳиди ҳол мешавам, ки макттаббачаҳо чӣ рӯзҳои корӣ ва чӣ рӯзҳои истироҳат дар нуқтаҳои фурӯшӣ машғули тиҷорат ҳастанд, ҳол он ки ҳамеша таъкид бар он меравад, ки насли босавод ояндаи солими кишвар аст. Пас агар нисбати илму дониш андӯхтан чунин беаҳамиятӣ зоҳир гардад, пас ояндаи кишвар чӣ гуна хоҳад шуд?
Малика Эстер ба саҳифаи Tajik Mama Group муроҷиат намуда, гуфтааст: “Оё муаллим ва ё муаллима ҳуқуқ доранд, ки бе хабардор намудани волидайн дар назди ҳамаи ҳамсинфон мӯйи сари талабаро буз қайчӣ кунад? Оё ҳамин гуна қонун дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаст? Кӯдак шарм дорад ба мактаб рафтан. Ба иззати нафси писарбача дар назди ҳамагон расидаанд?”
Боиси таассуф аст, ки ба бархе аз омӯзгорони худхоҳ сабабгори он мешаванд, ки кӯдакон беҷуръат ба воя расанд. Ҷасорати аз ҳуқуқҳои худ мудофиа кардан дар вуҷуди онҳо мемурад. Ҳатто ҳангоми сукунат дар маҳаллаи Зарафшон, чандин бор шикваи ҳамсоя-талабаҳоро дар он бора мешунидам, ки ҳагоми ба дарс омода набудан, муаллима дар пешонии онҳо як баҳои 2-и калон мемонад. Даҳшат маро фаро гирифт. Дар тасаввур кардани ҳолати рӯҳии он кӯдакон оҷиз мондам. Наход дар замони муосир бо фароҳам будани тамоми шароити таълим методи тарбия дар мактаб чунин бошад.
Хуллас, дар тарбияи кӯдакон дар ҳамаи муассисаҳои таълимӣ мебоист ҷиддӣ ва боддиқат буд. Волидайн, муаллимони боғчаи кӯдакона ва мактабҳои миёна дар тарбияи кӯдакон ба хотири роҳати ҷони худ набояд хунукназарона муносибат кунанд. Хуб мешуд, ки ҳангоми душвортарбия будани кӯдакон, ба ҷойи лату кӯб намудани кӯдак ба равоншинос муроҷиат кунанд.