arzon replenishment
Ҷӯраи арӯсдузд
4967

 

Мавлон дар хона машғули мутолиаи рӯзнома буд, ки дарвозаро касе тақ - тақ зад. Рӯзномаро як сӯ гузошту ба даҳлез баромада дарро кушод. Духтари мавзунқомати мӯдарозе, ки зулфонаш қайчӣ зада ва куртаи аврупоӣ дошт, боодобона салом дод.

- Ба шумо кӣ даркор? - пурсид Мавлон.

- Субҳон дар хона?

- Не, ҳоло наомадааст.

- Ин тавр бошад, гӯед, ки ба ман занг занад, - гуфт духтар ва пас гашт.

Мавлон аз паси духтарак то аз чашм ғоиб шудан назар карду баъд оҳи сарде кашида ба хона даромад. Дигар рӯзномаро мутолиа карда наметавонист, фикраш ба духтар банд буд. «Ин духтар ба Субҳон чӣ кор дошта бошад? Онҳо чӣ тавр шиносанд? Чаро Субҳон дар бораи ин духтар пештар ба ман чизе нагуфта буд?» Мавлон худ ба худ мунозира дошт, ки Субҳон даромада омад. Мавлон хоҳиши меҳмони нохондаро ба ӯ расонд. Субҳон телефонро аз кисааш гирифт.

- Э, ҳа телефони ман хомӯш будааст, ки маро суроғ омадааст. Чандин маротиба занг задааст.

- Ин духтар кист? Чӣ хел шиносоӣ доред?-пурсид Мавлон.

- Аввал ба ӯ занг занам, баъд ба ту мефаҳмонам-гуфт Субҳон ва ба ҳавлӣ баромад. Вай хеле телефонӣ чақ-чақ карда баъд ба хона назди Мавлон даромад.

- Духтаре, ки маро суроғ карда омад, Гуландом ном дорад. Донишҷӯи соли дуюми факултаи худамон аст. Се сол пеш ман ба мактаби онҳо таҷрибаомӯзӣ рафта будам. Дар ҳамон ҷо шинос шудем. Гуландом аз ман дарсҳои иловагӣ мегирифт. Баъди таътили тобистона фаҳмидам, ки имтиҳонҳои дохилшавиро супорида донишҷӯй шудааст. Маро ба хонаашон даъват намуд. Падараш омӯзгор, модараш дар фабрикаи «Ширин» кор мекунад. Гуландом духтари калонии оила аст. Пагоҳ ташкилӣ доштаанд. Ҳамроҳ меравем, худат ҳамаашро мебинӣ.

Рӯзи дигар Субҳон ва Мавлон ба хонаи падари Гуландом рафтанд. Дар болои дастурхон ғайр аз шири мурғу ҷони одам тамоми нӯшу неъмати дунё муҳаё буд. «Худо ба ин сағера додааст. Ин хонаю дар ва ин париваш насиби ҳамин Субҳонча мешудааст-дия»,- аз дил мегузаронд Мавлон ва кирми ҳасад вуҷудашро мехӯрд. Гуландом имрӯз либоси миллӣ пӯшида боз ҳам зеботар гашта буд ва Мавлон аз ӯ чашм канда наметавонист.

Гуландом баъди ин вохӯрӣ Мавлонро чун рафиқи Субҳон шинохт. Дар кӯча ё дар донишкада вохӯранд, салому алейк ва пурсу пос мекард.

Фасли баҳор буд. Булбулон дар шохи дарахтон чаҳ-чаҳ мекарданд. Мавлон дар болои кати зери ангур дароз кашида китоберо мутолиа мекард, ки дарвоза тақ-тақ шуд. Мавлон дилу бедилон аз ҷояш хеста дарвозаро кушод, Гуландомро дида чӣ гуфтанашро надониста монд.

- Салом акаи Мавлон! Рафиқатон Субҳон дар хона?-Пурсид духтар.

- Марҳамат дароед, куҷое бошад, ҳозир расида меояд,-гуфт Мавлон.

- Не, меравам. Барои кори семинарӣ китобе лозим шуд, барои ҳамин омадам,-гуфт Гуландом ва азми рафтан кард.

- Ба хона даромада китобҳоро бинед, агар бошад, гирифта равед.-Ин пешниҳоди Мавлон ба духтар хуш омада, мамнунона табассум кард. Гуландом бо Мавлон ба хона даромада аз байни китобҳои Субҳон китоби лозимиро ёфт. Духтар хурсандона китобро ба сумкааш андохт. Мавлон ӯро гусел кард. Вақте, ки духтар аз дар мебаромад барқсон ба сараш фикре зад ва Мавлон маккорона «Э вой шикамам ба дард даромад»-гӯён дар ҷояш нишаст. Ин ҳолати ӯро дида Гуландом ташвишомез пурсид: «Ба шумо чӣ шуд, ака?» Мавлон ба нолишкунӣ даромад. Гуландом аз китфаш дошта ӯро ба хона даровард ва болои кати хоб шинонда аз пиёла об рехта ба Мавлон дароз кард. Зуд аз «дорухонача» дору гирифт. Мавлон чолокона аз банди дасти духтар маҳкам дошта пичиррос зад:

- Оҳ, Гуландом! Ту дар фасли баҳор мисли гули лола бо сад ҷилваю ноз омада ба машоми ман бӯи хуши ишқро овардӣ. Ҷони ширин бемори ишқи ту ҳастам, биё бо лабони шаҳдборат маро табобат намо …

Гуландом ки чунин суханҳоро аз Мавлон умедвор набуд, лолу карахт шуда монд. Дорую пиёлаи оби ҷӯш аз дасташ ба замин афтида чашмонаш селоби ашк гирифт. Мавлон пакар шудани духтарро дида Гуландомро ба оғӯш гирифту аз лабони шаҳдбораш зӯран бӯса ситонд. Гуландом ба худ омада муқобилият нишон дод, вале Мавлон дигар он ҷавони хапак набуд. Вай мисли дев ба зӯрӣ духтарро рӯй даст бардошта ба кати хоби Субҳон хобониду либосҳояшро кашид.

Бадани сафеду нозуки Гуландом гулхани нафси ҳаромашро бештар аланга занонду Мавлон мисли гурги гуруснае, ки дар чиллаи зимистон ғизолаке ба чангаш афтидааст, худро рӯйи туъмааш партофт. Гиряву нолаи духтар фоида накарда, билохира ин гург ба мақсад расид. «Ту хавотир нашав, намегузорам, ки хор шавӣ. Ҳамаашро ба Субҳон дӯстона фаҳмонда мегӯям, ки ман аллакай бакорати туро гирифтам. Бигзор арӯси дигар ёбад. Ман ҳамчун марди ҳақиқӣ худам туро ба занӣ мегирам»,- пас аз коми дил ҳосил кардан ваъда дод Мавлон.

Гуландом зор-зор гириста аз хона баромад. Духтари фиребхӯрда ба худ лаънат мехонд, вале аллакай кор аз кор гузашта буд. «Хонаат сӯзат Мавлони падарлаънат! Ҳаётамро сӯхтӣ, умеду орзуҳоямро барбод додӣ. Акнун ман ба Субҳон чӣ мегӯям?»- Гуландом худ ба худ мегуфту мегуфту мегирист, вале ҳеҷ алами дилаш паст намешуд.

- Ҳа, Мавлон офтоб тамоми шаҳрро нурафшонӣ кардаасту ту ҳоло ҳам аз хоб нахестаӣ?- ҳайрон-ҳайрон ба ҷӯраи дар болои кат дарозкашидааш нигариста пурсид Субҳон.

- Имрӯз истироҳат аст, сари ҷойгаҳ нишаста ғурунгид Мавлон,-тӯй нағз гузашт?

- Ҳамааш нағз гузашт,-гуфт Субҳон ва либосҳояшро иваз намуда аз хона баромад.

Вақте ки Субҳон аз дарвоза даромад, Гуландом машғули тоза намудани тирезаҳои меҳмонхонаашон буд. Одатан вай табассумкунон ба пешвозаш мешитофт, вале аз чи бошад, ки имрӯз ким-чӣ хел рамидагӣ барин, худро нодида вонамуд карда хонаи дигар даромад. Модараш Субҳонро ба меҳмонхона таклиф намуд.

- Модар шумо бо падари Гуландом оиди гузаронидани тӯй маслиҳат кардед?-пурсид Субҳон дар сари дастурхон.

- Маслиҳат кардем. Худо хоҳад, тӯй дар таътили тобистона барпо мешавад.

Гуландом, ки чойники чой дар даст нав қадам ба пешайвон ниҳода буд, ин гапро шунида дар ҷояш якбора шах шуда монд. Намедонист чӣ кор кунад. «Даромада якбора ҷавобашро диҳам ва буду шуди гапро ба Субҳон фаҳмонам» андешид Гуландом, вале ҷуръаташ нарасид. «Ман чи хел ба рӯи вай нигариста ин гапи нангинро мегӯям? Бигзор худи Мавлони номард кори разилонаи кардаашро ба ҷӯрааш нақл кунад. Мабодо вай ба ваъдааш вафо накунад, на танҳо ман, балки падару модарам ҳам шарманда мешаванд»,- духтар бо чашмони ҳавзи об чойники чойро паси дари меҳмонхона монда «Очаҷон, чойро гиред» гуфту осемасар пас гашта аз дар баромад.

 

Аз байн қариб ду моҳ гузашт. Гуландом ҳис мекард, ки рӯзҳои охир ҳолаш чандон хуб нест. Сараш худ аз худ чарх мезад, дилаш беҳузур мешуд, тоби бӯйи равғанро надошт. Беҳолу бемадор буд, гоҳо дар дарс хобаш мебурд. Дасташ ба коре пеш намерафт. Рӯзе як ҳамсабақаш, ки як сол пеш шавҳар карда буд, аз Гуландом муждагонӣ гирифт, ки ҳомиладор шудааст. «Сарторикӣ бисёр душвор будааст, дугонаҷон, дилам тез-тез беҳузур мешавад, сарам чарх мезанад, тобу тоқати бӯйи равғанро надорам»,- гуфт Сайрам. Гуландом ин гапҳои дугонаи ҳомиладориашро шунида дар ҷояш шах шуда монд. Дарёфт, ки ҳолати ӯ ба ҳолати Сайрам монанд аст.

«Маълум мешавад, ки ман ҳам ҳомилаам. Мавлонро хабардор кардан лозим, то ки тӯйро бо тезӣ гузаронад, вагарна шармандаи ду олам мешавам»,- аз дил гузаронд. Гуландом осемасар ба дугонааш хайрухуш карда рафт.

Дар арафаи иди Қурбон Мавлон ба хонаи падари Гуландом омад, то ба гуноҳаш иқрор шуда, маслиҳати тӯйро пазонад. Модари Гуландом-Солеҳа дар меҳмонхона чақ-чақ карда менишаст, ӯро бо лабханд пешвоз гирифта дар паҳлӯи Субҳон шинонд.

- Амаки Равшан нестанд? - пурсид Мавлон.

- Амаки Равшан ба хонаи дӯстонаш рафтанд. Куҷое бошанд, ҳозир расида меоянд. Соҳибхона инро гуфта, онҳоро ба нозу неъмати дастурхон муроот намуд.

- Холаи Солеҳа, намепурсед, ки ман бо кадом мақсад наздатон омадам?-суханро аз дур оғоз намуд Мавлон.

- Шумо бо туфайли дӯстатон ба назди мо барои табрикоти иди Қурбон омадед-дия,-гуфт соҳибхона.

- Ман бо ду мақсад наздатон омадам, яке табрик намудан бо иду дигаре…- Мавлон забон хоида, ҷониби Субҳон нигарист.

- Мавлон, шарм накарда гуфтан гир, -бепарвоёна даст афшонд Субҳон.

- Субҳон, ману ту рафиқи наздикем, бояд ҳамдигарро хеле хуб фаҳмем…

- Ҷӯраҷон, шаф-шаф накарда, шафтолуи гапро гӯю мон,-ин сухани Субҳон ба Мавлон мадор бахшиду зери лаб ғурунгид:

- Барои Гуландом хостгорӣ омадам!

Субҳон ки чунин суханҳоро аз Мавлон интизор набуд, якбора аз ҷой хеста аз гиребони ҷӯрааш дошту дод зад.

-Ту чиҳо гуфта истодаӣ? Саломатиат дар ҷояш ё ҷину аҷина таъсир карда хавосат парешон шудааст?!

-Шумоён рафиқи наздикед ва ту хуб медонӣ, ки Гуландом ба Субҳон фотиҳа кардагӣ. -Ба гап ҳамроҳ шуд Солеҳахола.

-Ман бемор нестам! Саломатиам хуб аст,-гуфт Мавлон,- Гуландомро даъват кунед, фаҳмем, ки чӣ мегӯяд.

-Мавлон афсона нагӯй, худат медонӣ ки мо чанд сол боз мулоқот мекунем, ҳама хабар дорад, ки Гуландом арӯси ман аст. Гуландомро даъват кардан чӣ лозим.

Холаи Солеҳа ҳайрон монда чи гуфтанашро намедонист. Вай гоҳ ба Мавлону гоҳ ба Субҳон нигариста аз дил мегузаронд, ки чаро ин ду ҷӯра духтари ӯро мисли лӯхтак бозӣ дорондан мехоҳанд. Мавлон худаш Гуландомро даъват карда ба хона овард. Духтар сархам ба замин менигарист.

- Модар, шумо аз ҳозир барои ман ҳам ба туфайли Гуландом модар мешавед. Бисёр хуб аст, ки амаки Равшан нестанд, мешуданд ғурбат зиёд мешуд. Аз гуноҳи мо гузаред, Гуландом аз ман ҳомиладор аст, - сари мақсад омад Мавлон. Гуландом бо ду дасташ даҳонашро дошта тозон аз дар берун шуд. Солеҳа ин гапро шунида, дар ҷояш шах шуда монд.

-Дурӯғ мегӯӣ! Туҳмат карда истодаӣ! Бо ин суханҳоят ӯро шарманда кардан мехоҳӣ?-аз гиребони ҷӯрааш дошта фиғон кашид Субҳон. Ман агар туҳмат мекардам, Гуландом дар даҳонам мезад. Вай аз ман ҳомиладор аст, бовариат наояд, худи ҳозир бурда ташхис гузарон. Субҳон боварӣ ҳосил кард, ки Мавлони номард рост мегӯяд ва бо чашмони ашколуду дили захмин аз хона баромад …

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД