Sebiston new 2024 october
Падари дузанаи ман
3017

 

Падари ман дузана аст. Модарам зани дуюми падарам, бар замми ин, онҳо хеши наздиканд Зани якуми падарам бемор мешаваду бо ҳамин баҳона духтари тағояш, яъне модари маро зани дуюм карда мегирад.

Бисёриҳо гумон мекунанд, ки занҳои дуюм барои шавҳаронашон эркаю азиз ҳастанд ва зиндагии шоҳона доранд, вале ҳақиртар аз зани дуюм дар дунё касе нест. Инро ман дар мисоли зиндагии талху сангини модарам ҳар рӯз дида меоям...

Шавҳар ё меҳмон?

Мардҳои дигар шояд барои занҳои дуюмашон қасру хонаҳои боҳашамат сохта, зару зевари зиёде ҳадя кунанд, вале падари ман ба модарам дар умраш ҳатто як куртаи чит нахаридааст. Модари хору зори ман як умр либосҳои куҳнаи холаамро, ки дар шаҳр зиндагӣ мекунад, мепӯшад.

Аз рӯзе, ки худро мешиносам, дар хонаи бобои модариам зиндагӣ мекунем. Падарам мард шуда, ягон бор ба хонаи мо ҳатто як дона нон наовардааст. Ду даст дар бинӣ мисли меҳмон ба хонаи бобоям омада, ошу нони тайёрро хӯрда меравад, вале чунон дағдаға мекунад, ки гумон мекунӣ, барои мо аз мулки Ҳинд уштури калон оварда бошад. Мо бо либосҳои куҳнаи мардум калон шуда, зиндагиамонро бо як бурида нони бобою бибии пирам мегузаронем, вале...

Душмани худӣ

Падарам аз зани якумаш чор фарзанд дорад. Мо бо ҳамдигар додару хоҳар бошем ҳам, фарзандони падарам моро чашми дидан надоранд. Мо зӯран рафта дар хонаи онҳо зиндагӣ накардаем ва ҳатто як бурида нони падарро нахӯрдаем, вале зану фарзандонаш ба мо рӯзи хуш намедиҳанд. Дар як кӯча зиндагӣ мекунем, ҳар гоҳ аз назди хонаи падарам гузарем, зану бачаҳояш моро сангборон карда, чунон дашному ҳақоратҳои қабеҳе медиҳанд, ки ба такрор карданашон забони кас намегардад.

Гунаҳкори бе гуноҳ

Аввалину охирин марди чашм кушода дидаи модарам падарам аст, чунки хеле ҷавон ва духтар ба шавҳар баромадааст. Ман модарамро таъриф карданӣ нестам, вале тамоми ҳамсояҳо ба покдомонӣ, садоқат ва пуртоқатии ӯ қоиланд. Дар домони поки модари ман намоз хонда мешавад, вале зани якуми падарам дар ҳама ҷо ӯро шавҳардузд ва фоҳиша гуфта, таҳқир мекунад. Ин зани шаттоҳ борҳо ба рӯйи модарам туф карда, мӯйи сарашро қабза-қабза канда гирифтааст, вале дар ҷавоби ин ҳама дағалӣ ӯ хомӯш аст. Гуноҳи ягонаи модарам он аст, ки зани дуюм шудааст ва ана ҳамин “гуноҳ” ӯро дар назди ин аҷуза забонкӯтоҳ кардааст...

Хушдоман не, албастӣ!

Зани якуми падарам на танҳо бо модари ман, балки ҳатто бо келину бачаҳои худаш ҳам соз намегирад. Хушдоман не, як албастии таппа-тайёр аст ин занаки шаттоҳ. Вай бо ҷангу ҷанҷол ва гапҳои ҳароми бӯгинаш зиндагии ду келини бечораро чунон талх кард, ки ҳарду келинҳояш ҷони худоӣ гуфта, аз дӯзахи хушдоман баромада рафтанд. Падарам дубора пули моли бисёре дода писарҳояшро хонадор кард, вале келинҳои нав ҳам аз дасти зани азроилаш рӯз надоранд. Хушдомани золим ва бе инсофашон мисли кана ба ин ду арӯсаки бечора часпида, хунашонро чунон бераҳмона мемакад, ки аллакай ҷонашон ба лаб расида, ба ҳамсояҳо аз рӯзи сиёҳашон шиква доранд...

Муҳтоҷи як бурда нон

Падарам ва хешу табораш парвои мо надоранд ва ягон бор аз дарамон даромада намепурсанд, ки шумо мурдаед ё зинда, сер ё гурусна. Рӯзҳое мешаванд, ки ҳатто нони хӯрдан намеёбем. Боре модарам ҳамроҳи бародарам гандуми ҷаву арзан аралашро барои ордкунӣ ба осиёби деҳаи ҳамсоя бурда, дар роҳ бо падари падарам, ки ду халтаи пур аз ордро ба хар бор карда аз осиёб бармегаштааст, вохӯрдаанд, вале бобоям хотири рӯйи мо, набераҳояш ақаллан ним халта орд ҳам надодааст. Қасд кардагӣ барин осиёббон “арзан аз осиёб намегузарад” гӯён, халтаи пурро аз дасти модарам гирифта, бар ивазаш танҳо як сатил орд додаасту халос. Бечора модарам гириста-гириста ба хона баргашт...


Истаравшан: Абдуваҳоб Достонро табаршап кард

 


Дар набарди зиндагӣ

Бародари калониам дониши хуб дошт ва мехост ба ягон донишгоҳ дохил шавад, аммо шароити номусоиди зиндаӣ ба ӯ имкон надод, ки орзуҳояшро ҷомаи амал пӯшонад. Бечора бародарам маҷбур шуд, ки рӯ ба муҳоҷират оварда, ризқу рӯзии худро дар мулки бегона биҷӯяд. Вай панҷ соли дароз ғуломвор хизмати русҳоро карда, каме маблағ ҷамъ кард ва ба Ватан баргашта бо як духтараки волидонаш мисли худамон камбағал хонадор шуд. Бо кӯмаки бародари меҳрубонам ман ба донишгоҳ дохил шудам ва ҳоло дар курси дуюм таҳсил карда истодаам...

Захми ниҳон

Бо хорию зорӣ ва бо либоси мардум мо оҳиста-оҳиста ба камол расида, сари ақл шудем. Худо хоҳад, рӯзе нони даҳонамонро меёфтагӣ мешавем, вале рафтори номардонаи падар мисли захми ниҳон дар дилҳоямон боқӣ мемонад. Шояд шумо маро маломат карда бигӯед, ки ин нокас падари худашро танқид кардааст, вале рафтори падарам касро девона мекунад. Ҳар гоҳ гапашон бо модарам гурезад, падарам миннат карда мегӯяд: “Дар вақташ хонаҳои падари туро ман бе пул похсадевор карда будам, агар ин корро барои ягон одами бегона мекардам, медонӣ чӣ қадар пул медод?!” Бобоям бар ивази ҳамон похсадевор модарамро, ки гул барин духтар буд, ба ин марди зандор додааст, вале ӯ боз норозист ва похсадевори як аср пеш кардаашро то ҳол миннат мекунад. Ин марди гарданғафс як бор андеша намекунад, ки зану фарзандони ӯро 20-25 сол боз бобои пирам хӯронда истодааст.

Ҳаргиз зани дуюм нашавед!

Мақсад аз ба қалам додани ҳаёти талхи оилаамон сиёҳ кардани падарам нест. Ман танҳо ба он хотир зиндагии душвори модарамро рӯйи коғаз овардам, ки ба дигар хонумҳо дарси ибрат гардад.

Аз минбари “Оила” ба тамоми занону духтарони тоҷик гуфтаниям:

-Ҳаргиз зани дуюм нашавед! Саг рӯз дораду зани дуюм не!

Р/С

Хонандагони азиз, ин қисса сохтаю бофта намуда, саргузашти як донишҷӯи тоҷик аст, ки дар яке аз донишкадаҳои шаҳри Душанбе таҳсил карда истодааст. Мо ба ин қисса ҳатто як сатр зам накарда, ҳарчи буд, ҳамонро дар саҳифаи газета ҷой додем.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД