Formula novemver 2024
Апаам аз ғами дузанагии шавҳараш мурду...
3615

 

Ин зан аз деҳаи Худгифи Болои ноҳияи Мастчоҳи куҳӣ ба идораи ҳафтаномаи “Оила” омадааст. Ӯро ба ин ҷо роҳбаладаш , як сокини шаҳри Душанбе, ки зани хеле хоксору ҳалим ва новобаста ба синну солаш зебоандоме буд, оварда буд ва ӯро ҳамроҳӣ мекард. Зеро худи зан, ки Моҳсафар ном доштааст, пойтахтро намедонист ва чун як зани деҳотӣ   метавонист роҳгум занад. Ӯро чӣ ба ин ҷо овард? Магар аз Мастчоҳ то Душанбе нафаре ёфт нашуд, ки ӯро гӯш кунад? Беҳтараш, биёед худи Моҳсафарро шунавем...

... Ман синнам аз 50 гузаштааст ва то ҳол боре ҳам шавҳар накардаам. Як апаи дигар дорам, ӯ ҳам шавҳар надорад ва мо ҳар ду якҷоя дар хонаи падарӣ зиндагӣ мекунем. Падари раҳматиам, ки даҳ сол пеш аз дунё рафтанд, моро ҳамчун инсонҳои баномус тарбия карданд, ки гапи касеро нахӯрем. Ҳоло фикр мекунам, ки раҳматии падарам кори дуруст карданд, зеро як апаамро ба шавҳар доданду имрӯз фарзандонаш дар кӯча зору ҳайрон монданд ва ин ҳам аз дасти як нимчамуллое, ки нисбати фарзандони худ бераҳмии гӯшношунидро раво мебинад.

 


Барномаҳои табодулӣ ба мисли Open World, Flex, UGRAD, Full Bright, Ted girls ва ғайраҳо дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.

Барномаҳои табодулӣ ба мисли Open World, Flex, UGRAD, Full Bright, Ted girls ва ғайраҳо дар эҷод кардани ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми якдигар, омода намудани пешвоён дар саросари дунё ва беҳтар намудани робитаҳои халқи Амрико бо халқҳои кишварҳои дигар нақши бениҳоят муҳимро мебозанд.

 


-Шумо ин ҷо барои дарди худатонро гуфтан омадед ё барои шикоят аз болои почоятон? (Мастчоҳиҳо шавҳари апаю хоҳарро почо мегӯянд)-мепурсам аз Моҳсафар.

-Ман ҳарчанд марди хона надошта бошам ҳам, аз зиндагии худ шикоят надорам. Ҳамроҳи апаам аз ҳисоби деҳқонӣ   рӯзамонро хуб мегузаронем. Ҳам ман ва ҳам апаам сафари Ҳаҷ кардаем ва Хонаи Худоро зиёрат намудаем. Боз мехоҳам дар деҳаамон як нуқтаи тиббӣ ҳам созам, агар ҳукумат дастгирӣ кунад. Дардҳои мо аз азоби писари хурдии апаам аст, ки аз дасти падар ва модари ӯгай рӯз надорад. Гап дар сари он, ки апаи раҳматиам аз дасти шавҳари бешафқаташ доим дар азоб буд. Шавҳараш Султонхӯҷа як мардест, ки баъди гирифтани зани дуюм на ба занаш нигоҳ мекарду на ба фарзандонаш. Доим апаамро зери шаттаю шаллоқ мегирифт, ки ту фақат духтар мезоӣ. Зеро чор фарзанди аввалааш духтар буд. Раҳми Худо омаду ду фарзанди охиронаш писар таваллуд шуданд. Аммо ин ҳам феълу атвори ин нимчамуллоро дигар накард. Ӯ пулҳои бо меҳнати дасташ ҷамъ кардаи занашро гирифта, боз молҳои ӯро фурӯхта шаҳр ба шаҳр айёшӣ мерафт. Агар апаам гап занад, ӯро зери мушту лагад мегирифт. Аз зарбаҳои гирифтааш апаам бемор шуд ва ӯро раҳматии падарам ду маротиба бо маблағи худаш ҷарроҳӣ кард. Ман худам ҳам апаамро ду бор ба Душанбе оварда, ҷарроҳӣ кардам. Аммо раҳматии апаам ба ҳама ин азобу шиканҷа тоқат накарда, якуним сол пеш бандагӣ кард.

-Магар ӯ ба ягон ҷо аз азобҳои худ шикоят набурд?

-Охир ба куҷо ҳам шикоят мебарад, ки ӯ як зани баору номус буд ва намехост асрори хонаро берун барад. Танҳо ба падарам шикоят мекард, аммо падари бечораам ҳам фақат, “Тоқат кун, ҳамааш мегузарад” мегуфту ӯро тасаллӣ медод. Ҳарчанд шавҳари апаамро насиҳат мекард, ӯ боз ҳамон кори худро давом медод, ки ин ниҳоят ба гӯр бурдаш. Ниҳоят, падар аз дарду ғамҳои ягона духтари шавҳаркардааш аз олам чашм пӯшид ва ман худам ӯро гӯру чӯб кардам.

-Ҳоло зиндагии фарзандони Султонхӯҷа ва апаатон чӣ хел аст?

-Пас аз марги апаам Султонхуҷа зани нав гирифт ва ниҳоят ба орзуяш расид, аммо рӯзи фарзандонаш сиёҳтар шуд. Як духтарашро ду- се бор ба ҳамон муллоҳои хешаш фурӯхт. Ба шавҳар медиҳаду боз ҷудояш мекунад ва боз ба каси дигар медиҳад. Аммо аз ҳама азоби бештар насиби Шарофиддин шуд, ки аз ҳама хурдӣ аст. Ӯро дар хона зани наваш роҳ намедиҳад. Бечора, гоҳ ба хонаи ину гоҳ ба он меравад

(Идомаи суҳбати зани мастчоҳиро дар ҳафтаномаи оила мутолиа кунед)

                                               

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД