Formula novemver 2024
Носу сигор тахоратро намешиканад, агар...  
1954

 

 

 

Мусоҳиба бо имом- хатиби масҷиди ҷомеъи Қаламишикори шаҳри Душанбе

-Домуллои муҳтарам, ана имрӯз 10 рӯзи моҳи шарифи Рамазон сипарӣ шуд ва ба маънои дигар, “даҳаи раҳмат” поён ёфт.Тавре аз шикояташон маълум аст, дар ин моҳ аз ҳама бештар мардуми “кайфӣ”- носкашу сигоркаш ба қавли худашон “рӯзаи асосӣ” мегиранд, яъне бештар риёзатӣ мекашанд.Такрор ҳам шавад, бигӯед, ки оё носу сигор рӯзаю таҳоратро мешикананд?

-Бале, носу сигор рӯзаро мешикананд. Аммо дар мавриди шикастани таҳорат байни уламо тафриқаи андеша ҳаст. Ба ақидаи ман, дар ин маврид шикастани таҳорат аз нос ё сигор сирф фардӣ аст.

-Яъне, чӣ хел?

-Масалан, инсоне ҳаст, ки дар ҳолати истифода бурдани носу сигор агар худро мисли пештара контрол (назорат) карда тавонад, он гоҳ таҳораташ намешиканад, аммо агар... он гоҳ бо гумони ғолиб метавон гуфт, ки таҳорати ин шахс шикастааст. Яъне, ин аз ҳолати инсон вобаста аст.Чун ман дар умрам на аз ину на аз онаш истифода накардаам, ба таври равшан гуфта наметавонам, ки дар ҳолати истифодаи носу сигор ҳолати инсонӣ чӣ гуна мешавад. Ҳатто дар мавриди арақ ҳам ҳолатҳое, ҳаст, ки агар инсон худро идора карда тавонад ва ҳолати мадҳушӣ надошта бошад, метавонад таҳорат карда, намозашро гузорад...

-...?

-Бале, бале... Дар аввали Ислом ин чиз иҷозат буд ва нафароне, ки хамр (арақ) истифода кардаанду аммо худро контролӣ карда метавонистанд, таҳорат карда намоз мегузоштанд. Баъдан арақро манъ карданд...Чун сари ин масъалаҳо баҳсҳо зиёданд, ин масъалаҳоро уламои фиқҳ бо назари қиёс ҳал мекунанд. Масалан, истифода бурдани хамираи дандоншӯӣ ва ё чашидани маззаи хӯрок аз ҳамин қабил масъалаҳои баҳсталабанд. Агар дар замони Паёмбар (с.а.в.) носу сигор мебуд, он гоҳ ба таври аниқу возеҳ муайян мегардид,ки чиро мешиканаду чиро не. Чун ин чизҳо баъдтар пайдо шуданд, таъсири онҳоро уламо аз тариқи қиёс муайян мекунанд. Ин чизҳо ҳатто агар рузаро нашикананд ҳам, ба пайдо шудани кароҳият дар рӯза мусоидат мекунанд.

-Домуллои муҳтарам, мегӯянд, ки “шариатро шарме нест...” Бинобар ин, саволҳои зиёде дар мавриди ҷимоъ дар моҳи Рамазон байни зану шавҳар ворид мегарданд, ки онҳоро низ барои пурсиш манзуратон мекунем. Оё дар ин моҳ бо ҳам наздикӣ кардани ҳамсарон дуруст аст?

-Не, мумкин не... Дар ин моҳи муборак машғул шудан ба наздикии ҷинсӣ рӯзаро мешиканад...

-Ман дар назар дорам баъд аз шом, вақте ки рӯзадор рӯзаашро мекушояд ...

-Дар ин маврид, то замоне, ки рӯзаи рӯзи навро ният накунад, иҷозати ҳамхобагӣ ҳаст ва замоне ҳамин ҳам манъ буд, ки баъдан иҷоза шуд.

-Ба ҷуз он амалҳое, ки вобаста ба ҷисми инсон ҳаст, пешвоёни илми фиқҳ боз чандин амалҳоеро низ зикр мекунанд, ки берун аз ҷисм арзиши рӯзаи гирифтаи як бандаро дар назди Худованд паст мекунанд. Инҳо кадоманд?

-Бале, амалҳое ҳастанд, ки рӯзаро кароҳиятдор мекунанд. Вале ҳукман бояд мусалмон вақте, ки рӯзаро медорад, аз ғайбат, бадгӯӣ нисбати ҳамдигар, ҳақорату таҳқир, хулоса, аз гуфтани ҳама гуна суханони бад худро  нигоҳ дорад.

-Домулло, ба нафароне, ки тамоми сол номоз намехонанд ва ё гоҳ гоҳе мехонанду дар моҳи Рамазон “фаъол” шуда, аз паи рӯзаю намоз мешаванд,”мусулмонони якмоҳа” ном карда буд ва мегуфт, ки онҳо бояд қабл аз ҳама намозхони доимӣ шуда, қарзҳои намозу рӯзаашонро адо кунанду баъд пой ба масҷиду таробеҳ гузоранд.

-Ин нодуруст аст, зеро шариат ҳозирбин аст ва ҳар касе, ки ба нияти тоату ибодат ба назди Худо меояд, тавбаю намозаш қабул аст. Албатта, барои намозҳои нахондаю рӯзаи нагирифтааш ҷавоб мегӯяд, вале ҳаргиз роҳи тавба барои инсонҳои гунаҳгор баста нест. Шояд, ки ба ҳамин васила шахси бори аввал ба масҷиду таробеҳ омада намозхон шаваду минбаъд фаризаҳои фармудаи Худоро ба ҷо орад. Он, ки мегӯянд “фалонӣ рӯза нагирифту лекин намоз хонд, намозаш қабул не”, ё ки баръакс... ин гуфтаҳои ҳамон салафиҳою пойбандҳои мазҳабу равияҳои дигаранд. Мувофиқи мазҳаби мо, ҳеҷ гоҳ барои тоату ибодат дер намешавад ва ҳамеша дари хонаи Худо барои ҳама боз аст.

-Барои чӣ касон гирифтани рӯзаи моҳи шарифи Рамазон шарт нест? Баъзеҳо мегӯянд, ки бояд табибон муайян кунанд, ки кӣ бояд рӯза гираду кӣ не...?

-Моҳи Рамазон, моҳест, ки дар он Қуръони карим нозил шудааст, моҳи Рамазон моҳест, ки онро моҳи ҳидояти мардум ҳам мегӯянд. Аз ин лиҳоз, касе дар сафар набошад, касе, ки бемории ҷиддӣ надошта бошад, хулоса, касе, ки имкону қувват дорад, бояд дар ин моҳ рӯза бидорад. Барои ин справкаи духтур шарт нест, балки имону виҷдону имкони мусулмон ба ӯ роҳи дурустро нишон медиҳад.

-Боз як баҳси дигаре вуҷуд дорад сари кушодани рӯза ва гузоридани намози шом. Бигӯед, ки аввал бояд рӯзаро кушод ва ё намозро хонд?

-Ин ҷо набояд баҳсе рух диҳад. ЗероПаёмбари ислом (с.а.в.) дар ҳадиси худ фармуда буданд, ки бояд аввал рӯзадор ифтор карда қувват гирад ва пасон намози худро бихонад. Лекин ин маънои онро надорад, ки шумо офтоб нанишаста ифтор кунеду баъд вақти шом намозатонро хонед. Ҳар кор вақти худро дорад...

 

 

 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД