Formula novemver 2024
Падар ё хурӯс?
3364

Ростӣ Oila.tj мехонаму сари баъзе муаммову масъалаҳои баҳсталаб андеша мекунам. Дар 16-солагӣ маро ба як хеши дурамон ба шавҳар доданд.

Шавҳарам ҷавони ботамкину мулоимгап буду бо ман ҳамеша муносибати хуб мекард. Тавлиди нахустфарзандамон - писарчаи дӯстрӯяк муҳаббати ӯро ба ман зиёдтар гардонд. Вале...

Чӣ шуду байнамон хунукие афтид. Ӯ ба ин ҳама худро як навъ бепарво нишон дода, умед дошт, ки бо мурури вақт зиндагиву муносибатҳоямон дуруст мешавад. Аммо мутаассифона ман бетоқатӣ кардам ва ҳоло ҳис мекунам, ки ношукрӣ карда будаам. Ҳамин тавр, ман писаракамро гирифтаму аз хонаи шавҳар рафтам. Замони тинҷиву арзонӣ буд. Фарзандам бе каму кост калон мешуду худам низ аз ягон ҷиҳат камӣ надоштам.

Солҳо мегузашт. Писарам ҳам калонак мешуд. Ӯ 10 – сола буд, ки як хешписарамон маро бо Қурбон ном марде шинос намуд. Ин шиносоӣ дар кӯча сурат гирифт. Ман бо як нигоҳ Қурбонро хуш кардаму ӯ ҳам маро маъқул кард. Ҳис мекардам, ки муҳаббатамон самимӣ шуда истодаасту касеву чизе наметавонад ба ишқи мо халал расонад.

Ҳамин тавр, ману Қурбон бо ҳам пайвастем. Вақте ӯ худаш ба хонаи мо омад, модарам гуфтанд: “Писарам, падаратро ба хонаамон фирист, зеро русуми хостгорӣ чунин аст”. Ӯ ба модарам илтиҷоомез гуфт: “Падарам бемор асту дар шуъбаи 10-уми беморхонаи Қарияи боло бистарист. Ба шифоёбиаш дигар умеде намондааст. Бинобар ин, лозим аст, ки ҳар чӣ тезтар мо издивоҷ намоем”. Модари бечораам ночор розӣ шуду аз ҳисоби худ маърака ороста, моро хонадор кард.

Қурбон 2 фарзанд дошту аз ҳамсари аввалааш ҷудо шуда буд. Баъди издивоҷамон фаҳмидам, ки ман дар зиндагии ӯ зани сеюм будаам, на дувум. Баъди никоҳ шавҳарам маро ба хонаи писари тағояш бурд.

 


НОНИ ШӮ АРРА ДОРАД


 

Пас аз чанд моҳи издивоҷамон модарам бемор шуда, фавтиданд. Давраи бемориаш ман ҳамчун духтари кенҷа дар хонаамон будам ва ӯро нигоҳубин менамудам. Тамоми ин муддат Қурбон низ ҳамроҳи ман дар хонаи модарам истиқомат мекард.

Пас аз маъракаи чили модарам мо фарзанддор шудем. Қурбон гуфт, ки моро ба деҳа назди падараш мебарад ва дигар дар ҳамон ҷо истиқомат мекунем. Баъди рафтан ба хонаи онҳо падаршӯям маро бо наберачааш Сайёд хуш қабул кард. Шавҳарам ба падараш низ ваъда дод, ки ба ҳавлиаш меравему якҷоя бо ӯ истиқомат мекунем. Аммо ин танҳо ваъдаи хушку холӣ будааст.

Мо чанд вақти дигар дар хонаи модарам истиқомат кардем. Сайёд ҳам 8-моҳа шуду аз Қурбон қатъӣ талаб кардам, ки моро аз хонаи модарам ба хонаи худаш барад. Ӯ маҷбур шуд ҳуҷраеро ба иҷора гирифта, моро кӯчондад. Вале баъди ин ҳама ӯ нисбати ману кӯдакчаам бепарвоӣ мекард.

Бепарвоии шавҳарам маро сахт азоб медод. Ҳис мекардам, ки ӯ дар оиладорӣ устувор нест. Чунки борҳо дар идораи САҲШ (ЗАГС) қонунӣ гардонидани никоҳамро талаб мекардем, вале ҳар дафъа “Занакҷон, сабр кун. Ҳамаи кор сабру тоқат дорад”-гӯён ин корро мавқуф мегузошт. Бо вуҷуди азобдиҳиҳо ҳамеша талаб менамуд, ки барояш духтаре таваллуд кунам.

Худованд мададгор шуду духтарчаам ҳам ба дунё омад. Аммо мо ҳамоно аз иҷора ба иҷора мегаштему ба деҳа рафтанамон доимо ба таъхир меафтод. Ҳар гоҳе, ки дар бораи аз қайди ЗАГС гузаштану ба деҳа рафтанамон гап мезадам, ӯ ҳамеша “Дилпур бош! Падарам хона додааст. Ту таваллуд кардан гир. Ҳатман меравем”, - гуфта бо меҳрубониву дӯстдориҳояш тасаллоям медод. Аммо ман ҳис мекардам, ки ӯ тамоман дигар шудааст. Вақташро бештар ба дилхушӣ бо занҳои дигар гузаронида, тангаи сиёҳе ба хона намеовард.

 


ШИРИ САФЕДАТРО БУБАХШ, ОЧАҶОН!


 

Дар пайи ин корҳои бесару нӯгаш мо аз пардохти иҷора қарздор шудем. Маҷбур шудам, ки боз ба хонаи модарам баргардем. Дар ин ҷо духтаракам бемор шуд. Аз сабаби оне, ки табобати дуруст карда натавонистем, ӯ фавтид. Додаронам ҳамаи ин азобҳоямро дида, маслиҳат медоданд, ки аз баҳри чунин шавҳар барояму аз ин гуна зиндагӣ даст кашам.

Аввал шунидам, баъд бо чашмонам дидам, ки Қурбон зани аз худаш 10 сол калонро ба занӣ гирифтааст. Баъди зандориашро исбот карданам 3 моҳ ғайб зад. Дар ин муддат он зан духтар таваллуд кардаасту ба шавҳарам гуфтааст, ки дар сурати духтарашро расман ба фарзандӣ қабул кардану аз баҳри ману бачаҳояш гузаштани Қурбон, ба ӯ мошин туҳфа мекунад.

Дар батнам боз тифли 5 - моҳа доштам, ки шавҳарам аз хонаамон баромада, назди зани наваш рафт. Ҳоло писаракам 1 солаву 8 - моҳа шудааст, аммо падарашро чӣ парвои писар. Ман, ки бо тифли кӯчак дар ягон ҷой кор карда наметвонам, чӣ гуна писари хурдсоламро хӯронда пӯшонам? Охир, онҳо гурусна шуда, нон талаб мекунанд. Дар рӯзҳои хунуки зимистон либосу пойафзоли гарм мехоҳанд. Аммо ман имкони таъмин намудаашонро надорам.

Зиндагӣ маҷбурам кард то кӯдаконамро ба хонаи зани нави шавҳарам орам. Аммо пас аз 3 рӯз падарашон онҳоро оварда, дар кӯчаи мо партофта рафт.

Сайёдҷонро имсол ба мактаб бурдем. Ӯ, ки шаҳодатномаи таваллуд надошт, ба мактаб қабулаш накарданд. Албатта, ман мефаҳмам, ки шаҳодатнома ҳуҷҷати асосӣ аст ва бе он ба мактаб ва на ба ягон таълимгоҳи дигар наврасро роҳ намедиҳанд. Бинобар ин, ночор аз даргоҳи мактаб ноумед ба хона баргаштам. Аммо директори мактаб, ки шахси дурандеш буду зиндагии моро медонист, баъди чанд рӯз омада, Сайёди маро ба мактаб бурд. 

Ман аз як чиз ҳайронам. Куҷост аҳду паймони марде, ки пайваста бо меҳрубониву дӯстдориҳо “зани ин дунёву охиратам тӯӣ”-мегуфт ва сафи фарзандонамонро зиёд мекард? Чӣ мебинанд фарзандон аз чунин падар ва зиндагии серазоб? Магар уболи онҳо ӯро намегирад? Аз оҳи бадарди фарзандони зинда аз падар ҷудо наметарсад? 

Имрӯз шунидам, ки Қурбон бо духтари дигаре во мехӯрдааст. Шояд ба он духтар низ ваъдаҳои болохонадори бардурӯғ дода доманашаро бо чормағзҳои пӯчу бемағз карда бошад? Ба манзили падарба он деҳаи хушманзар бурдану аз қайди Загс гузаштанро шояд аллакай ба ӯ ҳам ваъда дода бошад? 

Дар ин хусус андеша карда, ҳамеша як сухани Қурбон ба хотирам меояд, ки мегуфт: “Ман насли Тоҷикистонро зиёд мекунам! Бо ягон зан қонунӣ никоҳ намекунам, то ки ин занҳо нисбатам ҳеҷ кор карда натавонанд”. 

Хонандаи азиз, розшунави мани бадбахт, бигӯед, ки ман бо фарзандони падардори бепадарам чӣ кор кунам?

Ҳабиба, 

н. Рӯдакӣ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД