sebiston july new
Уксус хӯру умри дароз бин!
5068

 

Сирко(уксус) умри инсонро дароз мекунад. Ин нуқтаро олимон низ тасдиқ намудаанд. Сиркоро бо ду роҳ ба даст овардан мумкин аст:

1. Ба таври кимиёвӣ-аз маҳсулоти хушк.

2. Ба таври микробиологӣ аз шароби ангур, пиво, асал, ферментҳои меваҳои гуногун ё шарбати обии спирти этилӣ (C2H5ON). Туфайли ҳамин моддаҳо сиркои ғизоӣ таъми махсус ва бӯи хуши худро дорад.

Ҳазрати Муҳаммад сирко мехӯрд?

Ривоят мекунанд, ки паёмбари ислом, ҳазрати Муҳаммад (с.с) боре фармуданд: “Сирко, беҳтарин хушбуйкунанда аст.”

Ҳамчунин мегӯянд, ки ҷаноби паёмбар (с.с) сиркои ангуриро зиёд дӯст медоштааст.

Алӣ ибни Абӯ Толиб низ барои табобати баъзе бемориҳо аз сирко истифода мебӯрдааст.


-Мард хаёлан муносибати маҳрамонаро тасавур мекунад ё аксу наворҳои шаҳвониро тамошо карда, васвось мешавад ва ҳамин чиз боис мегардад, ки шабона эҳтилом шавад.

 


Сирко чӣ фоида дорад?

Сирко яке аз беҳтарин антисептикҳо ба шумор меравад. Тибқи якчанд таҳқиқот, миқдори ками сиркое, ки ба хӯрок илова карда шудааст, нишондиҳандаи гликемикии карбогидратҳоро паст мекунад, бинобар ин, онро барои табобати диабет тавсия медиҳанд.

Сирко гурӯснагиро коҳиш дода, паразитҳои рӯдаҳоро мекушад ва бемориҳои дилу рагҳои хунгардро пешгирӣ менамояд.

Сирко умри одамро дароз мекунад?

Ҷопонҳои оқил бо мақсади беҳтар намудани кори тамоми организм ва барқарор намудани фаълияти бонизоми узвҳои дарунӣ миқдори зиёди сиркоро дар ғизо истифода мебаранд. Аз ҳамин сабаб мардуми Ҷопон нисбат ба дигар сокинони сайёра умри дарозтар мебинанд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД