arzon replenishment
Оила мотам дорад
2570

Субҳи имрӯз соати 6-пагоҳи яке аз кормандони собиқадори ҶММ "Оила" Елена Бекаева аз олам даргузашт.

Ин зани қавииродаю мардонадил қариб 20 сол дар ҶММ "Оила" фаъолият намуда, роҳбарии яке аз серхонандатарин рӯзномаҳои ҷумҳурӣ "Рекламное газета" -ро бар дӯш дошт.

Елена Бикаева ҳамчун сармуҳаррири ҷӯяндаву эҷодкор ба ин газета навигариҳои зиёдеро ворид намуда, тавонист "Рекламное газета"-ро аз як рӯзномаи тиҷоратӣ ба газетаи рангоранг ва хонданбоб табдил диҳад.
Елена натанҳо ҳамчун журналист беҳамто буд, балки дар зиндагӣ низ ҳам вазифаи падар ва ҳам вазифаи модарро ба ҷо оварда, бо тарбияи ду фарзанди хушахлоқ ва бо маданият модари беҳтарин будани худро собит сохт, аммо...

Дарди қатол ногаҳону беамон ба гиребони Еленаи мо чангол зад ва риштаи ҷони ин журналисти хушқаламро дар айни камолоти зиндагӣ барканд!
Елена Бекаева чанд сол қабл дини исломро қабул карда буд. Тавре ки духтари марҳум мегӯяд, Елена баъди қабул кардани дини муби ни Ислом ба худ ном Оишаро гирифта буд. Маросими ҷанозаи ӯ имрӯз, пеш аз намози ҷумъа дар маҳалаи 1-советский дар масҷиди Холмашраб баргузор мешавад.

Аҳли эҷоди сомонаи ОИЛА-ТЧ аз марги нобаҳангоми ҳамкасб, ҳамқалам ва дӯсту рафиқи беҳамтои худ Елена Бекаева сахт андӯҳгин буда, ба фарзандону пайвандони марҳум ҳамдардии амиқ изҳор менамояд!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД