Тарҷумони маъруфи Қуръони карим Имон Валерия Порохова дар пойтахти Русия шаҳри Маскав вафот кард.
Дар ин бора ходими шинохтаи мазҳабии Русия Алӣ Вячеслав Полосин дар сафҳаи фейсбукии худ хабар додааст.
“Имон Валерия Порохова моро тарк кард… Ӯ натанҳо Қуръонро ба забони русӣ тарҷума кард, инчунин зебоии Қуръон ва Исломро ба оламиён нишон дод. Вай некиву инсондӯстиро, ки ҷамъиятамон фаромӯш карда буд, дубора ба хотири мо овард”, – навиштааст Полосин.
Порохова соли 1975 бо як марди суриягӣ издивоҷ намуда, дар шаҳри Димишқи Сурия зиндагӣ ихтиёр карда буд. Маҳз дар ҳамон ҷо ӯ дини Исломро қабул кард ва ба худ номи Имонро интихоб намуд. Дар Сурия ба тарҷумаи Қуръон сар карда, ниҳоят соли 1991 ин кори худро ба анҷом расонид.
Ҷанозаи Имон рӯзи 4-сентябр дар масҷиди марказии Маскав баргузор гашт.