formula
Одам-тортанак аз ошёнаи 32-юм афтид
6436

 

«Аз ин пас ширкати синамогарии Marvel Studios филмҳояшро бо иштироки Одам-анкабут ба навор намегирад»-хабар додааст маҷаллаи иттилоотии Variety.

Аз ҳамкорӣ бо ширкати Marvel даст кашидани Одам-тортанакро роҳбари ширкати Sony Pictures-Тони Винчикерра низ дар нишасти "Фарогат ва технология" тасдиқ намуд.

Ҷон Уоттс пас аз наворбардории филмҳои фантастикии хеле машҳури “Одам-анкабут” ва “ Одам-анкабут: Бозгашт ба хона” бо сабабҳои барои оммаи мардум номаълум аз ҳамкорӣ бо Sony Pictures даст кашид, аммо нақши асосӣ бар дӯши Том Ҳолланд боқӣ мемонад.

Ёдрас мешавем, ки шурӯъ аз моҳи августи соли равон Walt Disney Company ва Sony бо Одам-анкабут ихтилоф доштанд. Сабаби асосии вайрон шудани ҳамкорӣ нофаҳмиҳо дар боби тақсими фоидаи аз ин филм ба даст омада гашт. Тибқи оиннома мебоист Sony Pictures панҷ фоизи даромади филмро ба Walt Disney Company медод, аммо байни онҳо барои маблағ моҷаро бархост.

Тибқи маълумотҳои навтарин ширкати Walt Disney баъди баҳсу талошҳои зиёд ниҳоят тавонист бо Sony, ки ҳуқуқи муаллифии ба қаҳрамон молик буданро дорад, шартномаи нави ҳамкорӣ бубандад. Ширкатҳо дар бораи сабти қисми сеюми сеюми “Одам-анкабут” ба мувофиқа расиданд.


«Бачаҷон, келинпошшоро гирифта биёр, мо зидди хонадоршавии шумо нестем. Биёед, бо никоҳи мусалмонӣ тақдиратонро бо ҳам пайвандем, баъд дар ин ҷо зиндагӣ мекунед ё дар Русия, кори худатон!

 


Мувофиқи нақша қисми нави филми “Одам-анкабуд” бо Том Холланд бояд 16-июли соли 2021 ба экран барояд, аммо як ҳодисаи фавқуллода ба амал омада, ҳамаро ба даҳшат афканд. Ҳангоми наворбардорӣ ресмон якбора канда шуда “Одам-тортанак”аз ошёнаи 32-юм афтид. Том Холландро ба бемористон бурданд, дар байни мардум бошад, миш-мишҳо пайдо шуданд, ки “Одам-тортанак” бо мақсади худкушӣ кардан худаш қасдан ресмонро бо корд буридааст.

Духтурони беморхонаи Калтурен ин овозаҳоро рад намуда, мегӯянд Том қасди худкушӣ надошт, аммо бо сабаби ба симҳои лулапеч печидани пояш аз ошёнаи 32-юм афтидааст.

Ширкати Кепо масъулияти табобати Том Ҳоланро пурра бар дӯши худ гирифта, барои аз панҷаи марг наҷот додани “Одам-анкабуд” маблағи калон сарф карда истодааст. Ин ширкат умед дорад, ки бо Том дар бораи саёҳатҳои пурасрори Питер Паркер филмҳои нав ба навро ба навор гирифта, машҳур гардад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД