Formula novemver 2024
Ношукрии падар боиси марги 4 кӯдак гашт (идомаи саргузашти талх)
2730

 (идомаи саргузашти талх)

Падару модари Камол ба хона даромадан замон шах шуда монданд. Дар байни хона чор мурда мехобид. Чор духтари нозанину бе ҷурм, чор духтаре, ки дирӯзакак лаҳни ширинашон ин хонаро пур карда, садои дилнавоз медод, якбора мурда, дар рӯйи хона сарду беҷон мехобиданд…

Ғалатӣ дар паси мизи кориаш нишаста мактубҳои ба редаксия омадаро мехонд. Дари утоқи кории ӯ кушода шуду апаи Нигина ҳашу фашкунон ворид шуд. — Ё тавба, қариб буд талхакаф шавам. Барои чӣ ту аз ман пинҳон мекардӣ? Наход росташро гуфтан мумкин набуд? Ана, омаданд, чӣ кор мекунӣ? - саволҳоро пай дар пай дода, Дард 37 ҷавобашонро интизор нашуда, аз як тараф ба тарафи дигар мокивор рафту омад карда, дастак мезад апаи Нигина. Ӯ дояи Лайлӣ буд ва ба тифли зебову солим меҳри беандоза дошт. — Кӣ омадааст, апа? Чаро ин қадар дар ҳаяҷонед? - пурсид Ғалатӣ. — Падару модари Лайлӣ омадаанд бо бибиву бобояш. Фаҳмидӣ! Мехоҳанд ӯро гирифта баранд. Чӣ кор мекунем, Ғалатӣ? Рафтем тезтар, мабодо ӯро гирифта раванд. — Чиҳо мегӯед шумо? Лайлӣ духтари қонунии ман аст, ҳеҷ кас ҳуқуқ надорад,ки вайро бе иҷозатам ба ҷое барад. Ҳарду саросема берун баромаданду сӯи хонаи апаи Нигина раҳсипор гаштанд. Дасту пои Ғалатӣ шах шуда буд. Ӯ суханони апаи Нигинаро намешунид. Лаҳзае худро бе Лайлӣ тасаввур карду ҳуш аз сараш парид. Ӯ акнун давида роҳ мепаймуд. Апаи Нигина куртаи васеи тоҷикӣ дар бар дошт. Чун роҳ мегашт, пайкараш аз гаронӣ меларзид. Зани фарбеҳи азимҷуссае буд ӯ. Аз ин рӯ давидан барояш 38 Гули Зард мушкил бошад ҳам, ҳаракат мекард, ки ҳарчи тезтар ба хонааш расад. Дар ҳавлии васеи ороста, дар оғӯши гулу раёҳин чор нафар рост меистоданд.

 


Писар таваллуд кардани Гулсара барои аҳли хонавода беҳтарин хушхабар гашт. «Хайрият, ки духтар назоидааст, набошад мисли модараш морзабон мешуд» пичир-пичир мекарданд янгаҳои Гулсара. 

 


Ғалатӣ Лайлиро дар оғӯши марди қоматбаланде диду дар ҷояш шах шуда монд. Ӯ падари Лайлиро шинохт. Модарашро низ дида буд ва лаҳзае ноумедӣ дар дилаш пайдо шуд. Ба ин нигоҳ накарда ӯ салом доду бо эҳтиром меҳмононро ба нишастан даъват намуд. Духтари апаи Нигина чой ва таом овард. Касе чизе намехӯрд. Камол Лайлиро мебӯсиду мебӯйид ва бо меҳр дар оғӯшаш дошта меистод. Ғалатӣ хост аввал ӯро бигирад, лекин баъд ба ёд овард, ки Камол падари ӯст. Лайлӣ ташнаи меҳри падарист, кош каме бошад ҳам, аз он меҳр ҳаловат барад. Бигзор дар оғӯши гарми ӯ хобад, - гӯён Ғалатӣ ба онҳо аҳамият намедод. Баъди чанде модари Камол ба гап даромад: — Ман модари ҳамин ҷавонмард ҳастам. Рафтори нооқилонаи ӯ ба сараш балои азиме овард. Яку якбора чор духтари нозанинашро аз даст дод. Ману падараш аз корҳои ӯ бехабар будем, вагарна пеши роҳашро мегирифтем. Дард 39 Раҳмат ба рӯҳи падарат. Духтари хуб будаӣ ту. Кӯдаки мардумро гирифта тарбия намудан кори осон нест, вале ту аз ӯҳдаи ин кор баромадаӣ. Ман модари ҷоҳил будам ва ҷоҳилеро ба воя расондаму имрӯз аз ҷоҳилиҳои кардаи ҷигарбандам лолу ҳайрон мондаам. Ду рӯз пеш ӯро аз банд кушодам. Фарзанди бандии худро дидану дардҳои ӯро эҳсос кардан мушкил будааст, лекин намурдам, тоб овардам. Илоҳо хонаи героинбурор сӯзаду азизаш бимирад, ки ин балоро ба сари одамият оварда, наход аз он бало худ дар эмин бошад? Ман ду моҳи дароз чор маротиба писарамро баста дар сари болинаш нигоҳубин мекардаму азобҳои ӯро дида, худ ба худ мегуфтам: - «Кош, ӯ бимирад ё ман мураму азобҳои ӯро набинам». Чун мор мепечид писарам, кабуду сиёҳ мешуд, дар банд бошад ҳам, ғел мехӯрду ҷон меканд. Дарди хурӯҷи бехудӣ пеши дарди ӯ ҳеҷ буд. Хулоса, духтари ҷон, мо ӯро табобат кардем. Ҳозир ақлаш дар ҷояш. Хатои кардаи худро фаҳмидааст ва мехоҳад онро ислоҳ кунад. Духтарашро гардонда деҳ ба ӯ. Хизмататро мекунем. Дар Душанбе хонаи 40 Гули Зард дуҳуҷрагӣ дорад, ана калидҳояш, марҳамат бигиру Лайлиро ба мо гардонда бидеҳ. Як умр хизмататро мекунем. Модари Камол калидҳои хонаро назди Ғалатӣ гузошт. Ҳамин дам апаи Нигина ба хона даромад. Ӯ суп-сурх шуда меистод. Чашмони Ғалатӣ пури об шуданд. Лайлиҷони худро чӣ тавр бо хона иваз кунад? Хомӯшии ӯ Камолро ба танг овард. Ӯ аз кисааш калиди мошинашро бароварду гуфт: — Ин калидҳои мошинам. Агар хонаро гирифтан нахоҳӣ, пас мошинамро бигир, нав аст. «Жигули»-и тамғааш 2107. Духтарчаамро гардонда деҳ, илтимос мекунам хоҳари азиз. Оби дидагони Камол шаш қатор шуданд. Лайлӣ аз хоб бедор шуду атрофиёнро саросема аз назар гузаронд. Ӯ Ғалатиро дидан баробар дастҳои фарбеҳаку зебояшро тарафи ӯ «очаҷон» гӯён дароз кард. Камол Лайлиро ба Ғалатӣ дод. Дастони хурдакаки кӯдак гардани Ғалатиро ҳалқа заданд. Модари таваллуд кардагӣ ва партофтагӣ барояш гӯё вуҷуд надошт. Аз ин дард Салима ба фиғон шуд. Ӯ додгӯён ба берун рафт. Хушдоманаш бо апаи Нигина аз қафояш баромаданд, то ки ӯро ором намоянд. Падари Камол ба Ғалатӣ рӯ оварда гуфт: — Ту ҷавон ҳастӣ. Ояндаат дар пеш аст. Ӯ мехост дили ин духтарро ёфта набераашро гардонда гирад. — Хунат покиза. Оянда дорӣ, духтарам. Писари мо хунашро ҳаром кардааст. Худо медонад, дигар фарзанди солиме ба дунё оварда метавонад ё не. Героин мағзу устухони ӯро қариб об кардааст. Ӯ яксаду сӣ килло вазн дошт. Бубин, чӣ тариқа гаштааст. Раҳм кун ба мо, илтиҷоят мекунем. Кӯдакро чун гавҳараки чашм эҳтиёт хоҳем кард. Мо писарамонро бо келинамон ба ватанамон Озарбойҷон мебарем. Набераамонро худамон тарбият хоҳем кард. Ӯ ҳеҷ гоҳ хор нахоҳад шуд. Ту метавонӣ омада аз ҳолаш бохабар шавӣ. Роҳпулиатро худамон мефиристем. Як фикр кун, даррав не нагӯ, ҷони дадош, илтимос… Ғалатӣ ҳайрон монд. Ӯ намедонист чӣ гӯяд. Лекин медонист, ки на хонаро мегираду на мошини сабукравро. Лайлӣ барои ӯ аз ин чизҳо ҳазорон маротиба қиматтар буд. Аммо 42 Гули Зард чӣ тавр одамони боумед наздаш омадаро наранҷонад? Ноумед гардонидани онҳо барояш санги гароне бар дӯшаш буд. Чӣ гӯяд? Чӣ гуна роҳ ёбад ба сӯи қалби ин одамон. Аз Худо мадад ҷуст. Баробари ба хона даромадани ҳамсари Камол ва модараш апаи Нигина бари Ғалатӣ нишасту Лайлиро гирифта ба берун бурданӣ шуд. Лайлӣ «ҷӣ-ҷӣ» гӯён дод мегуфт. Ғалатӣ шарм медошт, ки синаашро бароварда ӯро маконад. Чун Лайлиро ба берун бурданд, баъди чанде ӯ хомӯш шуд. Ғалатӣ бошад канда – канда ба сухан даромад. — Барои чӣ дар чормоҳагӣ ё ҳаштмоҳагиаш наомадед? Ӯро сухангӯву раҳгардон кардам, ба ман меҳру муҳаббати беандоза пайдо кард. Бе ман чӣ тавр ӯ зиндагӣ хоҳад кард? Ё ман бе ӯ чӣ кор мекунам? Ҳанӯз вайро мемаконам. Чӣ кор кунам, ки наранҷед? Набояд ин ҷо меомадед. Аз куҷо ва чӣ тариқ маро ёфтед? — Фарроши ҳамон таваллудхона ҳамсояи Камол аст. Вай ҷои истиқомату ному насабатонро навишта гирифта будааст. Мо ба ӯ Дард 43 каме пул додем, даррав суроғаатро ёфта дод, - гуфт модари Камол ва боз илова кард: — Медонӣ чӣ, нозу нузи бисёр накун, фаҳмидӣ. Ту ҳам модар дорӣ, ӯро ба ёд биёр. Ҳазор накунӣ модари Лайлӣ Салима аст. Рӯзе мерасад, ки онҳо якдигарро меёбанд ва ту дар байн ҳайрон хоҳӣ монд. Беҳтараш ҳозир ҳаққатро гиру аз баҳри ин кӯдак гузар. — Модар, аз баҳри ин кӯдак як бор гузашта буданд, магар ҳамин кам аст, ки боз ман аз баҳри ӯ гузарам? Боре бо амри писари Шумо ин тифли бегуноҳро хор карданӣ буданд, Худо ба ӯ раҳм кард, магар ҳамин кифоя нест. Ба ман хона ва мошини шумо даркор нест. Духтарамро намедиҳам. Ҳама хомӯш монданд. Зоғони сиёҳ қарқаркунон дар осмон пайдо шуданд. Ғалатӣ намедонист, ки он зоғҳо ғаму дарди бузурги дар пеш бударо ба ӯ хабар медиҳанд ё...

 Анҷом

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД