sebiston july new
Модар не, аждар
10.11.2019
Фарзона
2879

 Акрам рӯзи дароз даводав карда, сахт хаста шуда буд, вале аз чӣ бошад, ки чашмонаш майли хоб кардан надоштанд. Дилаш аз пешомади ногуворе гувоҳӣ медод.


Симои зану фарзандонашро ҳеҷ аз пеши чашмаш дур карда наметавонист. Ба торикии шаб нигоҳ накарда мехост ба роҳ барояд, вале ронандаи камазро кайҳо хоб бурда буд.«Худоё, чаро дилам ин қадар сиёҳӣ меорад?» меандешид худ ба худ Акрам.Ногоҳ садои занги телефон баланд шуд. Акрам осемасар гӯширо бардошта, овози гиряолуди занашро шунид:

-Акрамҷон, илтимос ба ягон рафиқатон занг занед, омада моро ба хонаи падарам барад. Модаратон аз нисфирӯзӣ ин ҷониб бо мо ҷангу ҷанҷол доранд. Сабр карда лаб зери дандон гирифтам, вале қаҳрашон паст нашуда, тамоми ҷиҳози хонаро ба берун ҳаво дода истодаанд. Оинаву дарҳои мебелро шикастанд…

Акрам ҳарфе назада гӯширо хомӯш кард ва рақамҳои дӯсти даврони кӯдакиаш Саидро чид. Саид ба ташвиш афтида сабаби дар як паси шаб занг заданашро пурсид. Акрам масъаларо фаҳмонда хоҳиш кард, ки рафта зану бачаҳояшро бо кӯчашон ба хонаи хусураш барад.

Акраму Саид ҳанӯз замони мактабхонӣ аҳди дӯстӣ баста буданд ва ҷӯрааш бо ҷону дил розӣ шуда аз пайи иҷрои хоҳиши ҷӯрааш рафт.

«Оҳ модар, наход бегонаҳо маро дӯст доранду ту ба ман раҳм надошта бошӣ-а?! Боварам намеояд, ки модар ба ҳамин андоза сангдилу беинсоф мешудааст» пичиррос зад зери лаб Акрам ва дона-дона ашки шӯри чашмонаш рӯи рухсораш рехт.

 

Найрангҳои Гулсара

Модари Акрам Гулсара аз рӯзи нахустини зиндагӣ бо шавҳараш муросо карда натавонист. Дағалгуфтору сергап буд Гулсара ва мард дар айёми ҷавонӣ аз вақ-вақи зан худро пир кардан нахоста талоқашро дод. Он замон Акрами бетолеъ дар батни модараш буд. Гулсараро беандешагиҳояш либоси сиёҳи бевагӣ пӯшонду бо шиками дамида дубора пушти дари падар омад. Волидони шӯрбахт ҷуз қабул кардани духтарашон илоҷи дигар надоштанд. Ҳеҷ падару модар тоби дидани бахти сиёҳи фарзандашро надорад, волидони Гулсара низ бо шунидани бева шудани духтарашон ҷигархун гаштанд. Бечора модараш шабу рӯз барои бахти шикастаи Гулсара ашк мерехту пеши худованд менолид, ки чаро аз миёни шаш фарзанд, танҳо духтараш Гулсара ҷоҳилу беандеша баромада, оқибат аз касофатии морзабониаш хонавайрон шуд.

 

Беваи шаттоҳ

Аз захми забон оқибат бадбахт гаштанаш ба ҷавонзан панд нашуд, озор додани модару янгаҳо амали ҳаррӯзаи Гулсара гашт, баъдтар гуноҳи азимтареро содир намуд ин бевазани шаттоҳ!

 

Тифли умед

Писар таваллуд кардани Гулсара барои аҳли хонавода беҳтарин хушхабар гашт. «Хайрият, ки духтар назоидааст, набошад мисли модараш морзабон мешуд» пичир-пичир мекарданд янгаҳои Гулсара. Бобои наберадӯстдор писарчаи зебои нав ба дунё омадаро Акрам ном гузошт. Тифлак гӯё аз пешомади бадаш огоҳ бошад, нигоҳи бисёр раҳмовар дошт ва бо алам гиря мекард. Аслан гиряи кӯдак раҳми модарро меораду фарзандашро навозишкорона ба оғӯш мегирад, мебӯсад ва ба ором намуданаш кӯшиш мекунад, вале Гулсара баръакс кӯдакаш гиря кунад, бо ғазаб мезад ва фиғонашро баландтар мекард.

 

Фарзандбезор

Рӯзе бо баҳонаи ба хонаи дугонааш рафтан Гулсараи бачабонӣ ба ҷонаш зада Акрамро бурда ба ятимхонае супурду бегоҳ бо лаби хандон ба хона баргашт. Бобою бибиаш дарҳол Акрамро пурсиданд. «Бачама фурӯхтам» хунсардона ҷавоб дод Гулсара.

Кампираку мӯйсафед ба ғазаб омада, борони ҳақоратро ба сари духтари аблаҳашон рехтанд. «Занҳои кӯдакдорро ягон кас намегирад. Ба хотири бача шуда, даврони ҷавониамро бо сағерабонӣ гузаронидан намехоҳам» паст наомад Гулсара.

Падари Гулсара Сулаймон аз ин амали сангдилонаи духтараш сахт андӯҳгин гашт. Чеҳраи зебову нигоҳҳои маъюсонаи Акрами ширинрӯяк аз пеши чашми бибию бобо дур намешуд. Сулаймон ҳамеша дар фикри он буд, ки набераашро дар куҷо ҷустуҷӯ кунаду аз куҷо пайдо намояд. Кампиру мӯйсафед шабҳо то саҳар ёди набераашонро намуда мегуфтанд: «Ҳеҷ кас бовар карда наметавонад, ки модар бо дасти худаш кӯдакашро ба ятимхона супорад. Магар ин Гулсараи гурсӯхта фикр накард, ки Акрами хурдакак ба навозиш ниёз дораду ҳанӯз аз оғӯши модар сер накардааст?


Ҳамеша шабу рӯз оби дида мерезам ва дар рӯйи ҷонамоз даст сӯйи осмон бардошта аз худованд илтиҷо мекунам, ки ҷазои аммаи тӯҳматчии бахтсӯзамро диҳад!


Чаро андеша накардааст, ки зани бегона кӯдаки ҳанӯз роҳ намегаштаро чӣ хел нигоҳубин мекунад. Наход дилаш барои писараш ягон бор гум назанад-а?! Сер ё гурусна, хоб ё бедор будани тифлакаш ягон бор ба ёдаш зада, дилашро ба ларза меоварда бошад?! Аҷиб, чӣ хел нон аз гулӯяш мегузарад? Магар тоб овардан ба дурии пораи ҷон осон аст?» Кулвори саволҳои беҷавоби чолу кампир торафт пур мешуд, вале модари фарзандбезорро на парвои тифли партофтааш буд, на ғами падару модар, саргами айшу нӯши худ буд ҷавонзани танноз.

Бахти дуюм

Қисса кӯтоҳ Гулсара дубора ба шавҳар баромад. Сулаймонро ҳанӯз ҳам ёди наберааш Акрам азият медод ва пинҳонӣ аз духтари шаттоҳаш аз домоди наваш Ризо хоҳиш кард, ки набераи гумгаштаашро пайдо намояд.

-Ризо писарам медонам, ки зан сирру асрори дилашро танҳо ба шавҳараш мекушояд. Дили Гулсараро нарм карда, дар куҷо будани писарашро пурс. Бачаҷон, агар набераамро пайдо кунам, натанҳо дар ин дунё, дар қиёмат ҳам аз ту розӣ мешавам, қатраҳои ашки рӯйи риши сап-сафедаш шоридаро пок намуда, илтиҷо намуд мӯйсафед.

Ин манзара Ризоро ба ёди ҳамсари ҷавонмаргаш Нозанин бурд. Бечора чӣ қадар барои фарзанддор шудан талош карду хуни дил хӯрд, вале ба муроди дилаш нарасида, оқибат орзуяшро бо худ таги хок бурд.

«Аҷаб дунёе, яке дар ҳасрати фарзанду дигаре аз фарзанд безор» меандешид худ ба худ Ризо.

Падарандари беҳ аз падар

Ризо марди раҳмдилу меҳрубон буд ва тақдири тифле, ки волидонаш зиндаю дар ятимхона умр ба сар мебарад, ӯро ором намегузошт. Коре карда ҷою макони Акрамро пайдо намуд. Кӯдак аллакай роҳгардон шуда буд ва кам-кам гап мезад. Марди дар орзуи фарзанд ба чеҳраи чун барф сафеду забони ширини Акрам мафтун шуда тифлакро меҳри падарӣ бахшид. Ҳар рӯз ба дидорбиниаш меомад ва сарашро навозиш карда кӯдаки ташнаи меҳрро ба оғӯшаш пахш менамуд. Худоро шукр мегуфт, ки то ин замон Акрамро касе ба фарзандхонӣ нагирифтааст.

Қасами модари аблаҳ

Сулаймону Ризо аз ин лутфи офаридгор сипосгузорӣ мекарданд, вале домоду хусур тифлакро ба хона оварда наметавонистанд, зеро Гулсараи сангдил қасам ёд карда буд, ки агар кӯдакро ба хона биёранд, вай худашро оташ зада мекушад. Дар ятимхона будани Акрамро касе намедонист. Ҳама ба дурӯғи Гулсара бовар карда буданд ва гумон доштанд, ки ин зани беимон воқеан кӯдакашро фурӯхтааст, аз ҳамин сабаб Гулсара намехост, ки дар ятимхона будани Акрамро мардум фаҳманду дубора ба назди хешу ақрабою ҳамсояҳо хиҷолатзадаю шарманда шавад.

Шикасти дубораи бахт

Дере нагузашта Ризо аз Гулсара ҷудо шуд. Сулаймон аз домодаш гиламанд набуд, зеро муносибату муоширати дағалонаи духтарашро хуб медонист. Мӯйсафед аз пешниҳоди Ризо, ки мехост Акрамро ба фарзандхонӣ гирифта аз ятимхона ба хонааш биёрад, ниҳоят хушнуд гашт. Аз ин тадбир ба ҷуз ҳарду-Ризою Сулаймон дигар касе огоҳ набуд, зеро худо накарда Гулсара аз нақшаашон хабар меёфт, балои дигареро ба сарашон меовард.

Оғӯши пурмеҳр

Бо талошҳои зиёд Ризо ба гирифтани Акрам муваффақ шуд. Аз ятимхона гирифтани фарзанд чандон осон набудааст, чанд моҳ шахсияти Ризоро санҷиданд, омӯхтанд, ҳуҷҷатҳои зиёдеро пур карданд ва билохира ба дасташ доданд. Ба хотири ин писарчаро расман фарзандхонд намудан, чӣ қадар ҷонбозию такодав намуд ин ҷавонмарди раҳмдили ташнаи фарзанд!

Ризо падарандари меҳрубон буд барои Акрам ва бачаро чун гавҳараки чашмаш азиз медошт. Шояд аз қадами неки Акрам буд, ки зани нави Ризо-Бунафша ҷавонзани меҳрубону дурандешу ботамкин баромад. Аз Ризо фарзанддор нашуда бошад ҳам, ин зан иззату ҳурмати шавҳарашро ба ҷо меовард ва кӯдаки зебои аз ятимхона гирифтаашро модарвор парасторӣ менамуд.

Солҳо ноаён гузаштанду Акрамро калон карда, хонадор намуданд. Зиндагии хушбахтонаи онҳо ҳаваси ҳамсояҳоро меовард ва касе эҳсос намекард, ки Акрам фарзанди Ризо набуда, барои ин зану шавҳар тамоман бегона аст. Акрам ба падархонду модархондаш эҳтироми зиёд дошту аз самими дил медонист, ки падару модари кунуниаш ӯро аз ятимхона гирифтаанд, вале ин ягон зарра меҳрашро кам намекард. Бо бобояш Сулаймон низ рафтуомад дошт ҷавони боандешаю хушахлоқ.

Модарат хук шавад…

Барои Гулсара бародаронаш хонаи алоҳида харида, рӯзгорашро ҷудо карданд, то аз вақ-вақи беҳудаи апаи морзабонашон халос шаванд. Аз танҳо зистани вай Акрам огоҳ шуда, андуҳгин гашт. «Падару модарат хук бошад ҳам хуб бонӣ кун» гуфтаанд, «ганда ҳам бошад, модарам аст». гӯён бачаи баномус ба хулосае омад, ки зану кӯдакашро ба хонаи Гулсара мекӯчонад, то танҳоии модарро пур созад, вале…

Гулсара бо як келин ҳам муросо карда натавонист ва кӯчу борашонро як моҳ пас аз дар берун партофт. Акрам маҷбур шуд, ки зану кӯдаконашро гирифта ба хонаи Ризо баргардад.

 

Модар ё аждар?

Акрам фикр мекунад, ки шояд модараш беморие дорад, вале ҷуръати ин гапро ба ӯ гуфтан надорад. Вай ҳанӯз бовар карда наметавонад, ки ниҳоди як зан ба ин андоза сиёҳ бошад. Кӯчу бандашро аз дар берун партофта бошад ҳам, то ҳол Акрам модарашро таъмин менамояд, вале захмҳои дилаш то ҳол шифо наёфтаанд. Акрам ҳоло ҳам ба суолҳои «Чаро модарам ин муҷозотро бар ман раво дид? Чаро маро ба ятимхона супурд? Чаро дубора суроғам накард? Чаро боре аз ҳолам напурсид? Чаро замони дастиёр буданам низ маро чун фарзанд қабул накард?» посух меҷӯяд. Муаммоҳои зиндагӣ тамомшавӣ надорад. Маҷрои дарёи пурхурӯшаш Акраму чандин акрамбаринҳоро ба гирдоби худ кашида, заҷр медиҳад. Шояд дар пасманзари чунин бераҳмиҳои модарон низ асроре ниҳон бошад, вале инро ба ҷуз холиқи пок касе намедонад! 

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД