Arzon march 2024
Ношукрии падар боиси марги 4 кӯдак гашт
6063
марди золим вақте  фаҳмид, ки ҳамсараш боз духтар таваллуд кард, ба ғазаб омада талоқашро дар беморхона дод

 

Падару модари Камол ба хона даромадан замон шах шуда монданд. Дар байни хона чор мурда мехобид. Чор духтари нозанину бе ҷурм, чор духтаре, ки дирӯзакак лаҳни ширинашон ин хонаро пур карда, садои дилнавоз медод, якбора мурда, дар рӯйи хона сарду беҷон мехобиданд. Модари Камол бо нолаи ҷонгудоз ба келинаш Салима рӯ овард:

- Росташро бигӯй, чӣвоқеа рӯй дод?

-Баъд мегӯям, модарҷон, баъд. Ҳозир мадор надорам, мехоҳам аз дидани рӯи азизонам сер шавам, - гӯён Салима рӯи духтаронашро кушод...

Доду войи сӯгворон бо дарду алам чун дуд печида, хонаро фаро гирифт. Модари Камол даст ба сари сандуқи сина зада, ашк мерехт. Ҳамон рӯз чор духтари зебо, чор булбули хушнаворо ба хок супориданд.

 


Марде бо исми Ҳоҷӣ баъди тамошои он навори видеоӣ ба ман хона тӯҳфа кард ва бо шарофати ОИЛА имрӯз ман соҳиби манзили худ гаштам. Беҳтараш биёед арзи миннатдории ин занро аз забони худаш мешунавем.

 

 

 


Баъди ду рӯзи дафн хонаро хилват дида, модари Камол ба келинаш назари саволомезе партофт. Салима бо сари хам ҳикояташро оғоз кард:

-Баъди чор духтар таваллуд карданам боз ҳомила шудам. Ҳаминҳояшро калон кунем бас, гӯён писаратон маҷбур карданд, ки ҳамламро нест кунам ва ман розӣ шудам. Баъди исқоти ҳамл фаҳмидем, ки писар будааст. Аз карда пушаймон шудем. Аз байн чанде гузашту Камол ҳаваси писар кард. Чун дар қаддам кӯдак шуд, Камол «писарамро эҳтиёт карда гард, писари ягонаи ман»-гӯён орзуҳои ширинашро изҳор мекард. Таваллуд кардам, духтар будааст. Писаратон нахост, ки ман он духтарчаи зебову солимро ба хона биёрам. Ӯро рад кард. «Забонхат навису аз ӯ даст каш», - гуфт. Ман натавонистам. Як ҳафта дар таваллудхонаи Дард 31 шаҳр хобидам. Ӯ боре ҳам аз ҳоли мо напурсид. ун ба хона омадам, роҳам надод. Гуфт, ки - «чор духтарат кам буд магар? Гум кун ӯро, вагарна ба хона даромадан намемонам!» Дар таги дар нишаста гиря кардам. Ӯ аз хона баромада маро як чанд лагад зад. Кӯдак аз дастам раҳо хӯрд ва ба зинаҳои даромадгоҳ ғелон шуд. Аз ошёнаи сеюм чӣтариқа фуромада, ба таваллудхона расиданамро дар ёд надорам. Танҳо забонхат навиштанам дар ёдам ҳаст. Чун аз таваллудхона танҳо баромадам, дилу ҷигарам месӯхт, аъзои баданам дард мекард. Ким–чиро гум кардагӣбарин парешонхотир будам, вале феъли Камолро хуб медонистам ва аз ин рӯ чашмонамро сахт пӯшида, шарму ҳаёро дар худ буғӣкарда, ба хона омадам.

-Дили ту ба фарзандат насӯзад, ман чӣ кунам? Худо худаш шоҳид. Он рӯзҳои аз дасти ту дидаам ба ман басандаанд, намехоҳам боз дӯзахи дигаре дошта бошам. Ҳаволаат ба Худо,- гуфтаму дар бало мондам. Камол маро чунон зад, ки ба беморхона афтодам.

Хотири чор духтарам баландӣкард ё барои рафтан ҷои дигаре надоштам, ки боз ба хона баргаштам. Ёди Комилаам, ёди он духтараки бегуноҳи дар таваллудхона партофтаам, маро осуда намегузошт, парешонхотирам мекард. Ҳафт рӯз сина доданҳоям, бомеҳр бӯсиданҳоямро ба ёд меовардаму месӯхтам. Чашмакони шаҳлои ӯ пеши назарам тез-тез пайдо мешуданду ақлу ҳушамро мерабуданд. Чӣхел гузаштани шабу рӯзро намефаҳмидам. Боз ҳомиладор шудам. Банди диламро ларза гирифт. Тарсидам. Мабодо инаш ҳам духтар бошад, чӣкор мекунам? Ба беморхона рафтам, гуфтанд, ки баъди ҳафтмоҳагӣписар ё духтар буданашро аниқ мегӯянд. Боз духтар! Оҳ, ин ҷумла маро кушт. Кош он рӯз мемурдам. Камол баробари таваллуд карданам якбора девона шуд. Ӯ ба таваллудхона дидорбинӣомада қатъиян гуфт:

-Тез забонхат навишта, аз кӯдакат даст каш вагарна ман дигар наздат намеоям. Ба хона ҳам роҳ намедиҳам. Феъламро медонї, барои ҳамин худат интихоб кун: ё духтарат ё ман!

-Ман ӯро интихоб кардаму аз духтари се соат пеш таваллуд кардаам даст кашидам. Хостам ба Камол гӯям, ки ҳама фарзандҳоямон ба ман монанд буданд, ин духтарамон ба ту монанд аст. Азимҷусса, ҷингиламӯй ва кабудчашм аст, аммо ӯ чизеро шунидан намехост ва ман гӯё гуноҳе азим содир карда будаму муддате ҳуқуқи гап заданро надоштам…

Рӯзи таваллуди ӯ ба ёдам расиду ғамгин шудам. Расо як сол шуда буд. Худоё, дар куҷо бошад он зебояки ман? Комилаам ҳам пеши назарам омад, писари несткардаамро низ ба ёд овардаму рӯзи дароз бо алам, бо дарду ғам ба сар бурдам. Диламро воҳимае зер мекард. Аввалин бор ба ин ҳолат гирифтор шудам. Баногоҳ мураббияҳои боғчаам паи ҳам вориди утоқи кориам гаштанд. Онҳо аз ман дида парешонхотиру рангпарида менамуданд.

 

-Ҳа, чӣшуд ба шумо? Чӣин қадар меларзед?

- Раиса, кӯдакон баъди таъоми нисфирӯзӣхоб рафтаанду дигар намехезанд, - гуфт бо азоб яке аз онҳо.

-Чӣтавр намехезанд?

-Намедонам, онҳо чун мурда хобанд…

-Ту девона шудаӣмагар, чиҳо мегӯї?!

-Худатон як бинед, - гуфта мураббияҳо дав-давон маро ба назди кӯдакон бурданд… Ман фаҳмидам, ки ношукрӣману Камолро зад: дар байни бисту се кӯдаки фавтида чор нафарашон духтарони ман буданд. Баъди тафтиш маълум шуд, ки дар зарфи об аз куҷое чор ғуқи заҳрдор афтодаасту онҳоро надида бо мева ҷӯшонида шарбат карда, ба кӯдакон додаанд. Духтаракони ман аз шарбати заҳролуд ду маротибагӣнӯшида, пеш аз ҳама ҷон додаанд.

-Духтари калониатон чӣ, охир ӯ мактабхон буд - ку?

-Бале, ӯ дар мактаб мехонд, аммо баъди дарс назди ман меомад. Дар ҷои корам таом мехӯрд, ҳамон ҷо дарс тайёр мекард ва баъзан дар ҳавлии боғча бозӣкарда менишасту бегоҳӣҳамроҳ ба хона мерафтем…

Падару модари Камол аз нақли келинашон ба ҳайрат афтоданд. Онҳо намедонистанд чӣгӯянд. Оқибат падари Камол пурсид

-Он духтаракони партофтаат ҳоло куҷоянд?

-Худо худаш медонад, - гуфт Салима ва боз ба навҳа даромад. Модари Камол дастони ӯро дошта гуфт:

-Ман медонам, писарам ҷоҳилу бераҳм аст, вале ту бояд дили ӯро меёфтї, намегузоштї, ки фарзандонат ин тариқ бегона шаванд. Чаро он тифлакони бегуноҳро ба ман ё духтарони ман бурда надодї?

-Тарсидам, шарм доштам, модар. Камол алови чашмамро гирифтааст. Ман бе иҷозати ӯ қадаме гузошта наметавонам, аз рӯзи ба героин дода шуданаш ваҳшитар гаштааст. Героин майнаи сарашро хушконидааст, аммо ман дигар аз чизе наметарсам. Бигзор кушад маро, назди духтараконам рафтан мехоҳам. Шумо медонеду писари эркаву пурнозу-нузатон.

-Э, не! Ту ӯро эрка кардаї. Ман дар бачагиаш барои як гуноҳаш даҳ тасмааш мезадам, аз пояш овехта чунон азобаш медодам, ки аз биниаш хун меомад… - гуфт модари Камол.

-Худоё, шумо чиҳо мегӯед? Маълум мешавад, ки Камол аз тифлӣбо ҷаҳолат тарбият ёфта, оқибат худ ҷоҳил гаштааст. Ӯ маро бо тасма мезанад, ба пештоқи айвон пойҳоямро баста меовезад, маълум мешавад, ки ҳамаи азобҳои дидаашро дар ман месанҷидааст…

Модари Камол сархам буд, падараш дар кунҷаки хона дуқад менишаст. Салима бе гапу ҳарф, хомӯш аз хона баромад. Вақти баромаданаш фақат дари хона ғичиррос зада нола кард…

(Идомаи саргузашти талхиСалимаро пагоҳ, соати 14.00 дар сомонаи Оила интизор бошед! )

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД