Чанде пеш ба сомонаи Оила. ТЧ зане бо исми Майсара Илолиева муроҷиат намуда, аз ҳаёти пуразобаш шикоят карда буд.
Хабарнигорони мо бо мақсади шинос шудан бо вазъи зиндагии ин зан роҳи ноҳияи Рӯдакиро пеш гирифтанд. Маълум шуд, ки дар ҳақиқат Майсара бо се фарзанди ноболиғаш дар як вагони фарсуда, ки ҳатто дару тиреза надорад, ба сахтӣ умр ба сар мебарад.
Пас аз пахши навори видиоии мо дар ютуб канали сомонаи Оила бо унвони “Зиндагӣ дар вагон” нафарони зиёде ба ин зани дар чорсӯйи зиндагӣ зору танҳо монда ва се фарзанди ятими ӯ дасти ёрӣ дароз намуда, маводи хӯрока, сару либос ва маблағҳои пулӣ фиристоданд.
Субҳи имрӯз Майсара Илолиева боз дари идораи сомонаи Оиларо кӯфт, то ба кормандони сомонаи Оила ва тамоми шахсони хайрхоҳе, ки ба ӯ кӯмак расонидаанд, ташаккур бигӯяд. Илолиева мегӯяд: “Марде бо исми Ҳоҷӣ баъди тамошои он навори видеоӣ ба ман хона тӯҳфа кард ва бо шарофати ОИЛА имрӯз ман соҳиби манзили худ гаштам. Беҳтараш биёед арзи миннатдории ин занро аз забони худаш мешунавем.