Устод Сорбон, нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи ҷоизаи ба номи Рӯдакӣбо ҳамсарашон Ҷӯраева Зӯҳро инак, 55 сол мешавад, ки зиндагӣдоранд.
Ба муносибати зодрӯзи устод ва тӯйи изумрудиашон бо онҳо сӯҳбате доштем ва сирри оилаи муваффақашонро пурсидем.
-Устод, ҳамсаратон хеши шумо ҳастанд?
-Ҳамсари ман дар ягон ришта бо хуни мо пайвандӣ надорад. Ман ӯро, ки ҳоло ба қавли падарам келинчак мегӯяму агар зӯр ояд, қозикалон, бори аввал дар таги чодар дидам. Арӯси маро падару модарам хуш карданд, онҳо 7 пушти ӯро медонистанд. Ман аз Душанбе ба деҳа рафтаму ба шикор баромадам. Аз шикор оям, падару модарам шиносномаи маро бурда, моро ақди никоҳ бастаанд.
-Шумо ҳатто намедонистед, ки зан мегиред?
-Гап- гап буд. Имрӯз фарзандон сарҳӯй шудаанду носанҷидаю нодида зан мегиранд ва намедонӣ, ки ӯ кисту зиндагиашон то кай мепояд. Замони мо дигар буд. Ҳамдигарро надида гирифта бошем ҳам, 55 сол боз зиндагӣ дорем, фарзанду набераву абераву чабераҳоямон аз 50 нафар гузаштанд. Нисфаш дар Амрикову Русияву дигар мамолики дунё, нисфаш ба Амондара рафтанд, то чароғи бобоиро фурӯзон нигоҳ доранд.
-Он замон расм буд, ба мӯд даромада буд, ки касе мехост муваффақ шавад, зани рус мегирифт, то ба доираҳои баланд барояд. Дарҳо ба рӯяш боз шаванд. Шумо чунин тасмим нагирифтед?
-Ман на танҳо аз русу тотору яҳудӣ, балки намехостам ҳатто аз деҳаи бегона зан гирам. Мехостам, ки аз деҳаи худамон бошад. Шину хез, расму русум, рафтору кирдораш барои мо ошно бошад.
-Ҳамсаратон маълумоти олӣдоранд?
-Не.
-Баъд, дар тӯли зиндагӣдушворӣнаовард?
-Рӯзгори мо суннатии аслии тоҷикӣ буд. Мард вазифааш овардан, зан вазифааш тарбияи фарзандон ва ба низому танзим даровардани овардаҳои ҳамсар. Фарзанд набояд дар кӯча монад, набояд аз дигарон лаънат шунавад, танбеҳ бинад, балки бо расму русуми аҷдодӣ тарбия гирад.
-Шумо эҷодкор ва яке аз нависандаҳои сермаҳсули адабиётамон ҳастед? Бори гарони зиндагӣба души ҳамсаратон буд?
-Ман одате дорам, ки агар дар вақти корам ягон тақу туқ шавад, парешон мешавам. Мо аз 23 солагӣ фарзанддор будем. Ман тамоми умр барои худ гӯшаи хилват меҷустам, то ба ман халал нарасонанд. Аввал дар кӯчаи Орҷоникидзе ба мо як кулба доданд. Хонаи финӣ. Бачаҳо ду-се то шуданду кор кардан душвор гашт. Аз гӯшаи бино сим кашида барои худ хилватгоҳ сохтам, вале он ҷо ҳамсояҳо маро парешон карданд. Ҳамроҳи Отахон Латифиву Лоиқ маслиҳат карда аз Харангони Варзоб як замини подахобравро гирифем ва он ҷо як кулбача сохтем. Аз «Ҷӯгӣ»-ву «Зарафшон» сар карда, боқӣ ҳама асарҳоямро дар ҳамон ҷо навиштам. Меомадам хонагиҳоро хабар мегирифтаму боз мерафтам. Ҳозир ҳам ин одатам ҳаст, хонаи дуошёнаро ба аҳли оилаам монда худам дар гӯшаи ҳавлӣяк кулбача сохта рафтам.
-55 сол пеш ва имрӯз. Миёни ин фосила чӣфарқият ҳаст?
-Ҳама чиз ҳамон аст, ки буд. Фарқ ҳамин ки агар он вақт тамоми меҳру муҳаббаташ ба ман буд, ҳоло барои фарзандону набераҳост. Фарзандонамон ҳамаашон маълумоти олидор. Як қисматашон дар Амрико оила барпо карданд. Баъде, ки фарзандон паррончак шуданд, очаи бачаҳо гуфт, ки ман дар хона зиқ мешавам. Як ҳамсояамон дар корхонаи зардӯзӣкор мекард. Очеш ин касбро омӯхт. Аз духтари калонамон то абераи кӯчакамон барои ҳама либоси зардӯзӣмедӯзад. Ҳамаро зарпӯш кард.
-Фарзандонатон дар Амрико оилаи амрикоӣкарданд ё тоҷикӣ?
-Агар гӯем, ки афғонҳо тоҷик, пас ду нафар набераҳо аз тоҷикҳо. Арӯси писарамон аз хуни якҷояи тоҷику ӯзбек, тӯяшонро оварда ин ҷо гузарондем. Писарҳояшонро хатна кардем.
-Байни шумову ҳамсаратон ҷанг шавад, ки аввал оштӣмекунад?
-Мо ҷанг намекунем, дар рӯзгор онро ғурру фиш мегӯянд.
-Ягон бор ба сари ҳамсаратон даст бардоштаед?
-Не, ягон гуноҳ накардааст, ки ба задан бурда бошад. Аз ҳад гузаронад, «ту чи хелин одам?» гуфта дод мезанам.
-Ҳамсаратон ҳунарманд ҳастанд? Мақсадам дар пухтупазу духтану…?
-Ҳоооо.
-Як бори дигар тавлид мешудед, боз ҳамин ҳамсаратонро мегирифтед?
-Мегирифтаму камтар дигархелатар тарбия мекардам. Камтар касби маро ёд мегирифту ба ман дастёр мешуд.
-Янга асарҳои шуморо мехонанд?
-Мехонад, аммо вақтҳои охир чашмаш каме азоб медиҳад… ин пирӣ нест, ман дар симои ӯ ва худам ҳанӯз пириро намебинам
-Дар ягон асаратон симои он кас ҳаст?
-Дар «Занги аввал».
-Ба шумо рашк мекунанд?
-Сахт рашк мекунад, то ҳол. Хаёлаш, ки ман аз дар набароям…
-Шояд шумо ягон маротиба «повод» додаед?
-Не. Баъзан рашкаш беҳуда. Зиёд рашк кард, сабаб пурсидам, гуфтам, ки чаро рашк мекунӣ. Гуфт «дӯст медорам…»
Зӯҳро Ҷӯраева:
8 маълумоти олӣ ва 1 докторӣ дорам
-Ҳамсари устод Сорбон будан чӣ хел аст?
-Барои ман ифтихор аст. Устод одами нағз, дилашон соф мисли кӯдак. Ҳамин хел тақдир шуд, ки мо шаби таваллудашон тӯй шудем. 55 сол боз зиндагӣдорем ва мехоҳам боз 55 соли дигар бо ҳам зиндагӣкунем.
-Устод гуфтанд, ки шуморо бори аввал дар таги чодар дидаанд…
-Рост. Мо дар як мактаб мехондем, вале ҳамдигарро надида будем. Ман духтари шармгин будам. Падарам марди бообрӯи деҳа буданд. Мо хеш нестем. Ин кас маро дар таги чодар дида бошанд, ман умуман надидаам, тамоман нигоҳ накардам. Он вақт ман 18- сола будаму ин кас 21- сола. Намедонам, мардум чӣ фикр доранд, аммо ба андешаи ман ҷавонҳо бояд барвақт хонадор шаванд, чунки духтару бачаро гавҳари чашмашон пӯшида аст, зуд ба якдигар меҳр мебанданд. Шукр, модари 10 фарзанд шудам. Дутоаш нобуд шуд, 8 фарзанди дигар дорам, ҳамаашон маълумоти олидор. Жемпербофӣ, зардӯзӣ, дӯхтан, пухтупаз ҳамаро ба фарзандон ёд додам. Духтарҳо шавҳар кардагӣ, ҳоло ҳам баъзан занг зада тарзи пухтани хӯроку хӯришҳоро мепурсанд.
-Устод нависанда, дилашон нозук. Ба корашон халал расонидан лозим не. Барои шумо душвор набуд, зиндагӣбо ин кас?
-Аз аввал одат кардем. Вақте ки домулло кор мекунанд, бояд дар хона касе баланд гап назанад. Як маротиба хона меҳмон омад. Зани устод Лоиқ пурсиданд, ки бачаҳо канӣ? Гуфтам, ки ҳамаашон дар ҳамин ҷо ҳастанд. Дар ҳайрат монданд, ки шумо ҳашт фарзанд дореду хонаатон ором, аммо мо якто дорем, вале хонаамон мағал. Ҳама фарзандонамон дар мактаби 53 мехонданд, фақат писари кенҷагиамон Ҷовидон мактаби президентиро хатм кард. Шукр, фақат аз пушти фарзандонам таъриф шунидаам. Муаллимаҳояшон маро дӯст медоштанд. Сад шукр.
-Шумо аз деҳа омадед. Маълумоти олии донишгоҳ надоред, аммо ҳамеша дар паҳлӯю ҳамсоягии бузургон зистед, онҳоро меҳмон кардед, хӯрок пухтед, бароятон душвор набуд?
-Барои ман душвор набуд. Зани қобил бошад, ҳамаро саришта мекунад. Аввал пушти «Роҳат» мешиштем, он ҷо хонаи артистону одамҳои шинохта буд, баъд ба пушти Иттифоқи нависандагон кӯчидем, он ҷо ҳам хонаи нависандагон. Ба ин ҷо омадем, ин ҷо ҳам хонаи нависандагон. Фақат бо бузургон зистем. Ман дар ҳамин ҷо ҳам бекор нашиштаам, тамоми чокҳои бачаҳоямро худам медӯзам, мепӯшонам.
Як ҷо рафтем, аз ман пурсиданд, ки шумо маълумоти олӣ надоред? Гуфтам, ки 8 маълумоти олӣва як докторӣ дорам. Гуфанд чӣ хел? Гуфтам, ки 8 фарзандам маълумоти олидору домулло барои ман докторӣ…
-Кадом хислати устод ба шумо писанд не?
-Маъқул намешуд, 55 сол зиндагӣмекардем- мӣ?
-Ягон вақт байнатон ҷанг шавад, ки аввал оштӣмекунад?
-Домулло оштӣ мекунанд. Ягон шӯхӣ мекунанд, ягон байт мехонанд, бо ҳамин оштӣ мешавем. Америка рафтем, он кас телефон карда пурсиданд: Очеш Амрико нағз ё Душанбе? Гуфтам, ки Амондара.
-Рашк доред?
-Одаме, ки рашк надорад, дӯст намедорад. Рашк нишонаи дӯстдорист!
-Устод ба шумо чӣ туҳфа мекунанд?
-Вобаста ба вазъияташон… беҳтарин туҳфа барои ман ин саломатӣ ва тансиҳатии фарзандону наберагон аст.