Sebiston new 2024 october
Бо чор фарзанд худкушӣ мекунам!
5702

 

Дарди дили зане, ки имрӯз дар чороҳаи қисмат саргардон аст ва намедонад сарашро ба куҷо зада, аз кӣ мадад пурсад.

Ҳофизро аз ҷонам бештар дӯст медоштам. Ин ҷавони рустамбозуи хушқаду қомат маро бо суханони ширин ва лутфу меҳрубониҳояш асири доми ишқи хеш гардонида буд.

Мо мисли Лайлию Маҷнун лаҳзае тоби ҷудоӣ надоштем. Волидони Ҳофиз аз ишқу муҳаббати мо огоҳӣ ёфта, ба хонаамон хостгорӣ омаданд ва маро бо тӯю тамошо келин карда ба хонаашон бурданд. Пас аз як соли зиндагии ширин ва пур аз меҳру муҳаббат Худованд ба мо тифлаки зебоеро ҳадя намуд. Ману Ҳофиз аз бахти баланди хеш болида шаб то саҳар сари гаҳвораи фарзандамон шабзиндадорӣ мекардем. Он шабу рӯз дар дунё аз ман зани хушбахттаре набуд, вале…

Афсӯс, ки роҳи зиндагӣ тахту ҳамвор набудааст. Баъд аз соҳиби ду фарзанди дигар гаштан маро низ тақдири бад пеш омада, шавҳари ошиқи шайдоям ишқи нав ёфт. Маҷнуни ман акнун душмани Лайлии хеш гашта буд ва сояи маро аз девор метарошид. Ҳофиз шабҳо дер ба хона меомад ва “забони ғару дузд дароз” гуфтагӣ барин, бо ҳар баҳона бо ман ҷанҷолу пархош мекард. Кор ба ҷое расид, ки мо дигар ҳатто як рӯз бе ҷангу ҷанҷол зиндагӣ карда наметавонистем. Ин ҳол қариб як сол идома ёфта, аз ҷангу ҷанҷолҳои пай дар пай ва бемаънӣ асаби ҳардуямон батамом хароб гашт. Рӯзе шавҳарам писарамро ҳамчун қосид ба назди ман фиристода гуфтааст: “ Рафта ба модарат гӯй, ки ман ӯро талоқ кардам!” Бо шунидани ин сухан дунё дар назарам тираю тор гашт, вале аллакай кор аз кор гузашта буд ва оби рехтаро дигар бардошта намешуд. Ҳамин тавр хонаи бахтам вайрон ва фарзандонам зиндаятим гаштанд. Баъдтар шунидам, ки Ҳофизи булҳавас бо духтари ҷавоне дар маркази ноҳия хонадор шуда будааст. Рафтори шавҳарам шояд ба ман ин қадар сахт намерасид, агар аз ман беҳтареро меёфт, вале аламовараш он аст, ки ин марди бе нангу бе номус аз баҳри гул барин зан ва чор фарзанди нозанинаш гузашта, домони як духтари шаттоҳро гирифт. Аз ин ҳодиса нав як сол сипарӣ шуда буд, ки “болои сӯхта намакоб” гуфтагӣ барин, ба сари мани берӯзӣ боз як бадбахтии калон омад. Писари калониям ҳамроҳи рафиқонаш ба тоза кардани гирду атрофи қабристон рафтааст. Яке аз ҷӯраҳояш мореро медорад ва ҳазл карданӣ шуда, онро ба гардани писарам мепартояд. Писарам тарсида худро қафо мекашад ва ба қабри чӯкидае меафтад. Ҳамсинфонаш ӯро аз гӯр кашида баровардаанд, вале бар асари сахт тарсидан рӯзи дигар аз ҷояш хеста натавонист. Барои табобат кардани фарзандам сарамро ба сад дар задам, аммо на доруи духтур ба дардаш дармон гашт ва на даму дуои муллою табибони халқӣ.


Нозияи Кароматулло дар бораи кӣ будани шавҳараш гуфт, барои донистан метавонед ба ин ссилка ворид гардед!


Падараш аз ҳоли писарам воқиф гашта ба хона омад ва бо ваъдаи дар хориҷа табобат кардан ӯро ҳамроҳи худ бурд. Зани дуюмаш аз нияти ӯ воқиф гашта қиёматро қоим кардааст, ки ту барои беваю сағераҳоят пул сарф мекунӣ. Ҳофиз аз тарси занаш писарамро ба ягон ҷо набурда, чанд рӯз пас дубора ба хона овард. Ба тақдир тан дода ният кардам, ки худам пул ҷамъ карда, писарамро ба хориҷа мебарам ва табобат намуда ба по мехезонам. Бо умед шабу рӯз меҳнат карда каме маблағ ҷамъ кардам, вале вақте барои ба хориҷа бурдани писарам ба табибон муроҷиат намудам, натиҷаи ташхисҳоро дида гуфтанд, ки беҳуда овора нашавам, ягон олими соҳаи тиб фарзанди маъюби маро ба по хезонда наметавонад. Ин гапро шунида дасту дилам аз дунё хунук шуд. Ба писаракам, ки бо ранги заъфаронӣ дар бистари беморӣ мехобид, менигаристаму дилам хун ва ҷигарам пора-пора мешуд. Ҳофизи фарзандбезор ҳатто як бор занг зада намепурсид, ки писари бемори ман чӣ ҳол дорад. Ғаму дарди худам магар кам буд, ки рӯзе зани дуюми шавҳарам ба сарам омада, мӯю рӯямро канд. Хайрият, ки ҳамсояҳо ба имдодам расида, маро аз чанголи он зани шаттоҳ халос карданд, вагарна Худо медонад, ки ҳолам чӣ мешуд.

Инак, 5 сол мешавад, ки аз шавҳарам ҷудоям. Ҳофиз ба ману фарзандонаш на кӯмаки молӣ мерасонад ва на суроғамон мекунад. Шабҳоро дар сари гулдузӣ рӯз мекунам, то чор фарзандам хору зор ва ба ҳар касу нокас муҳтоҷ нашаванд. Пайвандони шавҳарам ба ҷойи ёрӣ расондан санги осиёбро дар сари ману бачаҳоям гардон карда истодаанд. Хусурам ҳар рӯз ба сарам омада доду фиғон мебардорад, ки сағераҳоятро гирифта баромада рав, ман ин хонаро мефурӯшам. Мӯйсафед фикр намекунад, ки ман ин 4 кӯдакро аз хонаи падарам наовардаам, онҳо аз хуну мағзи писараш ва набераҳои ӯ ҳастанд. Намедонам сарамро ба кадом дар занам, охир бо 4 фарзанд кӣ маро ба хонааш роҳ медиҳад?! Шайтон васваса мекунад, ки худатро ба дарё парто ё оташ зан, вале андешаи тақдири писари маъюб ва 3 фарзанди дигарам, ки аз белибосӣ ҳатто ба мактаб рафта наметавонанд, маро аз худкушӣ боз медорад.

Хонандагони азиз, илтимос, ба мани роҳгумзада маслиҳат диҳед! Дарди диламро ба кӣ гуфта, кӯмак бипурсам?
Сокина н. Шаҳринав

Поделиться новостью
Шарҳ
(3)
Марьям 2019-09-20, 17:10
Шавхаратон Мардак набудаст хичвакт худ куши накунед ай хона набуроед ки вай зани 2 юмаша гирифта миерад кайф карда зиндаги мекунад азоба шумо кашидет рохата вай бад мебинад
Посух
кенчабой рахимов 2019-09-20, 20:11
Занеки аз якум шавхараш мебарояд вай бегап нест бад пушаймон шуда харакат мекунад ягон марди беаклро ефта ба зиндаги вай ворид шавад бо гапхои мулоим уро фиреб дихад барои хамин хам хохари азиз ботамкин бошед хаволаша ба худо кунед худованд хеч касро бенасиб намондааст.сабр даркораст вакт нишон медихад.худованд нигахбонатон бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(3)
Марьям 2019-09-20, 17:10
Шавхаратон Мардак набудаст хичвакт худ куши накунед ай хона набуроед ки вай зани 2 юмаша гирифта миерад кайф карда зиндаги мекунад азоба шумо кашидет рохата вай бад мебинад
Посух
кенчабой рахимов 2019-09-20, 20:11
Занеки аз якум шавхараш мебарояд вай бегап нест бад пушаймон шуда харакат мекунад ягон марди беаклро ефта ба зиндаги вай ворид шавад бо гапхои мулоим уро фиреб дихад барои хамин хам хохари азиз ботамкин бошед хаволаша ба худо кунед худованд хеч касро бенасиб намондааст.сабр даркораст вакт нишон медихад.худованд нигахбонатон бошад
Посух
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД