Ман Калонова Мӯътабар, сокини шаҳри Хуҷанд. Як зани танҳо ҳастам бо 5 фарзанд, ки яке аз онҳо маъюб буда, дар хонаи иҷора зиндагӣ дорем. Бояд қайд намоям, ки як фарзанди 34-солаам бемории сирози ҷигар дорад ва фарзанди маъюбамро бошад, ман соли 2000-ум бо сабаби оне, ки модари худаш ӯро дар кӯча партофта буд, гирифта калон кардам.
Аз соли 2015 ҳамчун эҳтиёҷманд барои гирифтани манзили зист дар навбатам, вале то ҳол касе ба доди ман нарасид. Фарзанди маъюбам 280 сомонӣ ва худам 130 сомонӣ нафақа мегирем, ки барои рӯзгузаронӣ ва пардохти маблағи иҷора кифоя нест. Чанд маротиба ба худи Ҷаноби олӣ мактуб навиштам, вале ҳар бор аз идоращои дахлдор ба ман ҷавоби қонеъкунанда намедиҳанд.
Мехоҳам номаи ман ба дасти худи Президент расад, то барои гирифтани манзили зист ба ман кӯмак кунанд. Аз шумо кормандони сомонаи «Оила» умеди калон дорам. Боварӣ дорам, ки дарди дили мани танҳоро мефаҳмеду бетарафӣ зоҳир намекунед. Агар номаи маро чоп кунед, сарам ба осмон мерасад.
Рақами телефон: 929990177