Sebiston new 2024 october
Хӯҷанд: Чаро духтари муаллима худро ба дор овехт?
5437

Худкушии ҷавонону наврасон дар Вилояти Суғд сол то сол бештар авҷ мегирад. Боз як ҳодисаи нохуш дар маҳаллаи Обшорони Хӯҷанд ба вуқуъ пайваста, боиси марги як духтараки 18-сола гашт...


Боз як хона дар Вилояти Суғд мотамсарой гашт.
Боз як модар дар шаҳри Хӯҷанд аз ғами фарзанд зор-зор менолад.
Боз як духтари Суғдӣ, ки аз сад гулаш ҳанӯз як гулаш нашкуфта буд, ин олами бевафоро абадан падруд гуфт!
Ин ҳодисаи ғамангез шоми 9-уми феврал ба вуқуъ пайваста, Фарзонаи 18-сола, ки духтари яккаву ягонаи хонадон буд, даст ба худкушӣ задааст. Маъмулан, наврасону ҷавононе даст ба худкушӣ мезананд, ки дар оилаҳои нопурра ба воя расидаанд ва ё зиндагии қашшоқонаи пур аз ранҷу азоб доранд, аммо Фарзонаи ғуррамарг дар оилаи зиёӣ ба воя расида, духтари яккаву ягона ва нозпарварди аҳли хонадон буд. Модараш муаллима, таълиму тарбиятдиҳандаи насли наврас буда, ҳамеша кӯшиш ба харҷ медод, ки барои чаҳор фарзандаш тамоми шароитҳои замонавиро фароҳам оварад. Фарзона, ки байни се бадародар духтари яккаву ягона ва эркаву нозпарварди модар буд, гули чизро хӯрда, гули чизро мепӯшид. Ҳамсолонаш ба Фарзона ҳасад мебурданд. Касе интизор набуд, ки ин духтараки чеҳрахандон рӯзе қасди худкушӣ хоҳад кард, аммо шоми 9-уми феврал, тахминан соатҳои яки шаб Фарзона дар манзили истиқоматиашон худро ба дор овехт.


 ДАР ИШҚИ ЛАҚАЙБАЧА ОБУ АДО ШУДАМ...


Дар байни мардум миш-миш аст, ки Фарзона баъди як моҷарои оилавӣ худро ба дор овехтааст, гӯё касе аз ҳамсояҳо овоза паҳн кардааст, ки духтари муаллима бо як ҷавон ишқварзӣ мекунад. Фарзона, ки духтараки бо нангу баномус буд, ба ин тӯҳмати бардурӯғ тоб наоварда, худро ба дор овехтааст. Ногуфта намонад, ки ин ҳама танҳо тахмину гумон буда, сабаби асосии сар задани ин ҳодиса ҳанӯз маълум нест....

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД